Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонаҳои насия дар Хуҷанд. Харидорон дар навбат?


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар ҳоле ки солҳои охир дар Хуҷанд биноҳои истиқоматӣ зиёд бунёд шудаву харидори онҳо кам аст, бисёр тоҷирон ба фурӯши насияи хона рӯ овардаанд.

Нахустин эълонҳои фурӯши хона аз харидор даъват мекунанд, ки омодаанд, хонаро насия бидиҳанд ва батадриҷ пули онро бигиранд.Садҳо сокини Хуҷанд ва шаҳрҳои дигари Тоҷикистон, бо сабаби камбуди пул дар даст ва бӯҳрони бонкӣ, маблағ надоранд, ки пули хонаро якбора пардохт кунанд.

Ғаниҷон Ҳакимов, сокини шаҳри Хуҷанд баъди солҳо иҷоранишинӣ ва дарбадарӣ ҳамроҳи сҳамсару се фарзанди хурдсолаш билохира имсол соҳиби манзили худ гардид. Ӯ мегӯяд, 9 сол ҳамроҳи ҳамсараш барои манзил пул ҷамъ карданд, аммо боз ҳам ин захираҳояш ба харидани хонаи дуҳуҷраӣ намерасид. Вале як дӯсти хонавода, ки раҳбари ширкати хонасозӣ аст, хонаи дуҳуҷра дар бинои 9 ошёнаро ба онҳо қисман насия дод.

“Хонаро 180 ҳазор сомонӣ, баробари 19 ҳазор доллар нарх монданд. Ман 120 ҳазорашро пардохт кардам. Гуфтанд, ки дигарашро аз рӯи тавонам қисм-қисм то 3 сол диҳам. Он кас имзои шартнома ҳам талаб накарданд, ҳамин тавр, ба бовари ҳамдигар хонаро ба номам гузарониданд.”

Ипотека, шевае, ки дар Тоҷикистон рушд накард

Муомилаи харидору фурӯшандаро дар забони қонун ва бонк «ипотека» меноманд, вале дар Тоҷикистон, ки ин низом рушд накард, ҳоло Ҳакимов худро пардохткунандаи ипотекаи ҳамсояаш меномад. Ғаниҷон ронандаи мошини боркаш аст ва ҳамсараш дар кӯдакистон кор мекунад. Ӯ мегӯяд, агар хонаро дӯсташ ба насия намефурӯхт, маҷбур буданд, боз солҳо пул захира кунанд.

Ҳоло дар маркази вилояти Суғд нархи як метри мураббаъ хонаи нав муодили 250 то 650 доллар аст. Оҷонсиҳои фурӯши манзил мегӯянд, ин нарх назар ба 2-3 сол пеш пасттар аст. Биноҳои навбунёд зиёд аст, хонахар – кам.

Садҳо эҳтиёҷманд дар бахши манзил ба умеди гирифтани манзили бепул худро номнавис кардаанд, вале ҳукумат ба ангушшумор нафарони хушбахт манзил ҳадя мекунад.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Маҳмудҷон Ҳомидов, корманди оҷонси “Эҷод”, ки ба харидуфурӯш ва иҷораи манзил сару кор дорад, мегӯяд, ба насия фурӯхтани манзили зисти биноҳои бисёрошёна бо эътимоди байни фурӯшандаву харидор сурат мегирад.

Харидани хона ба таври насия хатар дорад?

“Масалан, хонаро ба касе ба насия мефурӯшанд, ки бовар доранд пулашро дар вақти таъйинкарда пурра пардохт мекунад. Аммо боз ҳам пешпардохти ҳади ақал 50 то 90 дар сади онро талаб мекунанд. Баъзе фурӯшандаҳо қисман ба насия фурӯхтани хона розӣ мешаванд, аммо то пурра пардохт шудани арзиш хонаро ба номи харидор намегузаронанд. Ин хел харидани хона риск дорад, ки дар сурати пардохт карда натавонистани нархи манзил дар вақти таъиншуда онро холӣ кардан лозим меояд,” – афзуд ӯ.

Ба гуфтаи мусоҳибам, аксари ширкатҳои хонасоз замони шурӯи сохтмон аз харидор пешпардохти 40-50 дар сад арзиши хона ва боқимонадаи пул баъди анҷоми сохтмонро пеш мегузоранд. Аммо дар ин гуна ҳолат тӯл кашидани сохтмон харидорро дучори мушкил мекунад.

Дар марказ ва гӯшаву канорҳои Хуҷанд биноҳои бисёрошёнаи навбунёд ба чашм мерасанд, ки мунтазири харидоранд. Вале ин ҳама моли ширкатҳо ва хонасозони ҷудогона аст, ки ҳанӯз замони сохтмон фурӯши манзилҳоро ба роҳ мемонанд.

Соҳиби як бинои истиқоматии 9 ошёна дар маҳаллаи 19-уми Хуҷанд, ки нав қомат рост кардааст, мегӯяд, нархи ҳар метри мураббаъ манзили зисти он 600 доллар, ба сомонӣ - ҳудуди 5650 сомонӣ аст. Таъмири даруни манзил бар дӯши худи харидор аст. “Шумо ҳозир 50 фоизи нархи онро пардохт мекунед, ҳамин ки баъди чанд моҳ калиди хонаро гирифта, ба таъмир сар кардед, боқимондаашро ҳам медиҳед.” – гуфт ӯ.

Мусоҳибам ҳамчунин гуфт, имкони то ним сол ба дертар гузоштани пардохти 50 дар сади арзиши хона ҳам ҳаст, ки шартҳои онро дар суҳбати рӯ ба рӯ хоҳад гуфт.

Бархе ҳуқуқшиносон ингуна муомилаҳои пуливу молиро ғайри қобили қабул мехонанд ва мегӯянд, дар чунин ҳолатҳо ҳуқуқи ҳарду ҷониб нақз мешавад ва дар сурати пеш омадани мушкил ё фоҷеаи мисли марги хонахар, маълум нест кӣ омода мешавад қарзи ӯро пардохт кунад.

Ҳамчунин маълум нест, ки то куҷо ду ҷониб созиши лафзии байни худ ҳосилшударо ҳадди аққал дар идораҳои нотариалӣ расмӣ ва бар асоси забонхат қонунӣ мекунанд, чунки ҳолати дар надодани маблағ муттаҳам шудани шахси хонахар ҳам вуҷуд дорад.

Умуман, чанд ҳуқуқшинос гуфт, ки ба чунин муомилаҳо розӣ шудани мардумро машварат намедиҳанд, чунки дар ниҳояти амр барои худи онҳо гарон тамом мешавад ва ё хатарҳои ҷонӣ ҳам метавонад ба бор орад.

XS
SM
MD
LG