Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти генерал Толимир дар зиндони Ҳейг


Здравко Толимир
Здравко Толимир

Здравко Толимир, генерали сербҳои Боснӣ, дар маҳбаси Додгоҳи байнулмилалиии Ҳейг ё Гаага, аз олам даргузаштааст. Ӯ барои наслкӯшӣ аз сӯи ин додгоҳ ба ҳабси абад маҳкум шуда буд.

Масъули ҳукумати Сурбия барои ҳамкорӣ бо Додгоҳи байнулмилалии Ҳейг оид ба Югославияи собиқ Расим Лиаҷич рӯзи 9 феврал ба телевизионии давлатии RTS гуфт, ки Толимир шаби гузашта дар маҳбаси додгоҳи низомиии СММ аз олам даргузаштаст.

Здравко Толимири 67-сола, замони ҷангҳои дар Югославияи собиқ “дасти рост”-и фармондеҳи артиши сербҳои Боснӣ Ратко Младич маҳсуб мешуд.

Младич айни ҳол бо иттиҳоми наслкӯшӣ дар Додгоҳи байнулмилалиии Ҳейг қарор дорад. Генерали серб соли 2012 аз сӯи Додгоҳи Ҳейг барои наслкӯшӣ, ҷиноёт алайҳи башарият ва ҷиноёти низомӣ солҳои ҷанг дар Боснӣ дар солҳои 1992-1995 ба ҳабси абад маҳкум шуд. Додгоҳи таҷдиди назар моҳи апрели соли 2015 ҳукмро бетағйир гузошт.

Бар асари ҷанг дар Боснӣ беш аз 100 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд. Генералҳои серб, аз ҷумла, дар куштори тақрибан 8 ҳазор марду навраси мусалмон дар шаҳри Сребренитса айбдор мешаванд.

XS
SM
MD
LG