Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор ҷавон пеш аз кулчагазони сарбозӣ "ғайб задаанд"


Акси сарбозон аз бойгонӣ

Чаҳор сокини ҷавони ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон баъди гузаштан аз ташхиси тиббӣ ва ваъдаи рафтан ба артиш аз комиссариати ҳарбии ноҳия берун омада, "ғайб задаанд". Мақомот гуфтанд, ки онҳо таҳти ҷустуҷӯ ҳастанд ва дар сурати боздошт бо ҷурми саркашӣ аз хидмат дар артиш ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.

  • Хонаводаи чаҳор ҷавон расман ҳушдор гирифтаанд, ки фарзандонашонро аз куҷое набошад, пайдо карда ва ба мақомот таслим намоянд.

Парвиз Шарифови 22-сола, Юсуф Эшмуъминови 19-сола, Урал Амирхонови 18-сола ва Далер Юлдошеви 18-сола – сокинони ноҳияи Қкубодиён – дар мавсими тирамоҳӣ ба хидмат дар артиш даъват шуданд. Хонаводаашон мегӯянд, ки ин чаҳор нафар бар асоси даъватномаи комиссариати ҳарбӣ аз ташхиси тиббӣ гузаштанд.

Аз ин ҳисоб се хонавода пофишорӣ доранд, ки даҳ рӯз боз дар мавриди дар куҷо будани фарзандонашон иттилоъ надоранд ва онҳо низ дар баробари мақомот аз сарнавишти фарзандон нигаронанд. Аммо Парвина Шарифова, хоҳари Парвиз Шарифов, гуфт, ки бародараш ба назди хешовандон ба Русия рафтааст.

“Дар бораи саркашӣ кардан ё накарданаш аз артиш чизе намедонам. Фақат ҳаминро медонам, ки ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафтааст”, - афзуд ӯ.

Як мақоми ҳукумати ноҳияи Қубодиён рӯзи 13-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин ҷавонон сокини ҷамоати “20-солагии Истиқлол” буда, даҳ рӯз боз бедараканд. Ӯ гуфт, “инҳо мисли сарбозони ихтиёрӣ буданд. Аввал имзо гузошта, даъватномаро гирифтаанд. Сипас, бо пойи худ омада, аз ташхис гузаштаанд. Баъд ба онҳо гуфта шудааст, ки раведу то рӯзи кӯлчагазон омода шавед. Вале аз комиссариати зарбӣ баромада, фирор кардаанд.”

Акрам Ҷӯраев, раиси ҷамоати “20-солагии Истиқлол” тахмин мезанад, ки нафақат Парвиз Шарифов, балки се тани дигар аз ҷавонҳо низ ба Русия рафтаанд.

Дар гузашта низ чанд мавриди фирори ҷавонон аз маъракаи даъват дар Тоҷикистон сабт шуда, бархеи онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Қаблан додгоҳи шаҳри Кӯлоб як сокини ин минтақаро, ки баъди шикастани тирезаи бинои комиссариати ҳарбӣ фирор карда буд, як сол аз озодӣ маҳрум карда ва чаҳор ҳазор сомонӣ ҷарима баста буд.

Дар ҳамин ҳол, ҳуқуқшинос Фарҳод Файзов мегӯяд, вақте як ҷавон даъватномаи хидматро гирифтааст ва ташхиси тиббӣ солим буданашро тасдиқ кардааст, набояд аз маъракаи даъват бигурезад. “Вақте даъватномаро мегиранду намераванд ё аз ташхиси тиббӣ гузашта, бо ваъдаи онки ба хидмат мераванд, сипас, бо истифода аз фурсат аз маъракаи кӯлчагазон мегурезанд, бо ҷурми саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ муҷозот хоҳанд шуд”, - шарҳ дод ӯ.

Дар Тоҷикистон хидмат дар сафи артиш ҳатмист ва ҷавонҳои аз 18 то 27 сол дар мавсими баҳору тирамоҳ ба ин маърака даъват мешаванд.

Яке аз сабабҳои аслии парҳези ҷавонони тоҷик аз хидмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳро ҷавонон ҳамоно вуҷуди бадрафтории сарбозони собиқадору афсарон бо сарбозони навомада медонанд.

Эътилофи зидди шиканҷа дар як гузориши худ аз охири соли 2016 навишта буд, ки дар муддати солҳои 2014 то 2016 дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон 59 сарбоз мавриди шиканҷаву бадрафторӣ қарор гирифта, 11 нафар ба ҳалокат расидааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG