Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъд аз гармои ғайримаъмулӣ дар фасли зимистон, билохира, сокинони шаҳри Кӯлоб эҳсос карданд, ки фасли сармо фаро расид. Аз рӯзи 28-уми январ дар минтақаи Кӯлоб беист барф меборад. Аллакай ба равуои мардум мушкил эҷод кардааст.

Мошинҳо ба сабаби тоза набудани роҳҳои шаҳр ба садама дучор мешаванд ва роҳгузарон низ ҳангоми убури роҳ аз эҳтиёт кор мегиранд. Азбаски роҳҳои яхбастаи шаҳр регпошӣ нашудаанд, "тормоз" низ гоҳе ба кор намеояд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Мушкилиҳои барфи деринтизор дар Кӯлоб
лутфан мунтазир бошед
Embed

No media source currently available

0:00 0:02:17 0:00

Билоли Шамс, хабарнигори маҳаллӣ, рӯзи 29-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин шабу рӯз ронандаҳо ҳам эҳтиёткор шудаанд. "Субҳ аз ҷамоати Тугураки ноҳияи Восеъ ба Кӯлоб омадам. Дар рӯзҳои одӣ барои тай кардани ин масофа ҳамагӣ даҳ дақиқа зурар меояд. Аммо ин субҳ як соат вақти моро гирифт. Мошинҳоро бисёр бо эҳтиёт меронанд. Суръати баланди мошин эҳтимоли садамаро зиёд мекунад", - нақл кард ӯ.

Дар минтақаҳои гуногуни шоҳроҳи Душанбе - Кӯлоб низ танбашавии мошинҳо мушоҳида мешавад. Шоҳидон мегӯянд, дар ин роҳ даҳҳо мошин аз ҳаракат мондаанд.

Абдулло Ғурбатӣ, як сокини шаҳри Кӯлоб, гуфт, субҳи 29-уми январ аз Душанбе ба Кӯлоб раҳсипор шуд, вале бо дидани ях дар мавзеи Олимтой ҳаракати мошинро қатъ кард. "Дар инҷо тақрибан 100 мошин дармонда буд. Як мусофирбари "Азия Экспррес" низ дар инҷо мутаваққиф шуда, ҳаракаташро боздоштаааст", - афзуд ӯ.

Масъулони роҳи минтақаи Кӯлоб мегӯянд, аз техника танқисӣ мекашанд ва бинобар ин роҳҳо дер пок мешаванд. Бо ин вуҷуд, Баҳрулло Нуруллоев, сардори Идораи роҳи минтақаи Кӯлоб, зимни нишасти хабариаш гуфт, ҳар чи нирӯе доранд, барои тоза кардани роҳҳо сарф мекунанд.

Зимистони имсола нисбатан гарм омад. Мардум ҳатто соли навро бидуни барф пешвоз гирифтанд. Мақомот мегӯянд, ин шабу рӯз барфборӣ дар аксар минтақаҳои Тоҷикистон дар назар аст ва аз ронандаҳо хоста шудааст, ки аз ҳаракат дар минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG