Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сохтмони нахустин биноҳои истиқоматии 12-ошёна дар Суғд


Барои бори аввал дар вилояти Суғд биноҳои истиқоматии 12-ошёна бунёд хоҳад шуд. Ин биноҳо дар шаҳраки нави Сайҳун, 9-километрии Хуҷанд, қад мекашанд.

Мақомоти ҳукумати вилояти Суғд мегӯянд, ки нахустин биноҳои 12-ошёна дар шаҳри тозабунёди Сайҳун баландтарин биноҳои истиқоматӣ дар минтақаи шимоли Тоҷикистон хоҳанд шуд. Баландтарин биноҳои замони Шӯравӣ дар Хуҷанду атрофи он 9-ошёна буда, ба унвони "хонаҳои арманӣ" низ ёд мешаванд.

Ҳоло ҳукумати Суғд барои 9 бинои 12-ошёна ва 11 бинои 9-ошёна, дар маҷмӯъ ба 20 бино дар шаҳри Сайҳун замин ҷудо кардааст. Онҳоро ширкатҳои хонасози ватанӣ ва соҳибкорон бунёд хоҳанд кард. Яҳё Баҳодуров, раҳбари як ширкати сохтмонӣ дар Хуҷанд, гуфт, ширкаташ 3 бинои 12-ошёна дар Сайҳунро месозад. Ба қавли ӯ, ин биноҳо аз сохти давраи Шӯравӣ комилан фарқ мекунанд ва тарҳи онҳо муосир ва нимашарқиву нимааврупоист.

"Биноро ба ду даромадгоҳ ва хонаҳои як, ду, сеҳуҷраӣ тақсим мекунем, ки намояндагони ҳама қишрҳои ҷомеа харида тавонанд. Чунки баъзе аз ширкатҳо танҳо се ё чорҳуҷраӣ сохтанд, ҳоло барои фурӯш душворӣ мекашанд. Одамони камбизоат хонаҳои калонро харида наметавонанд ва бештар ба хонаҳои як ё дуҳуҷраӣ талабот зиёд аст,"-- афзуд ӯ.

Мусоҳиби мо мегӯяд, соли ҷорӣ ба бунёди биноҳо оғоз карда, дар тӯли як соли оянда корҳои сохтмониро анҷом хоҳанд дод. Бунёди биноҳои бисёртабақа дар Хуҷанд ва Сайҳун, 9-километрии маркази вилояти Суғд дар ду-се соли охир сурат гирифтааст. Ҳоло дар Хуҷанд даҳҳо биноҳои бисёртабақа қад афрохтааст, ки байни биноҳои давраи Шӯравӣ бо рангу бори худ фарқ мекунанд. Ҳукумат ширкатҳо ва соҳибкоронро ба бунёди биноҳои бисёрошёна ташвиқ мекунад. Ин амр ба хотири сарфаи замин сурат мегирад.

Дар Хуҷанд заминҳои холӣ барои беманзилону безаминон тақсим шуда, дигар барои сохтани манзилҳои хусусии заминӣ барои сокинон ҷой намондааст. Соли равон ҳудуди 1.5 ҳазор сокини Хуҷанду манотиқи маркази Суғд дар шаҳри Сайҳун соҳиби замин шуданд. Вале боз ҳам садҳо сокини беманзилу замин барои гирифтани қитъаи замин барои бунёди манзили хусусӣ навбат мепоянд.

Сокинон ва ширкатҳои хонафурӯшӣ мегӯянд, дар пайи бунёди даҳҳо биноҳои бисёртабақа имсол барои бори аввал нархи мнзил ҳатто дар биноҳои навсохт поин меравад. Умедҷон, масъули фурӯши хонаҳои нахустин бинои 12-ошёна дар Хуҷанд, ки нав пойдевори он бунёд мешавад гуфт, “то ин вақт нархи манзил ва қобилияти харидории сокинонро бо роҳи назарсанҷӣ муайян намудем. Соли гузшта агар нархи 1 метри мураббаъ манзил дар биноҳои муҳташам ба доллар гӯем, 750 - 800 доллар буд, ҳозир то 650 - 700 доллар аст. Албатта, бӯҳрон ҳам ба нархи манзил таъсир кард ва поин бурд.”

Ин нархи манзилҳои беҳтарини навсохт дар қисматҳои марказии Хуҷанд аст. Ба гуфтаи хонафурӯшон, дар маҳаллаҳои дур аз марказ ва гӯшаву канорҳои шаҳр ширкатҳои сохтмонӣ арзиши 1 метри мураббаи хонаро замони оғози сохтмони он ҳудуди 400 доллар гузоштаанд. Масъулони ширкати “Эҷод”, ки ба фурӯши моликияти ғайриманқул машғул аст, мегӯянд, нархи хона дар биноҳои сохти Шӯравӣ дар як соли охир ҳудуди 40 дарсад паст рафтааст. Як корманди ин ширкат дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, соле пеш як хонаи дуҳуҷраӣ ҳудуди 35 ҳазор доллар ва болотар ба фурӯш мерафт, ҳоло то ҳудуди 25 ҳазор поин рафтааст.

Масъулони ширкатҳои хонасозӣ дар шаҳри Сайҳун мегӯянд, бунёди биноҳои 9 – 12-ошёна имконот ва интихоби бештареро барои сокинони хонахар фароҳам хоҳад кард. Яҳё Баҳодуров, раҳбари ширкати сохтмонӣ аз шаҳри Хуҷанд, мегӯяд, ҳоло нархи манзилҳои месохтаашонро эълон карда наметавонанд. Чунки эҳтимол дорад то бунёди биноҳо ба таъсири буҳрони иқтисодӣ нархи маводи сохтмонӣ боло равад ва арзиши манзилҳо ҳам аз нархи ҳозира фарқ кунад.

XS
SM
MD
LG