Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарори нави ҳукумат. Ҳатман хонаҳои 5 ошёна созед


Намунаи бинои панҷтабақа барои истифода.

Агар дар ягон маҳаллаи марказии ноҳия ва ё шаҳре дар Тоҷикистон хона сохтанӣ ҳастед, пас бояд бидонед, ки аз ин баъд ҳақ надоред, хонаи якоёшна, ё дуошёна бунёд кунед.

Бар асоси қарори нави ҳукумат аз охири моҳи гузашта, аз ин пас дар маҳаллаҳои аҳолинишини марказ, хиёбону кӯчаҳои асосии марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон бояд хонаҳо аз 5 қабат иборат бошанд.

Дар қарори ҳукумат аз рӯзи 21-уми июн омадааст, ки сабаби қабули чунин қарор, “рушди шаҳрсозӣ ва камбуди замин дар Тоҷикистон аст”. Дар қарор гуфта мешавад, ки барои иҷрои ин муқаррарот мақомоти расмӣ, меъморон бояд тағйироти лозимӣ ба барномаҳои шаҳрсозиро ворид кунанд ва иҷоза надиҳанд, ки заминҳои кишт барои хонасозӣ истифода шаванд.

"Шароит барои хонаҳои 5 табақа фароҳам шавад"

Ба меъморон дар Тоҷикистон дастур додаанд, ки барои иҷрои амри мазкур ҳаматарафа мусоидат кунанд ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ шароит фароҳам оваранд, ки кӯчаву хиёбонҳои марказӣ тамоми имконот барои сохтани хонаҳои истиқоматии хусусии панҷтабақаро дошта бошанд.

Дар Душанбе сол ба сол бунёди биноҳои истиқоматӣ зиёд мешавад, аммо мардуми зиёде пули харидани хона надоранд.
Дар Душанбе сол ба сол бунёди биноҳои истиқоматӣ зиёд мешавад, аммо мардуми зиёде пули харидани хона надоранд.

Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон ҳам мегӯяд, ки аз ҳоло барои иҷрои ин қарор камар бастааст ва ҷиҳати иҷрои он лоиҳаҳои намунавӣ омода кардааст ва агар идорае, ё соҳибкоре бинои истиқоматии чандтабақа сохтанӣ бошад, метавонад, аз ин намуна истифода барад.

Айни замон агар фарди алоҳидае дар марказ замин дорад ва мехоҳад, хонае бунёд кунад, ӯ ҳам бояд “камарашро сахт баста ва соҳиби хонаи панҷошёна бошад”. Коре, ки дар Тоҷикистон аз ӯҳдаи он бисёриҳо барнамеоянд.

Кумитаи меъмории Тоҷикистон мегӯяд, ки бояд “сохтмони биною иншоот дар марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳо мувофиқ ба талаботи қарори мазкур бо истифода аз санъати шаҳрсозии миллию муосир ва масолеҳи босифати сохтмонӣ бо сифати баланди меъморӣ ва сохтмонӣ амалӣ карда шавад.“

Хонаҳо бо бомҳои якранг

Аз ин пештар мақомоти Тоҷикистон дар талоше барои “зебо” кардани кишвар, мақомоти расмӣ дар Тоҷикистон ба раисони шаҳру ноҳияҳо дастур додаанд, ки боми хонаҳоро якранг кунанд.

Бар асоси дастур, раҳбарон дар маҳалҳо, яке аз рангҳо, масалан, сабз ё сурхро интихоб мекунанд ва сокинони дигар муваззафанд, ки боми хонаи худро бо бомпӯшҳои якрангаи сабз ё сурх бипӯшонанд.

Ба гуфтаи як мақоми Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, дигар дар марказҳои ноҳияҳо аз бомпӯшҳои маъмулӣ ба мисли шифер истифода намекунанд, “зеро хокистаррангу бенур ва зишт аст”.

Мақомот мехоҳанд, ҳамаи бомҳо якранг бошанд, сурх, ё сабз.
Мақомот мехоҳанд, ҳамаи бомҳо якранг бошанд, сурх, ё сабз.

Беш аз 70 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ мекунанд ва то як даҳсолаи пеш манзилҳои хешро бо бомпӯши шиферӣ мепӯшониданд. Ҳоло ба бомпӯшҳои тунукагии чинӣ бартарӣ медиҳанд, аммо боми хонаҳо якранг нест.

Шӯҳрат, сокини 56-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар хонаи меросӣ зиндагӣ дорад ва боми хонааш шиферӣ ва тираву ба қавли мақомот “зишт аст”, мегӯяд, агар ӯро маҷбур ҳам кунанд, пули тағйир додани боми хонаро надорад.

Ӯ гуфт, “агар 20 ҳазор сомонӣ медоштам, як гӯшаи рехтаи хонаро таъмир мекардам. Ё барои бачаҳоям либос мехаридам. Намедонам, сурх ё сабз шудани боми хонаи ман барои давлат чӣ манфиат дорад?”

Дастури нави мақомот дар бораи меъёрҳои нави шаҳрсозӣ дар ҳолест, ки вазъи молии мардум дар солҳои ахир бадтар шудааст ва онҳое, ки хона месозанд, оддитарин ва арзонтарин тарҳро интихоб мекунанд.

Солҳои охир ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекунанд, ки ба ҳаёти хусусии мардум дахолат мекунад, сар аз шеваи баргузор кардани азодорӣ то ба таҷлили зодрӯзу ҷашни арӯсӣ.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG