Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хидмат дар артиш ба умеди ... замин. Чаро Майрамбӣ ноумед шуд? ВИДЕО


Майрамбӣ Назарова солҳо боз мехоҳад аз манзили тангу барои зиндагӣ номувофиқ, ба дигар ҷой кӯч бандад. Ваъдаи мақомоти шаҳри Кӯлоб барои додани қитъаи замин ба ҷавононе, ки ихтиёрӣ ба хидмат рафтанд, умедеро барои соҳиби манзили нав шудан дар дили Майрамбӣ бедор кардааст.

Майрамбӣ Назарова мегӯяд, чун писараш Хуршед дид, ки манзилашон дар як вазъияти хароб қарор дорад, тасмим гирифт, ки ихтиёрӣ ба артиш равад, то соҳиби қитъаи замин шавад. Ин сокини Кӯлоб, ки ба гуфтаи худаш, аз ҷумлаи хонаводаҳои камбизоати шаҳр мебошад ва дар ҳеҷ куҷо кор намекунад, ҳоло умедвор аст, ки шаҳрдории Кӯлоб дар ин амр ба ӯ кӯмак менамояд.

Марямбӣ Назарова, сокини шаҳри Кӯлоб.
Марямбӣ Назарова, сокини шаҳри Кӯлоб.

Писари калонии Марямбӣ Назарова шаш моҳ пеш хизматро анҷом дод, вале то ҳол натавонистанд соҳиби замин шаванд. Ҳоло писари хурдӣ бо умеди қитъаи замин ба ваъдаи мақомоти маҳаллӣ бовар карда, ихтиёрӣ ба хизмати аскарӣ рафтааст.

"Ваъда карда буданд, гуфтанд ариза нависед, ба мири шаҳр пешниҳод кунед, дастгирӣ мекунем. Падарашон бемор шуд. Дигар натавонистем ҳуҷҷатҳояшонро дуруст кунем. Акнун ҳуҷҷатҳои писари хурдиамро дуруст намуда, ба ҳукумат пешниҳод кардам. То ҳол ҳеч гапу хабар нест", - мегӯяд Майрамбӣ Назарова.

Мақомот дар маросими гусели наваскарон дар шаҳри Кӯлоб гуфтанд, 17 нафареро, ки ихтиёрӣ ба хидмат рафтанд, қитъаи замин медиҳанд. Дар рӯйхат номи Майрамбӣ Назарова ҳам ҳаст.

Ҳукумат: Қарори замин омода мешавад

Аз ҳукумати шаҳри Кӯлоб ба хабарро тасдиқ карданд ва гуфтанд, ки ҳоло қарори додани қарори заминҳо ба он ҷавонҳое, ки ихтиёран ба хидмат ҷалб шуданд, омода мешавад. Манбаъ гуфт, раиси шаҳр дар маросими гусели даъватшудаҳо ба хизмат дар артиш гуфт, ба ҷавононе, ки худашон ариза навишта ба хидмат рафтанд, қитъаи замин дода мешавад. "Ҳоло масъулоне, ки ин супоришро гирифтанд, дар омода кардани қарор ба он аскарон банданд ва як ё ду рӯз пас қарорҳо имзо шуда, ба волидайнаш супорида мешавад", - гуфт мусоҳиби мо.

Хайруллои Амонулло, шаҳрдори Кӯлоб.
Хайруллои Амонулло, шаҳрдори Кӯлоб.

Хайруллои Амонулло, шаҳрдори Кӯлоб дар ҳоле ба зердастонаш супориш дод, ки ба наваскароне, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ рафтанд, замини наздиҳавлигӣ диҳанд, ки дар гузашта борҳо дар нишастҳои хабарӣ ба зердастонаш ва масъулони комиссариати ҳарбӣ гуфта буд, ки бо умеди додани замин, касеро ба хизмат ҷалб накунанд.

"Ман чанд маротиба гуфта будам, ки ваъда надиҳед, ки замин медиҳам ва дар ягон ҷо низ гуфта нашудааст, ки ба хизмат ҷалб шуд, ба он ҳатман қитъаи замин дода мешавад”,-гуфта буд шаҳрдори Кӯлоб дар яке аз нишастҳои хабариаш.

Аммо коршиносон мегӯянд, ки шаҳрдорӣ мехоҳад, ки бо ин роҳ сафи ҷавонон ба артишро бештар кунанд, то нақшаи даъват сари вақт иҷро шавад. Ин тарзи ҷалби ҷавонон ба хизмат дар ҳоле аз сӯи шаҳрдорӣ сурат гирифт, ки шаҳри Кӯлоб дар даъвати баҳорӣ аз ҳама дертар нақшаи даъватро ба анҷом расонида буд.

Хидмат дар артиш ба умеди ... замин. Чаро Майрамбӣ ноумед шуд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:03 0:00

Дар Тоҷикистон, ки гирифтани қитъаи замин барои сохтмони манзил ба як мушкили ҷиддӣ табдил шудааст, даҳҳо нафар мисли фарзандони Майрамбӣ ба ин ваъдаи мақомоти маҳаллӣ бовар карда ба хидмат мераванд. Ваъдае, ки аз ҷониби роҳбарияти болоӣ дар ҳолатҳои кам амалӣ мешавад.

Бархе коршиносони маҳаллӣ мегӯянд, ки чунин ваъдаҳо, ки аз забони мақомоти алоҳида садо медиҳад, метавонад дар оянда эътимоди сокинонро ба ҳарфи як намояндаи давлат аз байн барад.

Зимнан, маросими гусели наваскарон дар Кӯлоб рӯзи 1-уми октябр бо иштироки даҳҳо волидони наваксарон ва масъулони шаҳрдорӣ дар Боғи фарҳангу фароғатии шаҳр сурат гирифта буд. Дар артиши Тоҷикистон беш аз 15 ҳазор нафар хидмат мекунанд.

XS
SM
MD
LG