Ҳанс Ирман, додситони Шветсия, тасдиқ кард, ки гумонбари ҳамлаи Стокҳолм як зодаи 39-солаи Узбакистон аст, аммо аз ӯ ному насаб набурд. Ирман 8 апрел гуфт, ки ин гумонбар рӯзи ҷумъа ҳамроҳи як тани дигар дастгир шудааст. Аз ин пеш, Ларс Бистром, сухангӯи пулиси Стокҳолм гуфта буд, "гумон дорем, марди боздоштшуда муҷрим аст". Ин мақоми пулиси Стокҳолм гуфт, "нафарони дигар ҳам метавонанд бо ӯ шарик бошанд, вале феълан ин чизро намедонем".
Ин ҳодиса баъд аз зӯҳри 7 апрел дар як хиёбони серодами Дроттнинггатан рух дод.
Пулиси Стокҳолм, пойтахти Шветсия, гуфт, ки рӯзи 7 апрел дар натиҷаи ба сӯи издиҳоми мардум ҳаракат кардани мошини хурди боркаше чаҳор нафар кушта шуда, шуморе аз мардум маҷрӯҳ гардиданд. Ин ҳодиса дар хиёбони серодами Дроттнинггатан рух дод.
Дар изҳороти пулис гуфта шуд, ки онҳо ин ҳодисаро ҳамчун ҳамлаи эҳтимолии террористӣ арзёбӣ мекунанд, ҳарчанд ҳанӯз табиати ин ҳодиса барои онҳо мушаххас нест.
Нахуствазири Шветсия Стефан Лофвен гуфт, ки тамоми аломатҳо ба як "ҳодисаи террористӣ" будани ин ҳодиса ишора мекунад
Наворҳои телевизион дуди ғализеро дар маҳалли ҳодиса намоиш дод ва ҳамчунин дида мешавад, ки аз фазо маҳалро чархболҳо назорат мекунанд. Дар ҷои ҳодиса мошини зиёди полис ва ёрии тиббӣ ба назар мерасад. Полис аз мардум хостааст, ки дар маркази шаҳр равуо накунанд.
Ҳанӯз ҳеҷ нафар ё гурӯҳе масъулияти ин ҳодисаро ба дӯш нагирифтааст.
Хадамоти вижаи Шветсия Sapo ҳодисаро "як ҳамла" арзёбӣ кардааст. Сухангӯи ин сохтор Нина Одермалм ба Франс Пресс гуфт, ки "дар ҷои ҳодиса чанд нафар ба ҳалокат расида шуморе ҳам маҷрӯҳ шудаанд".
Нахуствазири Шветсия Стефан Лофвен гуфт, ки тамоми аломатҳо ба як "ҳодисаи террористӣ" будани ин ҳодиса ишора мекунад.
Дар ин охирҳо чанд ҳодисаи ҳамсони бархӯрди мошини террористон ба одамон дар дигар нуқоти Аврупо ба қайд гирифта шудааст, ки масъулияти ҳамаи онҳоро гурӯҳи “Давлати исломӣ” ба ӯҳда гирифтааст.
Дар натиҷаи як ҳодисаи шоми 22 март дар Лондон, ки дар он ҳамлагаре савори мошин ба издиҳоми мардум бархӯрд карда баъдан ба ходими полис бо корд ҳамла кардааст, 5 нафар ҷон доданд. 19 декабр дар паи ба сӯи мардуми ширкатдори намоишгоҳи солинавӣ ҳаракат кардани мошини борбаре дар Берлин 12 нафар кушта шуданд. Моҳи июли соли 2016 дар Нитсаи Фаронса дар натиҷаи пахш кардани издиҳоми мардум аз ҷониби ронандаи мошине 86 нафар кушта шуд.