Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги мармузи маҳбусон ва шубҳаи наздикони онҳо ба шарҳи расмӣ. ВИДЕО


Акси Некқадам Солеҳов дар телефони модараш

Наздикони се маҳбуси фавтида мегӯянд, бовар надоранд, ки фарзанд ва хешонашон аз заҳролудшавӣ ба ҳалокат расидаанд. Ин дар ҳолест, ки мақомоти давлатӣ гуфтанд, 14 зиндонӣ аз хӯрдани нон (хлеб) заҳролуд шуда, даргузаштаанд.

Модари яке аз зиндониёни фавтида рӯзи 8 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, "бадани писараш ҷойи солим надошт, бинияш шикаста ва рӯяш ҳамин хел буд, ки шинохта намешуд он бачаи хушрӯра".

Саодат Солеҳова, як сокини ноҳияи Варзоб ва модари Некқадам Солеҳови 34-сола, зиндонии фавтида дар роҳи интиқоли зиндониён аз Хуҷанд ба Душанбе, дар ҳоле ки навҳа мекашиду мегирист, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳангоми шустани ҷасади марҳум субҳи 8 июл, дар бадани вай, аз ҷумла тахтапушт ва пойҳояш, осори лату кӯб ва доғҳои сиёҳ мушоҳида шудааст. Вай гуфт, ки ҳамаи изи ин шиканҷаро аксу видео гирифтаанд, аммо мақомот аз телефонҳои онҳо ин аксҳоро пок кардаанд.

Саодат Солеҳова
Саодат Солеҳова

Саодат Солеҳова мегӯяд, ки ба онҳо соати дуи шаб мақомот занг зада гуфтанд, писарашонро, ки "заҳролуд шудааст", аз Хуҷанд меоранд. Модар гуфт, ки дарк кард, фоҷеае шудааст ва соати 6 субҳ мурдаи писарашро супурданд. Ба ин хонавода мақомоти интизомӣ гуфтанд, ки Некқадам ҳамроҳ бо дигар зиндониҳо аз истеъмоли нони заҳролуд даргузашт, вале, ба гуфтааш, дар якуним соат фурсате, ки ҷасад пеш аз дафн дар хона буд, ӯву мурдашӯ ва дигар наздикон дар ҷасади писараш осори осеби ҷисмониву доғҳои сиёҳро мушоҳида кардаанд. Ба гуфтааш, ҷасад аз санҷиши судию тиббӣ гузашта буд, вале як ҳолати нигаронкунандааш ин буд, ки "хеле бӯи бад мекард".

Ӯ гуфт: “Оварданд, дароварданд, бӯй хонаро гирифт. Гуфтам, воҳ, бачаи ман чӣ кор кардааст, ки ин қадар бӯй дорад? Салафана аз сараш гирифтам. Даруни салафан пури хун. Ман медонам, ки одами мурдаро чок карда мебинанд, медӯзанд. Вале охир сар чӣ кор кардааст? Пӯсти сар то охир духтагӣ. Бинӣ задагӣ. Намешиносӣ бачаи хушрура. Гуфтам ин заҳролуд нашудааст, ина чӣ коре кардаанд. Ман сурат гирифтам, аз дастам телефонро кашида гирифтанд, ки мумкин нест. Пуштош сиёҳ шудагӣ мисли свет мондагӣ. Шуяндаҳо дидаанд.”

Наздикони Некқадам мегӯянд, дар қисмати пойи ҷасад ҳам осори захмро мушоҳида кардаанд. Ба гуфтаи модар ҷисми писараш хеле лоғар буд.

Саодат Солеҳова гуфт, ки писараш се сол баъди боздошту содир шудани ҳукм то як-якуним моҳ пеш дар Душанбе, дар зиндони рақами як нигаҳдорӣ мешуд. Ба гуфтаи ӯ, бо ин ки мурофиаи додгоҳӣ ва ҳукмаш ноодилона буд ва писарашро дар ҷараёни бозпурсиҳо зада буданд, солҳои зиндагиаш дар зиндони Душанбе ҳолаш хуб буд ва "раҳбарони зиндон ҳам мегуфтанд, ки рафтори хуб дорад". Вале як ё якуним моҳ пеш ногаҳон писар аз Хуҷанд занг заду хабар дод, ки он ҷо кӯчониданд ва ӯ ҳоло дар карантин аст. Писараш гуфтааст, ки ба каме либосу ғизо фиристанд. Модар мегӯяд, ки вақте ҷасади мурдаи писарро аз назар гузаронид, дид, ки дар ин як моҳ хеле лоғар шуда буд.

Ба гуфтаи модар, Мустафо Солеҳов ҳам аз соли 2017 нопадид шудааст
Ба гуфтаи модар, Мустафо Солеҳов ҳам аз соли 2017 нопадид шудааст

Саодат Солеҳова, ки ҳукми 13 соли зиндони писарашро "беасос" ва "ноодилона" меномад, гуфт, ки соли 2016 мақомот дар Душанбе Некқадамро аз сафар ба Русия боздоштанд ва ӯро бо гумони ҳамдастӣ бо бародари калониаш гунаҳгор карданд, ки гӯё дар Сурия буд. Ин зан мегӯяд, ки писараш он замон дар Литва бо тиҷорати мошин машғул буд ва аз ба ин кор писари дуюмаш Мустафо ҳам аз Русия истода ҳамкорӣ мекард. Мустафо баъди соли 2017 нопадид шудааст ва дараки ӯ ҳам барои волидон ҳеҷ маълум нест. Ин зан бовар дорад, ки агар ҳам писари калониаш дар ҷурме даст дошта бошад, ду писараш қурбони тӯҳмату сохтакорӣ шудаанд.

Саодат Солеҳова мегӯяд, ки ҳоло танҳо як илтиҷо аз президент дорад, ки "аз ҳоли зиндониҳо бохабар шавад".

Видеои гуфтори Саодат Солеҳова:

Модари зиндонии даргузашта: Ба заҳролуд шудани писарам бовар надорам
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:43 0:00

Яке аз наздикони Валиҷон Одинаев, як маҳбуси фавтидаи дигар низ мегӯяд, ҳарчанд тамоми бадани ӯро надидааст, вале рӯяш ҳама “зада шуда буд” ва пушти сараш захме дошт, ки гӯё “бо болға зада буданд”. Ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ гуфт, осори захме, ки дар тани Валиҷон буд, “монанд ба заҳролудшавӣ аз нон набуд” ва ба бовари хонавода, ӯ бар асари латукӯб ва шиканҷа кушта шудааст. Ин дар ҳолест, ки бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ акси Одинаевро нашр кардаанд, ки дар гирди чашми росташ доғи сиёҳе дорад.

Дафни Валиҷон Одинаев: "Танаш хунолуд буд"

Хабарнигорони Радиои Озодӣ, ки субҳи 8 июл дар пушти дари манзили мотамзадаи Одинаевҳо дар деҳаи Бағалаки шаҳри Ҳисор қарор доштанд, шоҳиди он шуданд, ки журналистонро барои ширкат ба маросими дафни Валиҷон Одинаев роҳ надоданд. Валиҷон Одинаеви 42-сола соли 2015 боздошт шуда, барои ҷонибдорӣ аз гурӯҳи мамнӯи “Давлати исломӣ” дар маҷмӯъ ба 13 соли зиндон маҳкум шуд.

Хешовандони марҳум гуфтанд, ки дар маъракаи дафни Одинаев рӯзи 8 июл инчунин “чанд намояндаи мақомот бо либоси мулкӣ” буданд ва ҷараёни маъракаро назорат мекарданд. Онҳо аз наздикони Одинаев талаб мекарданд, ки майит ба зудтарин фурсат гӯронда шавад. Як хеши Одинаевҳо ба Радиои Озодӣ гуфт: "Ҳадаҳа мекарданд, ки зудтар гӯронед. Гуфтем, "замин сахт аст", мегуфтанд, "эксковатор оварда кобед".

Ин хеши Одинаевҳо ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, ки мурдаро нафарони низомипӯш соатҳои 1-и шаби 8 июл ба хонаашон оварданд ва ҳамон замон хешу табору ҳамсояҳо ҷамъ шуданд. Ӯ гуфт, ки вақте худаш сари мурда расида омад, дид, ки “ҷасад ҳанӯз гарм буд” ва “хун аз баданаш шор-шор мерехт”. Ӯ гуфт, азбаски хунрезии бадани мурда тамом намешуд, ӯро ҳамаҷониба бо латтаву пахта бастанд.

Валиҷон Одинаев рӯзи 8 июл дар қабристони деҳаи Бағалак ба хок супурда шуд. Хабарнигоронро иҷозаи ширкат дар маросими дафн надоданд
Валиҷон Одинаев рӯзи 8 июл дар қабристони деҳаи Бағалак ба хок супурда шуд. Хабарнигоронро иҷозаи ширкат дар маросими дафн надоданд

Ақрабои Валиҷон Одинаев гуфт, ки худи ҳодисаи боздошту иттиҳоми ӯ ҳам “хеле сохта” ва “дурӯғ” буд. “Валиҷон як бачаи дунявӣ буд ва тадриҷан ба дин рӯ овард. Риш монд, намозхон шуд. Ана баъди ҳамин ӯро гӯё “нияти Сурия рафтан дорад” гуфта, боздошт карда, аввал ба 5,5, баъд ба 13 соли зиндон маҳкум карданд. Вале ӯро соати 3 шаб июн ё июли соли 2015 аз ҷогаҳи хобаш бурданд, вале баъд саҳнасозӣ карданд, ки гӯё аз ҳавопаймо фароварданд. Ҳамааш аз сар дурӯғ буд”, -- гуфт ӯ.

Ба нақли ин хеши Одинаев, Валиҷон падари чаҳор духтар дар бозори маҳаллӣ масолеҳи бинокорӣ харидуфурӯш мекард ва бародаронаш бо муомилаи асъор машғул буданд. То оғози соли ҷорӣ, ба нақли ин хеши Одинаевҳо, ӯ дар зиндони шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешуд ва вазъаш хуб буд. Баъди ошӯб дар зиндони Хуҷанд ӯро ба ҳамон зиндони рақами 3-и низомаш сангин бурданд ва дигар тамосаш бо хонавода хеле кам шуд.

Падари Абдураҳмон Абдураҳмонов: Ба заҳролудшавии писарам бовар надорам

Дар хонаи Абдураҳмоновҳо ҳам дар деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ аз 8 июл ба ин сӯ ҳама мотамзада аст. Ҳасан Абдураҳмонов, падари Абдураҳмон Абдураҳмонови 22-сола, ки соли 2017 бо ҷурми терроризм ба 12 соли зиндон маҳкум шуд, гуфт, ҷасади писарашро ходимони ҳифзи қонун субҳ ба деҳа оварда, якбора ба қабристон бурданд. Ин мард мегӯяд, ки шумори милиса зиёд буд, “30 нафар милиса буд” ва онҳо пофишорӣ мекарданд, ки мурда зуд ба хок супурда шавад.

Ҳасан Абдураҳмонов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 9 июл гуфт, ки дар ин ҳолат аз онҳо пурсид, ки бо кадоме аз раҳбарон метавонад сӯҳбат кунад. Як нафар ба наздаш омад. Дар идома ӯ гуфт:

“Фарзанди маро куштаанд, ман бовар надорам (ба хулосаи расмӣ, ки гӯё бар асари заҳролудшавӣ ҷон додааст). Гуфтам ба ӯ (раҳбари гурӯҳи ходимони ҳифзи қонун), ки ҷони беҷанашро бидиҳед, ба модарашу дигарҳо нишон диҳам. Шумо ҳам, алҳамдуллилоҳ, мусулмонед. Гуфт, “5 дақиқа вақт”. Дар мошин бор кардему хона овардем. Кушодем, кафана худам боз кардам. Модарашу дигарҳо диданд.

Радиои Озодӣ: Кафан хунолуд буд?

Абдураҳмонов: Не. Писарчаро дидем, маҳкам кардем, бурдем. Он ҷо гуфтем, “боз як бори дигар бинем”, гуфт, “тамом, намекунем”. Гӯраш кардем”.

Абдураҳмонов гуфт, азбаски танҳо қисмати рӯй ва сари писарашро дида тавонист, наметавонад бигӯяд, ки марги ӯ “дар паи хушунат ё зӯр” будааст, вале ба шарҳи расмии мақомот ҳам бовар надорад.

Падар мегӯяд, ки дар шарҳи расмии кӯтоҳ ба онҳо гуфтанд, ки писари ӯву дар маҷмӯъ 14 нафар бар асари истеъмоли хлеби заҳролудшуда фавтиданд, вале ӯ мегӯяд, ки ин шарҳ бисёр норӯшан аст: “Хлеба аз кӣ гирифтанд? Бисёр нофаҳмо”. Абдураҳмон дар миёни чаҳор фарзандаш калонӣ буд. Ба гуфтаи ӯ, барои дигар аъзои оила, аз ҷумла ду писари муҳоҷираш дар Русия шарҳи расмии сабаби марги писар қонеъкунанда нест ва бисёр суолбарангез ва дарднок аст.

Ҳасан Абдураҳмонов мегӯяд, ки писараш шаҳрвандии дугонаи Тоҷикистону Русияро дошт ва ӯро соли 2017 аз Туркия истирдод карданд. Ӯ гуфт, то он замон давоми 1 солу се моҳ бедарак шуд ва ба бовари ӯ, Абдураҳмон дар Туркия дар боздошт буд. Бо ҳукми додгоҳ ӯро дар терроризм айбдор ва ба 12 соли зиндон маҳкум карданд. Қарор буд ӯ боз 10 соли дигарро дар зиндон сипарӣ мекард. Ба нақли падар, то аввалҳои соли ҷорӣ Абдураҳмонро дар зиндони рақами яки Душанбе нигоҳ медоштанд ва баъди ин ба Хуҷанд интиқол доданд.

Вазорати умури дохилӣ: То ҳол ҳеҷ шикояте ворид нашудааст

Талошҳои мо барои дарёфти шарҳи Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи Тоҷикистон бенатиҷа буд. Бархе аз раҳбарони ин сохтор гӯшии телефонро бардоштанд, вале бо ибораи он ки "дар ҷаласа ҳастам", робитаро қатъ намуда, бо ин дигар телефонҳои худро хомӯш намуданд.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи ВКД Тоҷикистон 9 июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки "то имрӯз ҳеҷ яке аз наздикони маҳбусони фавтида зимни интиқол аз Хуҷанд ба Душанбе ба ин ниҳод бо шикояте муроҷиат накардааст. Шояд, ба Додситонии кул ё Вазорати адлия муроҷиат карда бошанд, аммо ба Вазорати корҳои дохилӣ ҳеҷ кас бо шикояте муроҷиат накардааст".

Ҳодисаи марги гурӯҳии 14 зиндонӣ дар таърихи 7 июл ва шарҳи расмии мақомот назар ба ҷавоб, саволҳои зиёде эҷод мекунад, ки ба назар мерасад, посух додан ба онҳо барои мақомоти Тоҷикистон чандон хушоянд нест.

Дар шарҳи расмии мақомоти низоми зиндонҳои Тоҷикистон дар бораи марги зиндониҳо гуфта шуд, ки ин нафарон дар роҳ аз зиндонҳои Хуҷанду Истаравшан ба Душанбе аз истеъмоли нон (хлеб)-и “заҳролудшуда” ба ҳалокат расиданд. Мақомот нагуфтаанд, ки чӣ гуна нони заҳролуд ба дасти маҳбусон расидааст ва оё ин як тасодуф буд ё амале тарҳрезишуда. Ҳоло суоли дигаре низ пайдо мешавад, ки агар маҳбусон аз заҳр фавтидаанд, чаро дар тани онҳо осори латукуб мавҷуд буд ва мақомот наздикони маҳбусонро водор мекарданд, ки ҷасадҳоро ба зудӣ дафн кунанд.

Ҳодисаи мазкур ду моҳ баъди ошӯби пурқурбонии зиндони Ваҳдат ва ҳашт моҳ баъди ошӯб дар зиндони шаҳри Хуҷанд рух медиҳад, ки дар ин ду ҳодиса беш аз 50 нафар ҷон доданд ва мақомот масъулияти ин ҳодисаҳоро ба дӯши маҳкумшудаҳо барои ифротгароӣ вогузор карданд. Ҳанӯз ба ин ду ҳодисаи баҳои ниҳоии ҳуқуқии додгоҳӣ дода нашудааст ва ҳамчунин гурӯҳ ё созмонҳои мустақил имкони таҳқиқи бетараф ва мустақили ин ҳодисаҳоро надоранд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG