Пайвандҳои дастрасӣ

Пулиси Бритониё: Холид Масъуд дини Исломро қабул карда буд


Пулиси Бритониё гуфт, ки барои таҳқиқи ҳамлаи террористӣ ба порлумони ин кишвар ду боздошти “хеле муҳим” анҷом додааст. Инчунин, пулис гуфт, ҳамлагари эҳтимолӣ дар кӯдакӣ Эдриан Рассел Аҷайо ном дошта ва баъдан дини Исломро қабул кардаву исмашро ба Холид Масъуд табдил додааст. Марк Роулӣ, афсари баландпояи умури зиддитеррористии Бритониё, рӯзи 24 март гуфт, ки нӯҳ нафар ҳоло дар боздошт ҳастанд ва нафари даҳум бар ивази ҷубронпулӣ озод шудааст.

Пулис гуфт, ки эҳтимоли як ҳавохоҳи гурӯҳи мамнӯи “Давлати исломӣ” будани Масъуд санҷида мешавад.

Мақомот гуфтанд, Масъуд, ки дар гузашта дар ҳодисаҳои хушунатомезе дида шудааст, эҳтимолан батанҳоӣ амал мекард. Вале эҳтимоли даст доштани нафарони дигар дар ин ҳодиса ҳам таҳқиқ мешавад.

Роулӣ дар як нишасти матбуотӣ дар Лондон гуфт, “дирӯз мо номи террористи мурдаро эълон кардем. Ӯ Холид Масъуд аст. Мо изҳор кардем, ки ӯ дар гузашта номҳои зиёд дошт ва вақте таваллуд шуд, номаш Эдриан Рассел буд. Тавре ман аз ин пеш гуфтам, таҳқиқот ҳоло мехоҳад, ангезаҳо, сабабҳо, омодагиҳо ва ҳамкору наздикони ӯро мушаххас кунад. Дар ҳоле ки ҳанӯз далели таҳдидҳои бештар дар даст нест, мо мехоҳем мушаххас кунем, ки то куҷо ин шахс танҳо ва бо илҳом аз таблиғоту дастгирии гурӯҳҳои террористӣ амал мекард ва ё аз ҷонибе раҳнамоӣ мешуд.”

Ин масъули тафтишот гуфт, хуб мешуд, агар афроди огоҳ ва шинос бо шахсияти Холид Масъуд ва ҳам маконҳое, ки ӯ дар ин охирҳо зиёрат кардааст, барои пулис маълумоти бештар медоданд.

Хабари боздошт шудани ду нафари муҳим дар ин қазия баробар бо он расид, ки як марди 75-солаи маҷрӯҳшуда дар натиҷаи бо мошин пахш шудани роҳгузарони болои пули Вестминстер ҳам даргузашт. Ин ҳодиса, зоҳиран, пеш аз ҳамлаи Холид Масъуд ба як афсари пулис дар даромадгоҳи порлумон рӯзи 22 март рух дод.

Марги Леслӣ Родс дар бемористони Коллеҷи шоҳӣ шумори умумии қурбониҳои ин ҳамлаи террористиро ба 5 нафар расонд. Дигар қурбониҳо – афсари 48-солаи полис Кейт Палмер, зани 43-солаи сокини Лондон Оиша Фрейд, як ҷаҳонгарди амрикоӣ Курт Коҳрани тахминан 50-сола мебошанд.

Ба иттилои Роулӣ, ду афсари дигари пулис ҳам дар ҷои ҳамла ҷароҳатҳои сабук бардоштаанд. Вазъи ду нафари дигар то ҳанӯз сангин арзёбӣ мешавад. Осебдидаҳои ҳамлаи рӯзи 22 март шаҳрвандони 12 кишвар мебошанд, ки дар миёни онҳо мактаббачаҳои фаронсавӣ, як ҷуфт аз Руминия ва ҳам шаҳрвандони Чин ҳастанд. Зани руминӣ баъд аз ин ҳодиса аз дохили обҳои Темза зинда берун оварда шуд.

Дар бораи Холид Масъуд мегӯянд, ки ӯ дар гузашта ҳарчанд дар амалҳои террористӣ гумонбар нашудааст, вале барои баъзе амалҳои хушунатомезаш ба дасти пулис афтода буд. Роулӣ гуфт, ки барои тафтишот маълумоте дар бораи эҳтимоли талоши даст задани ӯ ба амалҳои террористӣ маълум набуд.

Тереза Мэй
Тереза Мэй

Рӯзи 23 март Тереза Мэй, нахуствазири Бритониё, дар ҷаласаи порлумон гуфт, ки шахси ҳамлагар “як сокини шаҳраки хурде” буд ва дар гузашта мавриди таваҷҷӯҳи тафтишот қарор гирифтааст. Пулис гуфт, ки эҳтимоли як ҳавохоҳи гурӯҳи мамнӯи “Давлати исломӣ” будани Масъуд санҷида мешавад. Зимнан, рӯзи 23 март ин созмони террористӣ ва мамнӯъ дар аксар кишварҳои ҷаҳон масъулияти ҳамларо ба дӯши худ гирифт ва аз Масъуд ба ҳайси “як сарбози” худ ном бурд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG