Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сноуден дар минтақаи транзитии Шереметево-2 монд


Афзоиши тадобири амниятӣ дар Шереметево-2
Афзоиши тадобири амниятӣ дар Шереметево-2

Мақомоти Русия зоҳиран ба баррасии дархости паноҳандагии Эдвард Сноуден шурӯъ мекунанд.

Вакили мудофеъи рус Анатолий Кучерена, ки рӯзи 24 июл дар минтақаи транзитии фурудгоҳи Шереметево-2-и шаҳри Маскав бо ҷосуси фирории Амрико дидор доштааст, алорағми интизорот, бидуни Сноуден баргашт. Қаблан гуфта мешуд, ки Кучерена бо худ санади Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русияро, ки ба Сноуден ҳаққи тарки минтақаи транзитии ин фурудгоҳро медиҳад, дорад.

Аммо Кучерена баъди берун шуданаш аз минтақаи транзитӣ гуфт, Сноуден дар ҳақиқат мехоҳад дар Русия зиндагӣ кунад, вале баррасии дархосташ ҳанӯз такмил нашудааст. Бо ин ҳол, бархе расонаҳо мегӯянд, раванди расмии баррасии дархости паноҳандагии Сноуден аз сӯи мақомоти Русия шурӯъ шуда ва аз ӯ ҳатто имрӯз изи ангушт ҳам гирифтаанд.

Эдвард Сноуден, ин корманди собиқи мақомоти истихборотии Амрико, ки Амрико ба далели ифшои барномаҳои назоратиаш таҳти ҷустуҷӯ қарораш додааст, аз 23 июн дар минтақаи транзитии Шереметево дармондааст.


Анатолий Кучерена баъди дидор бо Сноуден
Анатолий Кучерена баъди дидор бо Сноуден
Анатолий Кучерена аз онҳое буд, ки мақомоти Русияро ба ироаи ҳаққи паноҳандагӣ ба ҷосуси фирории Амрико ташвиқ мекарданд.

Аввалҳои моҳи июн Эдвард Сноуден барномаҳои махфии ҳукумати Амрикоро, ки, ба гуфтаи ӯ, ҳадафашон назорат аз болои ҳар шаҳрванди кишвар аст, фош намуд. Бар пояи маълумоти Сноуден рӯзномаи амрикоии Washington Post ва рӯзномаи британиявии Guardian хабар доданд, ки ниҳодҳои амниятии ИМА аз ширкати тақдимкунандаи мухобироти мобилӣ бо номи Verizon ва ширкатҳои бузурги интернетии Google ва Facebook дар бораи шаҳрвандон маълумот дастрас мекунанд. Баъд аз фошсозӣ Сноуден ба Ҳонгконг фирор кард ва рӯзи якшанбе, 23 июн, ба Маскав омад.

Дар Амрико дар бораи амали Сноуден назари воҳид мавҷуд нест, бархе ӯро хиёнаткор ва иддаи дигар қаҳрамон мехонанд. Маъмурияти раисиҷумҳур Барак Обама мегӯяд, ки барномаҳои назоратӣ имкон додааст, ки дастикам аз 50 амалиёти террористӣ ҷилавгирӣ шавад. Ҳадафи бархе аз ин амалҳои террористӣ – шаҳрвандони Амрико дар қаламрави худи кишвар буд.

Рӯзи 21 июн додгоҳи аёлати Вирҷинияи Амрико эълон кард, ки алайҳи Сноуден аз рӯи се банд - дуздии моликияти давлатӣ, бидуни иҷоза дар ихтиёри дигарон гузоштани маълумоти сиррӣ роҷеъ ба амнияти давлатӣ ва ифшои барқасдонаи маълумоти маҳрамона - парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ҳар яке аз бандҳо даҳсолии маҳрумият аз озодиро пешбинӣ кардааст.

Вале алакай баъди оғози ин парванда Эдвард Сноуден бастаи наве аз иттилооти сиррии Амрикоро дар дасти расонаҳо гузошт. Ӯ гуфт, ки мақомоти истихборотии Амрико гуфтугӯҳои телефонии мансабдорони аврупоиро гӯш мекарданд ва шабакаҳои компутарии Иттиҳодияи Аврупо, Ҷопон, Кореяи ҷанубӣ ва Ҳиндустонро таҳти назорат доштанд.

Ба Сноуден чанд кишвар, аз ҷумла низомҳоии зиддиамрикоии ҳоким дар Венесуэла ва Никарагуа пешниҳоди паноҳандагӣ додаанд, вале ӯ ба маҳзи набуди роҳҳои амни расидан ба он кишварҳои Амрикои Лотинӣ натавонист тарки Маскав кунад. Дар ин миён Амрико шиносномаи ӯро лағв кард, ки имкони парвозаш ба ҳар кишвари дигарро номумкин мегардонад.

Амрико мехоҳад Эдвард Сноуденро ба далели ифшои барномаҳои саросарии назоратиаш ба масъулият бикашонад ва аз кишварҳо хостааст, ки ӯро таслим кунанд. Аммо раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ахиран гуфт, ки агар Сноуден аз идомаи ифшои асрори ҷосусии Амрико даст бикашад, метавонад дар Русия бимонад.
XS
SM
MD
LG