Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи низомии СММ собиқ фармондеҳи сербҳои Босния Ратко Младичро аз рӯи 11 иттиҳоми ворида дар 10 маврид гунаҳгор дониста, ӯро барои содир кардани ҷиоят алайҳи башарият, аз ҷумла наслкушӣ гунаҳгор номид ва ба ҳукми ҳабси абад маҳкум намуд. Ҳукми додгоҳи Гаага рӯзи 22 ноябр содир шуд.

Ин мурофиаи ниҳоии Ратко Младич буд. Худи ӯ ҳам дар вақти эълони бандҳои иттиҳом дар додгоҳ ҳузур дошт. Аммо баъдан аз толор берун бурда шуд.

Мардону писарҳоро аз пушт парронданд ва ба гӯрҳои дастҷамъӣ партофтанд. Дар солҳои баъдӣ, ҷасадҳои ҳудудан 7 ҳазор қурбонӣ аз рӯи ДНК шиносоӣ шуд.

Ҳукми бебозгашти Младич охирин мурофиаи Додгоҳи байналмилалии ҷинояти ҷангӣ аст, ки барои муҷозоти омилони ҷиноятҳои ҷангии солҳои 1990-уми Югославияи собиқ дар Гаага ҷараён дошт.

Младич, ки душманонаш ӯро "қассоби Босния" ном мебурданд, аз рӯи 11 банди иттиҳоми наслкушӣ, ҷиноят алайҳи инсоният ва ҷинояти ҷанг муттаҳам мешуд. Младич тамоми иттиҳомотро рад мекунад.

Ратко Младичи 75-сола дар заминаи куштори 8 ҳазор мусалмони босниягӣ - асосан мардону писарҳо, соли 1995 дар Сребренитса ба наслкушӣ муттаҳам шуд. Ин ваҳшонияте буд, ки аз замони Ҳолокост дар Аврупо намуна надошт.

Додраси мурофиа Алфонс Орие, ки дар ҷараёни қироати ҳукм бо сабаби доду фиғони Младич ӯро аз толор берун кард, гуфт, нафари муттаҳам ҷиноятҳои мудҳиш анҷом додааст. Ҷараёни муҳокима дар маҷмӯъ 530 рӯз идома кард.

"Мардҳоро аз пушт мепаронданд"

Додситонҳо мегӯянд, ки сарбозони Младич қабл аз ҷудо кардани мардҳо барои қатл, нирӯҳои посдори Созмони Милалро як тараф ронда, пиронсолону занону кӯдаконро ба автобусу мошинҳо бор карданд ва ба қаламравҳои таҳти назорати худ бурданд.

Мардону писарҳоро аз пушт парронданд ва ба гӯрҳои дастҷамъӣ партофтанд. Дар солҳои баъдӣ, ҷасадҳои ҳудудан 7 ҳазор қурбонӣ аз рӯи ДНК шиносоӣ шуд. Аммо бо гузашти даҳсолаҳо ҳазорҳо нафар ҳанӯз гумном боқӣ мемонанд.

Соли 2007 трибунали Гаага кушторҳои дастҷамъиро, ки сербҳои Босния содир карданд, наслкушӣ эълон кард.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG