Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси Сноуден - дар гуфтугӯи телефонии Путин ва Обама


Владимир Путин ва Барак Обама, руасои ҷумҳури Русия ва Амрико дар як тамоси телефонӣ дар бораи вазъи нави Эдвард Сноуден гуфтугӯ карданд.

Эдвард Сноуден рӯзи ҷумъа аз Русия дархости паноҳандагӣ кард. Дар баёнияи Кохи Сафед, ки пас аз ин гуфтугӯ нашр шуд, ҳеҷ ишорае ба эҳтимоли истирдоди Эдвард Сноуден ба Амрико аз сӯи Русия нашудааст. Қабл аз ин сухангӯи Кохи Сафед гуфта буд, ки додани паноҳандагӣ ба Сноуден метавонад ба равобити Русияву Амрико латма занад.

Сноуден пас аз се ҳафта ҳузур дар бахши транзитии фурудгоҳи байналмилалии Маскав, рӯзи ҷумъа бо намояндаони Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар дидор кард. Русия гуфтааст, Эдвард Сноуден дар ҳолате, ки аз интишори маълумоти маҳрамонаи Амрико худдорӣ кунад, метавонад дар он кишвар бимонад. Рӯзи ҷумъа Кохи Сафед ба Русия ҳушдор дод, ки додани паноҳандагӣ ба Сноуден “заминаи таблиғот”-ро ба вай фароҳам меорад.

Давлати Барак Обама аз Русия дархост кардааст, ки Сноуденро истирдод кунад, то вай дар Амрико ба ҷазои аъмоли худ бирасад. Вашингтон қабул надорад, ки Сноуден фаъоли ҳуқуқи башар ё норозии сиёсист. Вай корманди пешини қарордодии Оҷонси амнияти миллии Амрикост ва маълумоти ҷамъовардаро дар бораи гуфтугӯҳои телефонӣ дар саросари ҷаҳон ва маълумотҳои интернетӣ ифшо кардааст.

Ҷей Карнӣ - сухангӯи Кохи Сафеди Амрико дар ин бора чунин мегӯяд: “Фароҳам овардани “заминаи таблиғот” барои оқои Сноуден бо эъломияи пешини ҳукумати Русия дар ин бора, ки Русия ҳузури вайро дар фурудгоҳ зери назорат надорад, муғойират мекунад. Чунин равиш ҳамчунин бо ваъдаҳои Русия, ки намехоҳад Сноуден ба манофеи Амрико зарар расонад созгор нест”.

Аз сӯи дигар, руасои ҷамоҳири кишварҳои Амрикои ҷанубӣ аз иддао дар бораи ҷосусӣ интиқод ва аз ҳаққи кишварҳо барои додани паноҳандагӣ ба Сноуден ҷонибдорӣ карданд. Онҳо дар эъломияи худ аз ҳаққи мусаллами ҳар кишвар барои додани паноҳгоҳ ҷонибдорӣ кардаанд, ҳаққе, ки ба гуфтаи онҳо, бояд маҳдуд ва ё мамнӯъ нашавад. Венесуэла, Боливия ва Никарагуа ба Сноуден паноҳгоҳ пешниҳод кардаанд. Амрико ба кишварҳо фишор меорад, ки ба Сновден паноҳгоҳ надиҳанд ва ё парвози Сноуденро аз ҳарими ҳавоии худ мамнуъ кунанд.

Сноудени 30-сола дар паси дарҳои баста дар фурудгоҳи Шереметево гуфтааст, ки вай зиндагии ороми худро бо кор дар Оҷонси амнияти миллии Амрико қурбон кардааст. Вай дар намояндагии ин оҷонс дар Ҳавайӣ барои барномаи махфие кор мекард.

Ҳоло Сноуден аз талошҳои ҳукумати Амрико барои боздошташ интиқод мекунад ва аз Русия паноҳандагии муваққатӣ хостааст. Путин гуфта буд, ки Сноуденро ба Амрико намедиҳанд, зеро миёни ду кишвар дар бораи истирдоди шаҳрвандон мувофиқатнома вуҷуд надорад. Сноуден дар Амрико барои ҷосусӣ ва рабудани дороии давлатӣ гунаҳгор дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG