Ҳодиса 9-уми август рух дода, Вазорати корҳои дохилӣ 12-уми август дар бораи он хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, марди 39-сола аз ҳиссиёти рашк бо ҳамсараш ҷанҷол намуда, “бо бераҳмии махсус тавассути корди рангуборкунии сохтмонӣ (малярний нож) узвҳои ҳаётан муҳимашро буридааст".
Баъди ин, ба гуфтаи мақомот, мард аз нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ бензин гирифта, берун аз маҳаллаи аҳолинишин худро оташ задааст.
Мақомот мегӯянд, зану мардро ба беморхона интиқол додаанд, аммо аҳволи саломатии ҳарду онҳо вазнин аст. Ҷузъиёти бештари ҳодиса дастрас нест.