Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони зери 21-солаи Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев бозии дувумашро дар мусобиқаи байналмилалӣ бо тими мизбон - Чин (U-21) - бо ҳисоби 1:1 анҷом дод.
Дар ин бозӣ, ки 6-уми сентябр дар шаҳри Тсюйтсзини Чин баргузор шуд, ҳисобро дар дақиқаи 42-юм нимҳимоятгари мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Муҳаммадҷон Раҳимов боз кард. Дар дақиқаи 69-ум мизбонон ҳисобро баробар намуданд.
Бозӣ зери борон сурат гирифт. Дар нимаи дувуми дидор ба иллати борони сахт бозӣ дар дақиқаи 77-ум қатъ гардид. Дар майдони пуроб бозӣ кардан имконнопазиир шуд. Бинобар ин сардовари бозӣ Хуанг Ечжун аз Чин тасмим гирифт, ки бозӣ идома дода нашавад. Бо қарори ташкилкунандагони мусобиқа натиҷаи бозӣ мусовӣ - 1:1 эълон шуд.
Дар бозии дигари даври дувум мунтахаби ҷавонони Узбекистон (U-21) бар тими Мянмар (U-21) бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад.
Ёдовар мешавем,футболбозони ҷавони тоҷик дар аввалин бозиашон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин, ки 4-уми сентябр баргузор шуда буд, аз тими ҷавонони Узбекистон (U-21) бо ҳисоби 0:1 мағлуб гашта буданд. Голро Ҳусниддин Ғафуров дар дақиқаи 75-ум ба самар расонд.
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-21) бозии севумашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин 8-уми сентябр бо мунтахаби Мянмар анҷом медиҳад.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа баъди натиҷагирии бозиҳои даври дувум чунин аст: 1.Узбекистон - 6 имтиёз (3-0). 2. Чин - 4 имтиёз (2-1). 3. Тоҷикистон - 1 имтиёз (1-2). 4. Мянмар - 0 имтиёз (0-3).
Ширкат дар ин мусобиқаи байналмилалӣ барои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-21) як давраи омодагии даста ба марҳалаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020, ки аз 18-ум то 26-уми марти соли оянда доир мегардад, маҳсуб мешавад.
Мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин
Даври 1-ум
4 сентябр (сешанбе)
Узбекистон (U-21) – Тоҷикистон (U-21) – 1:0
Гол: Ҳусниддин Ғафуров, 75.
Тоҷикистон (U-21): Беҳрӯз Хайриев, Оятулло Сафаров, Табрези Давлатмир, Доробҷон Эргашев (Алишер Баротов, 68), Манучеҳр Сафаров (Маҳмадзарифи Абдураҳим, 78), Кароматулло Саидов, Далер Ёдгоров (Шервонӣ Мабатшоев, 68), Шарафҷон Солеҳов (Муҳсинҷон Абдуғаффоров, 46), Муҳаммадҷон Раҳимов (Сорбон Авғонов, 68), Эҳсони Панҷшанбе, Амирҷон Сафаров (Нуриддин Ҳамроқулов, 46).
Огоҳӣ гирифтанд: Суҳроб Нуруллоев (Узбекистон), Муҳаммадҷон Раҳимов, Кароматулло Саидов, Амирҷон Сафаров (Тоҷикистон).
Аз майдон хориҷ шуд: Муҳсинҷон Абдуғаффоров (Тоҷикистон), 87.
Чин (U-21) – Мянмар (U-21) – 1:0
Даври 2-юм
6 сентябр (панҷшанбе)
Тоҷикистон (U-21) – Чин (U-21) – 1:1. Бозӣ дар дақиқаи 77-ум қатъ шуд.
Голи Тоҷикистон: Муҳаммаджон Раҳимов, 42.
Тоҷикистон (U-21): Беҳрӯз Хайриев, Оятулло Сафаров, Табрези Давлатмир, Ҳусейн Нурматов, Манучеҳр Сафаров, Кароматулло Саидов, Шарафҷон Солеҳов, Муҳаммадҷон Раҳимов, Мунир Давлатбеков, Эҳсони Панҷшанбе, Нуриддин Ҳамроқулов.
Мянмар (U-21) – Узбекистон (U-21) – 0:2
Даври 3-юм
8 сентябр (шанбе)
12:00 – Тоҷикистон (U-21) – Мянмар (U-21)
15:35 – Чин (U-21) – Узбекистон (U-21)
Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе.