Пайвандҳои дастрасӣ

"Давлати исломӣ" ҳамлагари Лондонро "сарбози худ" номид


Гурӯҳи “Давлати Исломӣ” иддао кардааст, ки ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Лондонро рӯзи 22 март як узви ин ташаккури мамнӯъ анҷом додааст. Дар изҳороти ин созмон марди ҳамлагар "як сарбози ин гурӯҳ" иддао шудааст. Хабаргузории "Amaq"-и марбут ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" навитшт, ки "иҷрокунандаи ҳамлаи дирӯза дар назди парлумон дар Лондон як сарбози "Давлати исломӣ" буд ва ин амалро дар посух ба даъвати ҳамлаи зидди шаҳрвандони аъзои эътилоф анҷом дод". Ҳанӯз тасдиқи дурустии ин иддао имкон надорад ва ҳам ҷузъиёти дигар дар даст нест.

Дар ҳамин ҳол, нахуствазири Бритониё Тереза Мей гуфт, ҳамлагаре, ки рӯзи 22 март дар назди сохтмони парлумон дар Лондон се нафарро ба қатл расонд, зодаи Бритониё буд ва ба қавли полис, “талош дошт садои демократияро дар ин кишвар хомӯш кунад”. Зимни суханрониаш дар ҷасалаи парлумон рӯзи 23 март ӯ гуфт, ки ҳамлагар як сокини минтақаи дурдасти кишвар ва шахсияти барои мақомоти амниятӣ аз қабл ошно буд. Ӯро чанд соли пеш аз рӯи парвандаи тундгароии пурхушунат тафтиш кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло полис мехоҳад дақиқ кунад, ки то куҷо ин мард бо илҳом аз терроризми исломӣ амал мекарданд. Тереза Мей гуфт:

“Мо медонем, ки таҳдиди терроризми исломӣ хеле воқеӣ аст. Бо ин ки ҷомеа бояд хеле эҳтиёткор бошад, онҳо набояд аз ингуна ҳодисаҳо биҳаросанд”.

Полис гуфт, ки ҳамлагар баъди пахш кардани пиёдагардон дар болои кӯпруки Вестминсер, ба назди дарвозаи парлумон омад, ба як ходими полис бо корд ҳамла карда ба ҳангоми фирораш кушта шуд. Дар болои кӯпрук 2 нафар кушта шуда, 40 нафар захм бардоштанд ва дар маҷмӯъ, ҳамроҳ бо ҳамлагар шумори кушташудаҳо 4 нафар мебошад. 7 маҷрӯҳ дар ҳолати сангин аст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG