Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори талабгорони сафар аз Суғд ба Душанбе кам шуд. ВИДЕО


Сардии ҳаво дар чанд рӯзи ахир саффи талабгорони сафар аз Суғд ба Душанберо тавассути роҳи заминӣ камтар кардааст. Рӯзи 11-уми январ дар истгоҳи “таксӣ”-ҳои Хуҷанд мусофирон хеле кам ба назар мерасиданд ва ронандаҳо барои пур кардани мошинҳои худ ба ин сӯву он сӯ медавиданд.

Ҳамин шаб аз Душанбе омадам, роҳ бад набуд. Сард аст ва гоҳе барф мезанад. Рег мезананд, намак мезананд

Роҳи Душанбе – Хуҷанд ягона роҳи заминист, ки шимоли кишварро бо пойтахт мепайвандад. Дар чиллаи зимистон, ки барфу ях ва туман ҳаракати мошинҳоро душвор мегардонад, маъмулан мусофирони сарфакор ё ба истилоҳ буҷавӣ бо роҳи заминӣ аз Хуҷанд ба Душанбе сафар мекунанд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Роҳи Хуҷанд - Душанбе дар чӣ вазъ аст?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:16 0:00

Касоне, ки имконияти молии беҳтар доранд, тавассути ҳавопаймо мераванд. Нархи раҳкирои таксӣ аз Хуҷанд то Душанбе аз 100 то 150 сомонист. Билети ҳавопаймои хатсайри Хуҷанд - Душанбе 240 сомонӣ ва бештар аз он қимат дорад.

"Рег мезананд, намак мепошанд"

Алишер Одинаев, як ронандаи таксӣ, мегӯяд, 13 сол боз дар хатсайри Душанбе - Хуҷанд одам мекашонад. Ӯ ва ҳамкасбонаш дар интизори мусофирон наворҳои видеоии аз зери тарма берун кашидани даҳҳо нафарро дар минтақаи Анзоби шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд тамошо мекунанд. Ин навор дар телефонаш сабт шудааст. Алишер барои иштироки фаъолона дар наҷоти мусофирон аз зери барф бо нишони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст.

Ӯ мегӯяд, “имсол вазъи нигоҳубини роҳ беҳтар аст. Ҳамин шаб аз Душанбе омадам, роҳ бад набуд. Сард аст ва гоҳе барф мезанад. Рег мезананд, намак мезананд, роҳи мошингузар ях нест, канораҳояш каме ях аст.”

Шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ.
Шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ.

Вале ба гуфтаи мусоҳиби мо, баъди сард шудани ҳаво боркашонҳо, ки тобистон ба хотири вайрон нашудани роҳ танҳо шабона сафар мекарданд, ҳамакунун рӯзона низ иҷозаи сафар гирифта, ба ҳаракати мошинҳои хурд халал мерасонанд ва гоҳе онҳоро зери хатар мегузоранд. “Камазҳое, ки “притсеп” доранд, ба ҳаракати таксиҳои мо халал мерасонанд. Баъзан дар роҳ дармемонанд ва роҳ танба мешавад. Баъзе ронандаҳои ҷавон қоидаро вайрон мекунанд. Онҳо аслан андеша намекунанд, ки агар онҳо танҳо худашон дар дохили мошин бошанд, мо чанд мусофир дорем, ҳаёти онҳо зери хатар мемонад.”

"Гуфтанд, ки имрӯз вазъи роҳ каме вазнин шудааст"

Набиҷон Бобоҷонов дар истгоҳи таксиҳои Хуҷанд духтарашро ба Душанбе гусел мекард. Ӯ гуфт, ки духтараш дар пойтахт зиндагӣ дорад ва чанд рӯз пеш ба дидори волидон омада буд. Бобоҷонов бо такя ба ҳарфи ронандаи таксӣ гуфт, роҳ боз асту барфу борон намеборад.

Мусофири дигар бо номи Марҳабо мегӯяд, се рӯз қабл аз Душанбе бо таксӣ ба Хуҷанд омад ва ҳоло ба манзилаш бармегардад. “Вақти омаданам ҳаво офтобӣ ва роҳҳо хушк буд, барф набуд. Имрӯз гуфтанд, ки роҳҳо каме вазнин шудааст, аммо таксиҳо рафта меоянд,” – афзуд ӯ.

Ин суҳбатҳо дар ҳоле буд, ки бар асари бархӯрди мошинҳо дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд як корманди ширкати IRS (Инноватив Роуд Солюшнз), масъули нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар ин роҳ, расонаӣ шуд. Дар ин ҳодисаи рӯзи 11-уми январ корманди дигари ин ширкат ҷароҳат бардоштааст.

Бино ба иттилои расмӣ, ин садама субҳи панҷашанбе дар километри 205-ум, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон рух дод. Ба қавли Далери Абдулло, сухангӯи ширкати IRS, як мошини боркаш ба сабаби фаромадани туман дар канори роҳ таваққуф карда, худравҳои дигар ҳангоми убур ба ин мошин бархӯрдаанд. Сухангӯи IRS мегӯяд, дар маҷмуъ дар ҷои ҳодиса 8 мошин ба ҳам бархӯрдааст.

Марги Зафар Ғоибов

Далери Абдулло гуфт, корманде, ки ҷон дод, дар роҳ машғули таҳияи шароити бехатар барои ронандаҳо буд. "Дар ин миён корманди мо Зафар Ғоибов, ки машғули пошидани моддаҳои зидди лағжиш буд, ҷон бохта, як нафари дигар осеби ҷиддӣ дидааст", - афзуд ӯ.

Вале ба гуфтаи сухангӯи ширкати IRS, дар вақти рухдоди садама ҳолати роҳ хуб буд ва дар маҷмӯъ, субҳи январ ба ҷуз туман дар Шаҳристон ва бархе қисматҳои роҳ дигар чизе ба ҳаракати нақлиёт халал намерасонад. Дар фасли сармо қисмати роҳи Душанбе-Хуҷанд аз Шаҳристон то даромади Хуҷанд зиёд зери туман мемонад.

Роҳи Душанбе-Хуҷандро як масири стратегӣ меноманд, ки пойтахти Тоҷикистонро бо минтақаи шимоли кишвар пайваст мекунад. Ин роҳ на фақат барои интиқоли мусофирон, балки бору муҳимот, маҳсулоти тиҷоратӣ ва сохтмон истифода шуда, мусофиронро то марзҳои Қирғизистону Узбакистон ҳам интиқол медиҳад.

Тоҷикистон дар зимистон ва баҳори соли гузашта шоҳиди барфрезӣ ва боронгариҳои шадид буд, ки талафоти ҷонӣ низ дар пай дошт. Дар фасли зимистони гузашта бар асари резиши тарма дар манотиқи гуногуни кишвар, аз ҷумла роҳи Хуҷанд – Душанбе ҳудуди 20 нафар ҷон бохтанд.

XS
SM
MD
LG