Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Зарра-зарра барф меборад сафед"... ВИДЕО


Бо ин нидо Саъдии 10-сола саросема вориди хона шуда, аз миёни ашёҳои мактабиаш варақи холӣ мекофт, то барои ҳамсояҳо нома навишта барояшон муждаи боридани барфро расонад ва ҳам аз онҳо чизе бихоҳад.

Мактуби Саъдӣ ҳам асосан аз чор мисра иборат буд:

Зарра-зарра барф меборад сафед,

Як зиёфат аз шумо дорем умед.

Сандалиро гарм созед аз алав,

Ширбиринҷу мантую оши палав.

Дар ниҳоят ба қаҳрамони навраси мо муяссар шуд, муждаи барфи аввал ё барфиро ба яке аз ҳамдеҳагонаш супорад. Ба қавли худаш, “ба даст ҳам наафтод”. Ҳамдеҳаи Саъдӣ замоне аз мактуб ё барфӣ огоҳ шуд, ки аллакай Саъдӣ нопадид шуда буд.

Дар барфӣ асосан ягон хӯроки болаззат талаб мекунанд ва ё мехоҳанд, ки шахси қарздор ягон шӯхӣ ё сурудро иҷро кунад. Шахси қарздор бояд инро иҷро кунад

Аммо дар расонидани паёми барфӣ на ҳама муваффақ мешудаанд. Аз ҷумла Довуд Қобилов, як навраси дигар низ мехост мисли Саъдӣ Ниёзов бахташро санҷад. Аммо фирор ба ӯ муяссар нашуд ва бар ивази туҳфаи дархосткардааш барфи хунук насибаш шуд. Аз рӯи одати барфинависӣ, ӯро ба рӯи барф хобонда сару рӯй ва дохили либосашро бо барф пур карданд. Бо ин баҳона ӯро “ҷазо доданд.” Расми ин анъана чунин аст, ки нафаре дар расонидани барфӣ муваффақ шавад, ӯро зиёфат интизор аст, дар акси ҳол барфу ҷазо. Яъне зимни иҷроиши ин русум ё гӯшт мехӯрӣ ё мушт.

“Манзур зиёфатхурӣ нест”

Муждаи барфи аввал ва ё барфинависӣ аз русумҳои қадимӣ дар деҳаҳои Тоҷикистон аст. Сокинони деҳаи Оби Хирф дар ҷамоати Зиддеи ноҳияи Варзоб, ки дар баладкуҳҳои ағбаи Анзоб ҷойгир шудааст, ба мисли аксари деҳоти Тоҷикистон ин анъанаро ҳифз кардаанд. Дар ин деҳа, ки аз моҳи ноябр то аввалҳои апрел барфпӯш аст, сокинон бо боридани барфи аввал ба ҳам барфӣ менависанд ва ба қавли худашон “якдигарро хушҳол мекунанд.”

Саъдулло Ниёзов, омӯзгори ин деҳа мегӯяд, манзур аз навиштани барфӣ дар деҳаи онҳо на зиёфатхӯрӣ ё талаби чиз, балки баҳонае барои сарҷамъ шудан аст.

Ҷаноби Ниёзов мегӯяд, русуми барфинависӣ асосан ҳазли дӯстиву бародарӣ ва баҳонае барои сарҷамъ шудан аст.

“Дар барфӣ асосан ягон хӯроки болаззат талаб мекунанд ва ё мехоҳанд, ки шахси қарздор ягон шӯхӣ ё сурудро иҷро кунад. Шахси қарздор бояд инро иҷро кунад. Яъне бо ин роҳ шӯхӣ карда, вақти якдигарро хуш мекунанд. Дар куҳистон дар фасли зимистон кори доимӣ нест ва мардум бо ин роҳ мехоҳанд як лаҳза ҳам бошад хушҳолӣ кунанд. Бо ин роҳ сокинони деҳаи мо мехоҳанд дӯстию рафоқат миёни онҳо зиёд шавад.”

«Воооо! Барф, барф борид, акнун барфӣ менависам!»
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:45 0:00

“Аз як деҳа ба деҳаи дигар барфӣ мебурданд”

Муҳаққиқон мегӯянд, расми иншои барфӣ аз қадимтарин одатҳои тоҷикон мебошад, ки дар ҳамаи минтақаҳои тоҷикнишин вуҷуд дорад. Ба қавли муҳаққиқон, расми барфӣ ҳоло дар доираи қишри наврас маҳдуд шудааст.

Равшан Раҳмонӣ, профессор ва фолклоршиноси маъруфи тоҷик, ки дар ин мавзуъ таҳқиқ анҷом додааст мегӯяд, расондани муждаи барфи аввал таърихи қадимӣ дорад ва дар байни мардум ҳатмӣ низ буд.

Ба қавли ин фолклоршиноси тоҷик, қаблан дар минтақаҳои тоҷикнишин, сокинон на танҳо барои ҳамдеҳаҳо балки барои бошандагони деҳаҳои ҳамсоя низ барфӣ навишта мебурданд.

“Пиронсолон нақл мекунанд, дар деҳаҳо он қадар барфи зиёд меборид, ки роҳҳо баста мешуд. Онҳо аз як деҳа ба деҳаи дигар барфӣ навишта, бо асп мебурданд. Як нафар хатро бурда ба дасти раиси маҳалла ё деҳа дода, фирор мекард. Онҳо ҳам ҳушёр буданд, ки барфи аввал боридааст ва касе шояд барфӣ менависад. Онҳо бо асп нафареро, ки хат овардааст, таъқиб мекарданд. Агар хатрасон то деҳаи худ расад, ҷониби муқобил муваззаф аст зиёфат ташкил кунад, дар акси ҳол агар дастгир шавад талабҳои навиштаашонро худаш иҷро мекунад.”

“Русуме ки тадриҷан камранг мешавад”

Барфӣ ё муждаи барфи аввал 10-15 сол пеш дар байни мардуми тоҷик зиёд роиҷ буд. Вале, ба қавли худи мардум, бино бар душвор гардидани вазъи иҷтимоъӣ дар кишвар ин ойин камранг шудааст. Акнун касе баъди боридани барфи нахустин дар аксар деҳаҳо барфӣ наменависад ва онро ба дасти аввалин ҳамсояву дӯсти рӯбарӯшудааш намедиҳад, чун медонад, ки дар шароити кунунӣ касе хушнуд гаштаву дархостҳои дар он навишташударо барояш муҳайё намекунад.

XS
SM
MD
LG