Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сноуден: "Ба манфиатҳои Амрико латма нахоҳам зад"


Эдвард Сноуден, корманди собиқи қарордодии Оҷонси амнияти миллии ИМА, хостори паноҳандагии муваққатӣ дар Русия шудааст.

Дар ин бора хабаргузории ИТАР-ТАСС бо такя ба сиёсатмадорон ва ҳомиёни ҳуқуқи башари рус иттилоъ додааст. Нимаи дуввуми рӯзи ҷумъа, 12 июл, онҳо дар фурудгоҳи “Шереметиево” бо Эдвард Сноуден мулоқот карданд.Яке аз ҳомиёни ҳуқуқи башар ба хабаргузорӣ гуфт, ки Сноуден имкони муқими яке аз кишварҳои Амрикои Лотин шуданашро байид намедонад.

Вакили Думаи давлатии Русия Вячеслав Никонов хабар дод, ки Сноуден ҳадафи аз ин баъд осеб расонидан ба манфиатҳои Амрикоро надорад. Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия, изҳор намуд, ки Кремл ҳанӯз дархости Эдвард Сноуден барои дарёфти паноҳгоҳи муваққатро дастрас накардааст, аммо шарти Маскав барои ироаи паноҳандагӣ ба ӯ дигар нашудааст – яъне, Сноуден бояд аз латма задан ба манфиатҳои ИМА даст бардорад.

Аз ин пеш раиси дафтари Amnesty International дар Русия Сергей Никитин изҳор карда буд, ки дар сурати истирдод ба Амрико Эдвард Сноуден дар вазъи
Вячеслав Никонов баъд аз мулоқот бо Сноуден
Вячеслав Никонов баъд аз мулоқот бо Сноуден
сангин қарор хоҳад гирифт, зеро Вошингтон ҳукми додгоҳро интизор нашуда, ӯро аллакай “хоин” хондааст. Эдвард Сноуден дар ватанаш дар ҷосусӣ ва ифшои барномаҳои махфии идораҳои кашфи Амрико айбдор мешавад ва алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Мулоқоти Эдвард Сноуден бо сиёсатмадорон ва ҳомиёни ҳуқуқи башари Русия дар фурудгоҳи “Шереметево” пушти дарҳои баста сурат гирифт. Ӯ аз 23 июн ба ин сӯ, баъди парвоз аз Ҳонконг ва лағви эътибори шиносномаи амрикоияш дар минтақаи тронзитии ин фурудгоҳ ба сар мебарад.

Ҳафтаи гузашта раҳбарони Венесуэла ва Никарагуа изҳор намуданд, ки барои пазируфтани Сноуден дар кишварҳояшон омодаанд. Раисиҷумҳури Венесуэла Николас Мадуро гуфт, "мо тасмим гирифтем ба хотири дифои ин ҷавон Сноуден аз таъқиби бонуфузтарин империалисти ҷаҳон, ки ба хотири фақат ҳақиқатро гуфтанаш роҳаандозӣ шудааст, ба ӯ паноҳандагии байнулмилалии башардӯстона пешниҳод кунем".

Раҳбари Никарагуа Даниэл Ортега ҳам эълом дошт, ки Сноуден «дар сурати мусоид будани шароит» метавонад аз мақоми паноҳандаи сиёсӣ дар ин кишвар бархурдор шавад. Ӯ афзуд, ки Эдвард Сноуден барои дарёфти паноҳандагӣ ба сафорати Никарагуа дар Маскав ариза навиштааст.

Як ҳафта пеш сомонаи WikiLeaks хабар дод, ки корманди собиқи Оҷонси амнияти миллии Амрико барои дарёфти паноҳандагӣ ба мақомоти шаш кишвар муроҷиат кардааст. Аммо номи ин кишварҳо ба хотири ба қазия дахолат накардани ИМА ошкор нашудаааст. Аз ин пеш Эдвард Сноуден аз 21 кишвар, аз ҷумла, чанд кишвари аврупоӣ ва ҳамчунин Ҳиндустон ва Бразилия, дархости паноҳандагӣ карда буд, аммо посухи рад гирифт.

Рӯзи 30 июн маҷаллаи олмонии Der Spiegel ва рӯзномаи бритониёвии The Guardian бо такя ба иттилои Эдвард Сноуден навиштанд, ки хадамоти кашфи Амрико гуфтугӯҳои телефонии мансабдорони аврупоиро гӯш мекарданд ва шабакаҳои компутарии Иттиҳодияи Аврупо, Ҷопон, Кореяи ҷанубӣ ва Ҳиндустонро таҳти назорат доштанд.

Ин хабар боиси баҳси дипломатӣ миёни Вошингтон ва ҳампаймонҳояш дар Аврупову Осиё гардид. Мақомоти Иттиҳодияи Аврупо хабар доданд, ки ҳама биноҳои ин ниҳод ба хотири пайдо кардани таҷҳизоти ҷосусӣ тафтиш карда мешавад.Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ ҳам хостори ташреҳи ИМА шудаанд. Раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Олланд ҷосусӣ аз болои ҳампаймонҳоро "ғайри қобили қабул" номид.
XS
SM
MD
LG