Мурофиаи додгоҳии шаш хорвати босниягӣ дар Гаага мутаваққиф шуд. Ин ҳодиса баъди он иттифоқ афтод, ки як генерали собиқи хорвати босниягӣ дар ҷараёни мурофиа моеи монанд ба заҳрро истеъмол кард.
Як ҳафта пеш аз ин фармондеҳи сербҳои босниягӣ Ратко Младич бо ҳукми додгоҳи байналмилалии Гаага ба ҳабси абад маҳкум шуд.
Телевизиони давлатии Хорватия хабар дод, ки Слободан Праляк даргузашт. Пулиси Ҳолланд ҳанӯз ин хабарро шарҳ намедиҳад. Дар пайибоздошта шудани мурофиаи додгоҳӣ як муҳофизи додгоҳи ҷиноёти ҷангӣ барои Югославияи собиқ гуфт, Праляки 72-сола зинда аст ва табибон вазъи ӯро назорат мекунанд.
Праляк, собиқ фармондеҳи нирӯҳои хорватҳои босниягии ҷанги солҳои 1992-1995 дар ҷараёни мурофиа аз шишачае як навъ моеъро истеъмол кард. Ин ҳодиса баъд аз он рух дод, ки додгоҳи таҷдиди назар ҳукми 20 соли зиндони ӯро тасдиқ кард. "Слободан Праляк ҷинояткори ҷангӣ нест. Ман ин ҳукмро бо нафрат рад мекунам", - дод зад ӯ.
Президенти додгоҳ Кармел Агиус ҳамон замон баррасии парвандаро қатъ кард. Дар беруни додгоҳ пулис, мошини ёрии таъҷилӣ ва ҳам оташнишонҳо намудор ҳастанд. Кормандони хадамоти изтирорӣ вориди додгоҳ шуда, чархболе аз боло вазъиятро назорат мекунад.
Ҳукми Пралйич бетағйир монд
Агиус бархе иттиҳомоти зидди Пралякро пок кард, вале ҳукми ӯро бетағйир гузошт. Праляк соли 2013 ба 20 соли зиндон маҳкум шуд. Ӯ яке аз раҳбарони сиёсиву низомии хорватҳои Босния буд. Праляк барои содир кардани фармони тахриби як пули дар қарни 16 бунёдшуда дар шаҳри Мостар дар соли 1993 айбдор дониста шуд. Додгоҳ гуфт, ки бо ин амри худ Праляк ба сарватҳои таърихии тамаддуни мусалмонон осеб расонд.
Таркиши пули дар замони туркони усмонӣ бунёдшуда ба маънои тахриби як рамзи муҳими Босния дар он солҳои ҷангӣ арзёбӣ мешавад. Ин пул баъдтар барқарор шуд, вале баъди ин дар натиҷаи ҷангҳо тахминан 80 дарсади осори таърихии мусалмонони маҳаллӣ нобуд карда шуд.
Праляк дар баёнияи худ дар додгоҳ рӯзи 29 ноябр гуфт, ки ин пул дар ҷанги он солҳо як ҳадафи низомӣ буд. Дар ҳоле, ки додгоҳ бархе дигар иттиҳомоти Пралякро пок карданд, дар маҷмӯъ мӯҳлати зиндони ӯ тағйир наёфт.
Панҷ муттаҳами дигар, ки ба мӯҳлатҳои аз 10 то 25 соли зиндон маҳкум шуданд, ҳамчунон мехоҳанд ҳукмҳои онҳо бозбинӣ шавад. Ҳанӯз қироати ҳукми дигарҳо анҷом нашудааст.
Даъвати ҷаласаи изтирории ҳукумат дар Загреб
Дар шаҳри Загреб телевизиони давлатӣ эълон кард, ки дар паи ҳодисаҳои Гаага президент Колинда Грабар Китарович сафари расмии худ ба Исландияро қатъ карда ҷаласаи изтирории ҳукуматро даъват кард.
Мирослав Тудйман, писари як дигар муттаҳами узви ин гурӯҳ гуфт, ки Праляк бо ин амали худ “мавқеи инсонии худро ба намоиш гузошт, ки дар чунин вазъияти беҳуқуқӣ набояд бо ҳукми додгоҳ канор ояд”.
Як ҳафта пеш аз ин фармондеҳи сербҳои босниягӣ Ратко Младич бо ҳукми додгоҳи байналмилалии Гаага ба зиндони абад маҳкум шуд.
Ин ҳукм ба баррасиҳои бистсолаи қазияҳои муҷримони ҷиноёти ҷангии Югославияи собиқ нуқта гузошт, ки мудҳиштарин ҷиноятҳо аз замони Ҷанги Дуюми Ҷаҳонро ба баррасӣ гирифта буд.