Пайвандҳои дастрасӣ

Холид Масъуд – Эълони номи ҳамлагари Лондон


Пулиси Лондон эълон кард, ки ҳамлаи рӯзи 22 март дар наздикии порлумони Бритониёро Холид Масъуд, сокини 52-солаи ин кишвар анҷом додааст. Ба иттилои пулис, Холид Масъуд дар минтақаи атрофи Лондон ба дунё омада, дар Уэст-Мидлендс зиндагӣ мекард. Вай барои ҳамла ва нигаҳдории силоҳ, вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ борҳо ҳабс шуда буд. Аммо ҳаргиз дар робита ба терроризм ба ҷавобгарӣ ҷалб нашудааст. Мақомоти қудратӣ аз нияти анҷоми теракти Масъуд огоҳ набуданд.

Рӯзи 22 март дар болои пули Вестминстери назди бинои порлумони Бритониё Масъуд бо мошин чанд роҳгузарро пахш кард. Баъдан вай бо корд ба пулиси навбатдори назди порлумон ҳамла кард. Дар ин ҳодиса 3 нафар қурбон ва наздики 40 тани дигар захмӣ шуданд.

Масъулияти ин ҳамларо гуруҳи тундгарои "Давлати исломӣ" ба дӯш гирифт. Ҳамлаи Масъуд дар солгарди силсилаи ҳамлаҳои Брюссел рух дод. Соли гузашта дар ин шабу рӯз дар фурудгоҳ ва метрои пойтахти Белгия дар натиҷаи терактҳо 35 нафар кушта шуданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG