Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавонони артишбезори тоҷик як деҳаро бе барқ гузоштанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бо наздик омадани поёни мавсими тирамоҳии даъват ба артиш мақомот дар ноҳияи Лахш роҳи ғайримуқараррии ҷалби ҷавонон ба сафи нерӯҳои мусаллаҳро пеш гирифтаанд. Мақомоти ноҳия амр додаанд, он рустоҳое, ки нақшаи ҷалби ҷавонон ба артишро иҷро накардаанд, аз нерӯи барқ маҳрум шаванд.

Чанд сол аст, ки онҳо аз даъват ба артиш саркашӣ мекунанд, сарбоз намедиҳанд. Худи ҳамин деҳа чанд сол аст, ки сарбоз намедиҳад, барои ҳамин ҳукумати ноҳияро асабонӣ карданд.

Тақрибан даҳ рӯз - бе барқ

Деҳаи Қушағба дар ҷамоати “Сурхоб” яке аз чанд деҳоти ноҳияи Лахш аст, ки чанд рӯз боз дар торикӣ мондааст. “Мо тақрибан 10 рӯз боз нерӯи барқ надоштем, барои онки ба артиш як сарбоз нафиристодем. Ба мо гуфтанд, то аз деҳаи Шумо як нафар ба хизмати ҳарбӣ наравад, нерӯи барқ намедиҳем”, – гуфт яке аз сокинони ин деҳа.

Ӯ аз Радиои Озодӣ хост, номаш бурда нашавад, зеро ба қавли ин сокини деҳаи Қушағба, барояш дарди сар эҷод мекунанд.

Ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ аз ҷамоати Сурхоб, ки деҳоти Ҷилонбӣ, Суғат, Қушағба ва Шилбил ба он шомиланд, то кунун се нафар бо даъвати комиссариати низомӣ ба сафи артиши Тоҷикистон рафтаанд ва нақшаи ҷамоати онҳо иҷро шудааст. Аммо на танҳо деҳаи Қушағба, балки деҳоти Майдонтерак, Оқсой ҳам айни сарнавиштро доштаанд ва аҳолиашонро барои "беэътиноӣ ба даъвати комиссариати ҳарбӣ ва нафиристодани ҷавонон" ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ аз нерӯи барқ маҳрум кардаанд.

"Мақомотро асабӣ карданд"

Яке аз кормандони Идораи барқ дар ноҳияи Лахш ба Радиои Озодӣ гуфт, дар воқеъ, дастур гирифтаанд, ки нерӯи барқи деҳаи Қушағбаро қатъ кунанд ва сабабашро чунин шарҳ дод:

"Чанд сол аст, ки онҳо аз даъват ба артиш саркашӣ мекунанд, сарбоз намедиҳанд. Худи ҳамин деҳа чанд сол аст, ки сарбоз намедиҳад, барои ҳамин ҳукумати ноҳияро асабонӣ карданд. Дар маҳал раиси ноҳия намояндаи президент аст ва мо фармони ӯро рад карда наметавонем", - гуфт мусоҳиби Радиои Озодӣ.

Аҳолии деҳа баъди он аз нерӯи барқ маҳрум шудааст, ки кормандони идораи барқ омада ва деҳаро аз сарчашмаи тақсими барқ, яъне “трансформатор” ҷудо кардаанд. Аммо ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ, сокинони деҳа аз трансформатори дуввум, ки ба як хоҷагии деҳқонӣ тааллуқ дорад, барқ гирифтаанд, вале дубора онҳоро аз ин манбаъ низ маҳрум кардаанд.

"Бачаҳо дар Русия ҳастанд, киро ба артиш фиристем?"

Ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ афзуд, интиқоли нерӯи барқ ба деҳаи Қушағбаро рӯзи 12-уми ноябр аз сар гирифтанд, бо вуҷуди онки касе аз ҷавонони деҳа ба артиш нарафтаанд. Ба қавли ӯ деҳа, фақат се рӯз нерӯи барқ надошт.

Дар воқеъ ба гуфтаи сокини Қушағба, ҳоло тамоми деҳаи онҳо 24 соат бо нерӯи барқ таъмин аст. Мусоҳиби Радиои Озодӣ афзуд, ба артиш нарафтани ҷавонон аз деҳаи онҳо сабаб дорад, зеро қисме таҳсил мекунанд, қисми дигар берун аз Тоҷикистон ҳастанд.

“Бачаҳои аҳолии деҳа нестанд, дар Русия муҳоҷири корӣ ҳастанд ва ё дар донишгоҳу коллеҷҳо таҳсил мекунанд” – гуфт, ӯ.

Дар деҳаи Қушағба тахминан 100 хонавода зиндагӣ мекунанд ва аҳолиаш бештар аз 500 нафарро ташкил медиҳад. Ҷамоати Сурхоб дар умум тақрибан 3 ҳазор нафар аҳолӣ дорад. Раиси ҷамоат аз суҳбат дар бораи ин масъала бо Радиои Озодӣ худдорӣ кард. Хуршед Икромов, раиси дастгоҳи ҳукумати ноҳия низ зимни муроҷиати телефонии Радиои Озодӣ ва суол дар бораи қатъи нерӯи барқ дар деҳаи Қушағба гуфт, ки “Узр мехоҳам, ман ба ин суоли шумо ҷавоб дода наметавонам”.

"90 дар сади нақша иҷро шудааст"

Як гӯшаи Лахш
Як гӯшаи Лахш

Мавсими тирамоҳии даъват ба сафи артиши Тоҷикистон бо фармони раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, моҳи октябр шуруъ шуд ва то охири моҳи ноябр идома мекунад. Дар ин муддат ҷавонони аз 18 то 27-сола ба сафи артиши миллӣ, нерӯҳои марзбонӣ, қувваҳои вазорати умури дохилӣ даъват мешаванд. Дар вазорати дифо, ки масъули ташкили сафарбарии ҷавонон аст, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки даъват бояд ба риояти тамоми қоида сурат бигирад ва “довталабонаву қонунӣ бошад”.

“Рӯзи аввали даъват аз 1-уми октябр шуруъ шуд ва вобаста ба ин дар ҳама шаҳру ноҳияҳо маъракаи муҳими сиёсӣ идома дорад ва то кунун нақшаи даъват ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ 90 дар сад иҷро шудааст”, – гуфт, Ориф Нозимиён, сухангӯи Вазорати дифоъ ба Радиои Озодӣ.

Даъват ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамасола бо мушкилот ҳамроҳ аст, зеро дар баъзе аз минтақаҳо ҷавонон аз хидмат дар артиш ва дигар воҳидҳои низомиву қудратӣ сарпечӣ мекунанд. Баъзеҳо бо хатми мактаб ва пеш аз расидани мавсими тирамоҳӣ, барои кор ба Русия мераванд, қисмати дигар ки ба донишгоҳ ворид шудаанд, истисно ҳастанд ва ҳақ доранд, то анҷоми таҳсил ба артиш нараванд.

Чаро ҷавонон аз хидмат мегурезанд?

Теъдоде аз ҷавонон ҳам бо вуҷуди расидан ба синни аскарӣ аз хидмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд. Масалан аввали моҳи октябр мақомоти расмӣ дар ноҳияи Қубодиён гуфтанд, ки чаҳор ҷавони ноҳия баъди гузаштан аз ташхиси тиббӣ ва ваъдаи рафтан ба артиш аз комиссариати ҳарбии ноҳия берун омада, "ғайб задаанд". Мақомот гуфтанд, ки онҳо таҳти ҷустуҷӯ ҳастанд ва дар сурати боздошт бо ҷурми саркашӣ аз хидмат дар артиш ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.

Як сабаби парҳези ҷавонон аз хидматро бадрафторӣ дар воҳидҳои низомӣ меноманд, ҳарчанд вазорати дифоъ мегӯяд, ки ин зуҳурот дигар вуҷуд надорад.

Дар ҳар мавсими тирамоҳиву баҳории даъват гузоришҳо дар бораи ҷалби иҷборӣ ва ё “облава” нашр мешаванд. Афсарони коммисариати ҳарбӣ ҷавононро аз роҳу кӯчаҳо дастгир карда ба артиш мебаранд ва сипас хешовандонашонро дар ҷараён мегузоранд.

Эътилофи зидди шиканҷа, эътилофи гуруҳе аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар Тоҷикистон дар гузорише навишт, ки дар муддати солҳои 2014 то 2016, дар воҳидҳои низомӣ 59 сарбоз мавриди шиканҷаву бадрафторӣ қарор гирифтаанд ва 11 нафар ба ҳалокат расидаанд. Худи мақомот гуфтаанд, ки танҳо дар соли 2016-ум “24 ҷинояти вобаста ба латукӯби сарбозон” сабт шудааст ва гунаҳкорон ҷазо гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG