Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоли гумонбарони ошӯби зиндони Хуҷанд ба Душанбе


Наздикони маҳкумшудагоне, ки барои ташкили ошӯб дар маҳбаси Хуҷанд айбдор мешаванд, гуфтанд, хешовандонашонро ногаҳонӣ ба Душанбе интиқол додаанд. Мақомот мегӯянд, интиқоли онҳо тибқи нақша сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи наздикони зиндониён, ҳоло аз тақдири хешовандонашон хабар надоранд ва намедонанд, дар пойтахт онҳо дар чӣ вазъият ҳастанд. Мақомот мегӯянд, тасмими интиқоли маҳбусон ба Душанбе, бино бар чораҳои бехатарӣ гирифта шудааст.

Аз ошӯби маҳбаси Хуҷанд шаш моҳ мегузарад ва мақомот беш аз 30 нафар маҳбусро барои ҳамдастӣ дар он айбдор карда, дубора ба ҷавобгарӣ кашиданд.

Наздикони маҳкумшудагони маҳбаси Хуҷанд рӯзи 3-юми июн ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аллакай рӯзи чаҳорум аст, ки аз ҷойи нигоҳдории фарзандонашон хабар надоранд. Модари яке маҳбусоне, ки худро Соробибӣ Ашӯрова муаррифӣ кард, ба Радиои Озодӣ гуфт, намедонад, ки ҳоло фарзандаш дар куҷост.

Ба қавли ҳамсуҳбати мо, бори ахир рӯзи чаҳоршанбеи 29-уми май барои фарзандаш ба Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд хӯрок бурд, вале ду рӯзи баъд ба ӯ гуфтанд, ки фарзандаш дигар дар боздоштгоҳ нест.

"Рузи ҷумъа рафтем, ки ғизо (передачка)-ро нагирифтанд. Гуфтанд, ки фарзандони моро ба Душанбе бурдаанд. На танҳо ба мо, балки ба вакилони мудофеъ ҳам дар ин бора чизе нагуфта, онҳоро аз Хуҷанд ба дигар ҷой бурданд", -- гуфт хонум Ашӯрова.

Хешовандони дигари маҳбусони зиндони Хуҷанд низ мегӯянд, наздикони худро дигар дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд пайдо накарданд.

Мақомоти Идораи зиндонҳо низ интиқоли маҳбусони гумонбар дар ошӯби зиндони Хуҷандро ба Душанбе тасдиқ мекунанд. Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлия гуфт, сабаби аз Хуҷанд ба Душанбе овардани маҳбусони муттаҳам дар ошӯби зиндони Хуҷанд, ба масоили амниятӣ ва бехатарӣ рабт дорад.

Умаров рӯзи 4-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, аксари зиёди маҳбусон ба гуруҳҳои террористӣ, аз ҷумла ДОИШ иртибот доранд ва онҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳар гуна нооромӣ, ба Душанбе интиқол дода шуданд. Сардори Идораи зиндонҳо афзуд, ҳукми ин гуруҳи маҳбусон дар Душанбе эълон мешавад.

"Ҳукмро нахонда, чӣ хел онҳоро бурданд?"

Дар ҳамин ҳол, зане, ки шавҳараш бо ҷурми иштирок дар ошӯби маҳбаси Хуҷанд дар курсии айбдорӣ аст, мегӯяд, рӯзҳои наздик ҳукми шавҳари ӯ ва 30 нафари дигар бояд эълон мешуд. "Адвокатҳо мегӯянд, ки интиқоли онҳо ба Душанбе аз рӯи қонун нест. Чӣ хел ҳукмро нахонда, онҳоро ба Душанбе интиқол доданд?" - суол гузошт ин ҳамсуҳбати мо.

Наздикони зиндониёне, ки мақомот онҳоро дар ошӯби моҳи ноябри соли гузашта гумонбар медонанд, мегӯянд, шаш моҳ аст, ки аз вазъи наздиконашон умуман хабар надоранд. Ба гуфтаи онҳо, ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ ҳам барояшон пӯшида аст ва онҳоро иҷозаи вуруд намедиҳанд.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, ҳатто вакилони дифоъ метарсанд, ки аз ҷараёни мурофиа барои онҳо ягон чиз бигӯянд. "Адвокатҳо метарсанд, ки мо имзо мондагием. Агар гап зананд, гӯё онҳоро бо ду модда парванда мекардаанд",-афзуд яке аз наздикони зиндониён.

Тибқи иттилои дарёфтӣ, дар робита ба ошӯби маҳбаси Хуҷанд 33 маҳбус дубора ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Баррасии додгоҳии афроде, ки барои иштирок дар ошӯби маҳбаси Хуҷанд гумонбар дониста мешаванд, моҳи март аз сӯи додрасони Додгоҳи олӣ шуруъ шуд ва то ин вақт пушти дарҳои баста мегузарад.

Кормандони Додгоҳи олӣ бо далели махфӣ будани парвандаи ошӯби маҳбаси Хуҷанд аз ироаи ҳамагуна маълумот худдорӣ мекунанд. Як масъули Додгоҳи олӣ бидуни зикри номаш гуфт, ин гуруҳи маҳбусони баъди эълони қарори додгоҳ ба маҳбасҳои гуногун тақсим мешаванд. Чун хатар ҷой дорад, ки онҳо дар якҷоягӣ дубора даст ба ошӯб зананд.

Зимнан, намояндаи додситонӣ аз додгоҳ талаб кардааст, ба маҳбусоне, ки дар ташкили ошӯби моҳи ноябри соли гузашта дар маҳбаси Хуҷанд муттаҳаманд, бар иловаи давраи ҷазояшон, аз 10 то 20 соли дигар ҳукми зиндон диҳад.

Маҳбусоне, ки дар ошӯб даст доранд, ба "куштор", "монеъ шудан ба фаъолияти муассисаҳои ислоҳӣ", "расондани зарари вазнини ҷисмонӣ ба саломатӣ" ва "зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳукумат", айбдор мешаванд. Дар ин миён на танҳо маҳбусон, балки 8 маъмури зиндони рақами 3-и Хуҷанд, аз ҷумла роҳбари собиқи он низ аз сӯи додгоҳ муҷозот шуданд.

Ошӯбе, ки ҷузъиёташ то ҳол маълум нашуд

Ба гуфтаи мақомот, ахиран дар зиндони Ваҳдат низ ошӯб сар зад.
Ба гуфтаи мақомот, ахиран дар зиндони Ваҳдат низ ошӯб сар зад.

Бо гузашти наздики ҳафт моҳ аз ошӯб дар зиндони Хуҷанд, то ҳол суолҳои зиёде дар робита ба он боқӣ мондааст. Ҷузъиёти ошӯб аз сӯи мақомот расман шарҳ дода нашуд, ба ҷуз ин, ки мақомот гуфтанд, ошӯб аз ҷониби онҳое ташкил шудааст, ки бо иттиҳоми тундгароӣ ҳукм гирифтаанд.

Зиндонҳои Тоҷикистон дар ним соли ахир шоҳиди ду ошӯби пурқурбонӣ буданд. Баъд аз шаш моҳи ошӯб дар маҳбаси рақами 3-и шаҳри Хуҷанд айни чунин ҳодиса шаби 19-уми май дар зиндони маъруф ба "Кирпичний"-и шаҳри Ваҳдат такрор шуд. Ҳарду ҳодиса бино ба иттилои расмӣ 57 кушта барҷой гузошт.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG