Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷиноят ва ҷазо. Караҷич ба 40 соли ҳабс маҳкум шуд


Раҳбари пешини сербҳои Боснӣ аз сӯи Додгоҳи байнулмилалии ҷиноии Гаага ё Ҳейг оид ба Югославияи собиқ барои наслкӯшӣ ва дигар ҷиноёт ба 40 соли зиндон маҳкум шуд.

Додгоҳи байнулмилалии ҷиноии Гаага ё Ҳейг оид ба Югославияи собиқ рӯзи 24 март Радован Караҷич, раҳбари пешини сербҳои Босниро барои ширкат дар наслкӯшии Сребренитса ва ҷиноятҳои низомиву ҷиноёт алайҳи башарият замони ҷанг дар Балкан дар миёнаҳои соли 90-ум ба 40 соли зиндон маҳкум кард.

Моҳи июли соли 1995 ҷангиёни серб зери фармони генерал Ратко Младич, ки низ мавриди муҳокимаи додгоҳи Ҳейг қарор дорад, дар Сребренитса тақрибан ҳафт ҳазор мусалмонро куштанд. Ин куштор ваҳшонитарин дар Аврупо аз замони ҷанги дуввуми ҷаҳон арзёбӣ шудааст. Аммо Белград ва раҳбарони сербҳои Босния ин қазияро геносид ё наслкӯшӣ эътироф намекунанд.

Оромгоҳи қурбониёни наслкӯшӣ дар Сребренитса
Оромгоҳи қурбониёни наслкӯшӣ дар Сребренитса

Қаблан додситонҳои додгоҳи Ҳейг Караҷичро “нерӯи таҳрикдиҳанда”-и кушторҳои қавмӣ ҳангоми ҷанги Боснӣ дар солҳои 1992-1995 номиданд ва изҳор карданд, ки ӯ масъули ҳама ҷиноёти дар ин солҳо содиршуда аст. Худи Караҷич тирамоҳи соли 2014 иқрор карда буд, ки чун раҳбари низомӣ барои ҳама ҷиноятҳои аз сӯи сербҳои Боснӣ содиршуда масъулият дорад ва аз қурбониёни онҳо узр хост.

Радован Караҷичи 70-сола, раисиҷумҳури пешини Ҷумҳурии сербҳои Боснӣ, аз рӯи 11 банд айбдор мешуд. Ӯ ҳама иттиҳомро рад кардааст. Додрас зимни қироати ҳукм рӯзи 24 март изҳор намуд, ки яке аз бандҳои иттиҳоми наслкӯшӣ алайҳи Караҷичро лағв шудааст.

Радован Караҷич соли 2008, баъди 13 соли фирор дар Сербия боздошт ва додгоҳи ҷиноии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҳейг истирдод шуд.

XS
SM
MD
LG