Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эдвард Сноуден: Ҷое равам, ки гардун болои сар набошад


Сновден
Сновден

Ҳанӯз рӯшан нест, ки корманди собиқи қарордодии хадамоти кашфи Амрико Эдвард Сноуден Маскавро тарк намудааст ё на.


Хабаргузориҳои Русия менависанд, ки рӯзи душанбе ҳавопаймо аз Маскав ба Ҳавана парвоз кард ва аммо Сноуден миёни мусофирон набуд. Эдвард Сноуден, ки аз сӯи мақомоти Амрико дар ифшои маълумоти сиррӣ айбдор мешавад ва рӯзҳои ахир дар Ҳонгконг панаҳ бурда буд, рӯзи якшанбе, 23 июн ба Маскав омад ва бояд ба кишваре парвоз намояд, ки он ҷо мақомоти амрикоӣ натавонанд боздошташ кунанд. Ҳадс зада мешуд, ки ӯ аввал ба Ҳавана ва аз он ҷо ба Эквадор парвоз мекунад.


Сноуден барои худ нуқтаи нишаст мекобад
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:01 0:00
Линки мустақим


Хабаргузории русии РИА Новости навишт, ки Сноуден дар хатсайри Маскав-Ҳавана аз қайд гузашт ва аммо минтақаи тронзитии фурудгоҳро тарк накардааст. Як манбаи хабаргузории Интерфакс гуфтааст, ки шояд Сноуден ба хотири ҷалб накардани таваҷҷуҳи хабарнигорон Русияро аз тариқи хатсайри дигар тарк намудааст.

Аз ин пеш ҳукумати ИМА аз Маскав хост, ки Эдвард Сноуденро боздошт ва ӯро ба Амрико истирдод кунад, аммо Маскав инро рад кард ва изҳор намуд, далеле барои боздошти ин кормандони собиқи қарордоди Хадамоти маркази кашфи Амрикоро надорад. Мақомоти Амрико Эдвард Сноуденро дар дуздии моликияти давлатӣ, дар ихтиёри дигарон гузоштани маълумоти сиррӣ роҷеъ ба амнияти давлатӣ ва ифшои барқасдонаи маълумоти маҳрамона муттаҳам мекунанд.

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, ки бо як сафари расмӣ дар Ҳиндустон қарор дорад, ба Русия ҳушдор дод, “агар ба ӯ огаҳона иҷозаи ба ҳавопаймо нишастанро диҳанд, ин басо нороҳаткунанда хоҳад буд. Дар натиҷа, ин бидуни шубҳа, ба робитаҳо таъсир ва оқибати ногувор хоҳад дошт.”

Аз ин пеш Чак Шумер, узви Сенати ИМА аз ҳизби демократ, ба шабакаи телевизионии CNN гуфта буд, ки раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳам талош дорад то дасти хадамоти кашфи Амрико ба Сноуден нарасад. Ин гуна бархӯрд, аз нигоҳи сиёсатмадори амрикоӣ, баёнгари ҳампаймони Вошингтон будани Маскав нест.

Ба гуфтаи ӯ, “он чӣ боиси асабоният мешавад, ин аст, ки Владимир Путин фирори Сноуденро ташвиқ ва кӯмак мекунад. Масъала дар асл содда аст – ҳампаймонҳо бояд ба ҳамдигар мадад карда наҷибона бархӯрд намоянд. Дар масъалаи Сурия ва Эрон ва инак дар қазияи Сноуден ба назар мерасад, ки ҳамеша Путин мехоҳад ангушт ба чашми Амрико бихалад ва ин шеваи бархурди ҳампаймонҳо нест. Ман тасаввур мекунам, ки ин қазия барои робитаҳои миёни ИМА ва Русия паёмадҳои ҷиддӣ хоҳад дошт.”


Рикардо Патино
Рикардо Патино
Хабаргузориҳо менависанд, ки ҳадафи ниҳоии Эдвард Сноуден – панаҳ ёфтан дар қаламрави Эквадор аст. Рӯзи душанбе Рикардо Патино, вазири умури хориҷии Эквадор, изҳор намуд, ки кишвараш дархости паноҳандагии Сноуденро дастрас кардаст. “Биёед ба овозаҳо хотима гузорем. Мо дар он маврид ба мавқеъ тасмим хоҳем гирифт. Мо ин қазияро бо масъулияти комил пайгирӣ хоҳем кард ва чун он бо озодии баён ва масунияти мардуми ҷаҳон марбут аст, онро хуб пайгирӣ мекунем ва бояд онро амиқ баррасӣ намоем”, - гуфт Рикардо Патино.

Аввалҳои моҳи июн Эдвард Сноуден барномаҳои махфии ҳукумати Амрикоро, ки, ба гуфтаи ӯ, ҳадафашон назорат аз болои ҳар шаҳрванди кишвар аст, фош намуд. Бар пояи маълумоти Сновден рӯзномаи амрикоии Washington Post ва рӯзномаи британиявии Guardian хабар доданд, ки ниҳодҳои амниятии ИМА аз ширкати тақдимкунандаи мухобироти мобилӣ бо номи Verizon ва ширкатҳои бузурги интернетии Google ва Facebook дар бораи шаҳрвандон маълумот дастрас мекунанд. Баъд аз фошсозӣ Сноуден ба Ҳонгконг фирор кард ва рӯзи якшанбе, 23 июн, ба Маскав омад.

Дар Амрико дар бораи амали Сноуден назари воҳид мавҷуд нест, бархе ӯро хиёнаткор ва иддаи дигар қаҳрамон мехонанд. Маъмурияти раисиҷумҳур Барак Обама мегӯяд, ки барномаҳои назоратӣ имкон додааст, ки дастикам аз 50 амалиёти террористӣ ҷилавгирӣ шавад. Ҳадафи бархе аз ин амалҳои террористӣ – шаҳрвандони Амрико дар қаламрави худи кишвар буд.

Рӯзи ҷумъа додгоҳи аёлати Вирҷинияи ИМА эълон кард, ки алайҳи Сноуден аз рӯи се банд - дуздии моликияти давлатӣ, бидуни иҷоза дар ихтиёри дигарон гузоштани маълумоти сиррӣ роҷеъ ба амнияти давлатӣ ва ифшои барқасадонаи маълумоти маҳрамона парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ҳар яке аз бандҳо даҳсолии маҳрумият аз озодиро пешбинӣ кардааст. Парванда ба он хотир дар шаҳри Александрияи аёлати Вирҷиния боз шудааст, ки Сноуден он ҷо ҳамчун корманди қарордодии мақомоти кашф кор мекард.
XS
SM
MD
LG