Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиши Тоҷикистон ба Ҳабибуллову Собир чӣ омӯхт? ВИДЕО


Имсол рӯзи артиши миллӣ барои Ҳабибулло Ҳамроев ҷашни хос аст. Ӯ акнун аз ин ҷашн на чун як ҷавони оддӣ, балки чун як сарбози собиқ таҷлил мекунад. Имрӯз дар Тоҷикистон 26-умин солгарди рӯзи таъсиси артиши миллиро ҷашн мегиранд.

Ҳабибуллои 24-сола, 4 моҳ пеш пас аз як соли хизмат аз сафи қувваҳои мусаллаҳ рухсат шуд ва ба гуфтаи худаш ба зиндагии “шаҳрвандӣ” баргашт. Аз як соли сарбозиаш ӯ ба хубӣ ёд мекунад.

Чун бо дипломӣ олӣ ба сафи қувваҳои мусаллаҳ пайваставу варшигар ва як ҷавони фаъол буд мегӯяд, зиндагии сарбозӣ барояш осон сипарӣ шуд.

Ҳабибулло пас аз хатми Донишгоҳи Славянӣ, нахост ҳар солаш дар мавсими даъват бо ташвишу ва фирор аз облава гузарад. Тасмим гирифт қабл аз шурӯи кор ба артиш равад.

"Аз як сӯ облава аз тарафи дигар мардонагӣ"

“Аз як сӯ ба ин хотир ва аз сӯйи дигар ҳисси мардонагӣ маро ба хизмат бурд. Падарам, амакҳоям, ҳама хизмат кардаанд” - мегӯяд Ҳабибулло.

Бо вуҷуди мухолифатҳои модар, ки аз сару садо ва хабарҳои нохуш роҷеъ ба вазъи артиш огоҳ буд, Ҳабибулло ба сафи қувваҳои мусаллаҳ пайваст ва барои хизмат дар баталиёни десантӣ, аз Душанбе ба вилояти Суғд сафарбар шуд.

Мегӯяд, моҳҳои аввал, то ошно шудан бо қоидаву оинномаи артиш воқеан зиндагии сарбозӣ барои як ҷавон мушкил аст.

“Танқисӣ дорад, масалан машқҳо, саҳархезӣ. Ҷавон дар як режими муайяни дигар зиндагӣ мекунад. Ва дар ҳамин давраи тайёршавӣ, душвориҳо ҳаст” - гуфт ӯ.

Артиши Тоҷикистон ба Ҳабибуллову Собир чӣ омӯхт?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:23 0:00

Сарбози собиқ мегӯяд, аз ҷавононе, ки солҳои пештар хизмати сарбозиро адо кардаанд, дар робита ба бадрафторӣ бо сарбозон ва шароити бад мешунид. Худаш дар ин бора зиёд ошкоро суҳбат накард. Вай гуфт, соли хизматаш назорати қисмҳои ҳарбӣ дар Суғд зиёд ва тартибу интизом беҳтар буд.

“Аммо вақте, ки мо ба хизмат рафтем аз суди ҳарбӣ, аз Кумитаи амният омада, бо мо ҳамсӯҳбат мешуданд, ки чӣ мушкил доред? Ман фикр мекунам, ин аз назорат ва сахтгирии роҳбарони қисмҳои ҳарбӣ вобастааст” - афзуд Ҳабибулло.

Cобир Саидзоа
Cобир Саидзоа

Собир Саидзода, чанд сол пештар аз Ҳабибулло дар сафи қувваҳои мусаллаҳ хизмат кардааст. Ӯ пас аз хатми мактаби миёна сари қаҳр тасмими сарбоз шуданро гирифт. Собир яккаписари хонавода ва расман аз хизмат озод буд.

Мехост барои таҳсил ба хориҷ равад, аз имтиҳон ҳам гузашт, аммо пули шартномаи таҳсилро надошт. Бо қаҳр ба артиш рафт ва ду сол дар неруҳои зудамали Вазорати мудофиа хизмат кард.

Собир мегӯяд, шаш моҳи мутобиқшавӣ душвор буд. “Барои ҳар сарбоз, саҳар чойи ширин буд, 20 грам маска, хӯроки якум ва як дона тухм. Шояд баъзе одамҳое буданд, ки мисол дар берун аз қисми ҳарбӣ зиёд мехурданд ва ин барояшон кифоя набуд. Шахсан барои ман он қадар ба дилам набуд. Аммо он хонаи падару модари ман набуд, ки шикоят кунам” мегӯяд, Собир.

Либосу пойафзори дуруст набуд

Собир мегӯяд, дар соли хизмати мушкилӣ дар таъмини сарбозон бо либосу пойафзор ҷой дошт. Либосе, ки ба сарбозон медоданд сифати хуб надошт. Пайдо кардани пойафзори муносиб ба андозаи пой мушкил буд.

Ӯ дар мавриди фирори ҳамхизматҳо ва мушкилоти дигар гуфт: “Ҳолатҳои ғайриоинномавӣ гирем агар, кам буд, аммо аксари вақт сарбозон аз пушти сару либос, камтар ришу муйлаб, муйи сари баланд ва аз он ки ба муҳит мутобиқ набуданд, мегурехтанд. Барои ин корҳояшон танбеҳ мегирифтанд.”

Вале бо ин ҳама ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, сарбозӣ ӯро аз баъзе одатҳои бад дур кард ва мустақилиятро омӯхт. “Ба қадри бисёр чизҳо намерасидам. Баъзе хислатҳои бадам доштам, ки намехоҳам гӯям, аз он даст кашидам. Дарси хуб дод. Ба қадри корҳои модарам намерасидам. Аммо акнун аз уҳдаи сару либосам, дарзмол кардан, тозагӣ, нигоҳ кардани сару либосам мебароям” - мегӯяд, ӯ.

Аксари ҷавонони тоҷик мисли ин ду ҳамсуҳбати мо пас аз хизмат аз нақли латукӯб шудан ё бадрафтории афсарону сарбозони собиқадор худдорӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, ин кор "ба шаъни як ҷавонмард намезебад”

Аммо дар маҷмӯъ ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, бо вуҷуди беҳтар шудани вазъ дар қисмҳои низомӣ ва талошҳо барои аз байн бурдани “облава” ва “меҳтарсолорӣ” ин ҳолатҳо рух медиҳанд.

Бадрафторӣ мушкиле, ки ҳануз доғ мондааст

Бадрафторӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ ва озори сарбозон яке аз омилҳои парҳези ҷавонон аз хидмат дар сафи артиши Тоҷикистон дониста мешавад. Аз ҷумла худи раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи бахшида ба 26-умин солгарди таъсиси артиши миллӣ аз афсарон хостааст, бо сарбозон «мисли фарзандони худ муносибат кунанд.»

Ӯ ҳангоми суханронӣ дар ҳузури мақомоти баландпояи низомӣ ва афсарону сарбозон дар рӯзи 23-уми феврал ва дар шаҳри Душанбе гуфтааст, роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакатро зарур аст, ки риояи ойинномаҳои ҳарбӣ ва интизоми қатъӣ ва пешгирӣ аз қонуншиканӣ дар байни афсарону сарбозонро таъмин намоянд. Ӯ гуфтааст: «Ҳар як афсар бо одобу ахлоқ, қобилияти ташкилотчигию маданияти баланди муносибату муошират бояд барои сарбозон намунаи ибрат бошад.»

Ҳар сол ҳодисаҳои марги сарбозон дар артиш ва ба ҷавобгарӣ кашидани афсарон барои бадрафторӣ сабт мегардад. Созмони Эътилофи зидди шиканҷа дар як гузориши худ аз охири соли 2016 навишта буд, ки дар муддати солҳои 2014 то 2016 дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон 59 сарбоз мавриди шиканҷаву бадрафторӣ қарор гирифта, 11 нафар ба ҳалокат расидааст.

Дар Тоҷикистон даъват ба хизмат дар артиш соле ду бор - баҳору тирамоҳ сурат мегирад ва дар ҳар даъват аз 15 то 16 ҳазор ҷавони аз 18 то 27-сола ба хидмати ҳатмии аскарӣ ҷалб мешаванд.

Бино ба иттилои расмӣ, теъдоди афроди синни даъватӣ дар кишвар беш аз 600 ҳазор нафар ҳисоб шудааст, ки 150 ҳазор нафари ин шумор аз хидмати артиш озод ҳастанд.

XS
SM
MD
LG