Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлагарон ба корманди КДАМ аз 16 то 18 соли зиндон ҳукм гирифтанд


Акс аз мурофиаи додгоҳӣ

Додгоҳи шаҳри Кӯлоб шаш нафареро, ки моҳи май дар як ҳамла корманди Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистонро шадидан захмӣ кардаанд, аз 16 то 18 сол равонаи зиндон кард.

Шаби 13-уми май ба ҷони Муҳиддин Юлаев корманди 25-солаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар маҳаллаи Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб сӯиқасд сурат гирифт ва ӯро бо 24 зарби корд маъюб карданд. Баъдан Вазорати корҳои дохилӣ хабар

Дар паи ҳамла ба Муҳиддин Юлаев ва муолиҷаи шашмоҳа дар бемористон, вазъи саломатиаш нисбатан беҳтар шуда, дасти чапаш аз кор мондааст

дод, ки як гурӯҳро бо гумони ҳамла ба Юлаев боздошт карданд. Ҳукми ин афрод бегоҳи 10-уми октябр содир шуд.

Додгоҳ Ҷамолиддин Камолов ва Азамати Собир, ду нафареро, ки аз онҳо ҳамчун ташкилкунандаи ҳамла ном мебаранд, ба 18 соли зиндон маҳкум кард. Комил Тоштемуров ва Наврӯз Розиқов, ки дар ин ҳамла шарик буданд, ба 17 соли зиндон маҳкум шуданд. Тоҳир Тоштемиров ва Сайфиддин Юсупов барои шарикӣ дар ҷиноят 16 сол равонаи зиндон шуданд. Додгоҳ парвандаи ин афродро бар асоси моддаи “сӯиқасди куштор бо маслиҳати пешакӣ” ва “ҳамла ба корманди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар пайи иҷрои вазифаҳои хизматӣ” баррасӣ кард.

Мурофиаи ин афрод ду моҳи охир дар додгоҳи Кӯлоб ҷараён дошт. Қаблан вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар як гузориш гуфта буд, ки “Камолов дар Душанбе бо бародарон - Тоҳирҷон ва Комилҷон Тошмуродовҳо машварат карда, аз бозори Корвони шаҳри Душанбе се корд харидааст.

Дар шаҳри Кӯлоб ба онҳо Азамати Собир ва Сайфиддин Юсупов барои ҳамла ба ин корманди амният ҳамроҳ шуданд”. Як манбаи Радиои Озодӣ, ки аз ҷараёни мурофиа огоҳ аст, шоми 10 октябр гуфт, ки Ҷамолиддин Камолов ва Азамати Собир барои фаъолиятҳои “шубҳанок ба Кумитаи амният дар минтақаи Кӯлоб даъват ва бозпурсӣ шудаанд”. Айни замон худи маҳкумшудаҳо дар додгоҳ гуфтаанд, ки дар ҷараёни ин мулоқоту бозпурсиҳо Юлаев “рафтори дағалона дошт” ва “онҳоро таҳқир мекард”.

ВКД дар як гузорише дар ин замина гуфта буд, ки муттаҳамони ҳамла ба афсари Кумитаи амнияти миллӣ эҳтимолан пайрави ақидаҳои тундрав ҳастанд. Аммо дар парвандае, ки баррасӣ шуд, моддаи шомил будани ин ҷавонон ба ҷараёнҳои мамнӯи мазҳабӣ вуҷуд надорад. Зимнан, дар паи ҳамла ба Муҳиддин Юлаев ва муолиҷаи шашмоҳа дар бемористон, вазъи саломатиаш нисбатан беҳтар шуда, дасти чапаш аз кор мондааст.

Дар Тоҷикистон солҳои охир мақомоти интизомӣ бо зуҳуроти ифротии мазҳабӣ мубориза мебаранд ва дар ин чаҳорчӯб гоҳо дар робита бо афроде, ки ба қавли мақомот, “либоси бегонаи мазҳабӣ” ба бар мекунанд, сӯҳбатҳо ё рейдҳо анҷом медиҳанд. Дар ҳоле, ки мақомот мегӯянд, аз таъсири ақидаҳои бегонаи динӣ ҷилавгирӣ мекунанд, бархе шаҳрвандон ин маъракаҳоро хилоф бо ҳуқуқи конститутсионӣ ва озодии баён меноманд. Ин ҳодисаи камназир аст, ки дар Тоҷикистон гурӯҳи шаҳрвандон дар паи баҳсҳои марбут ба намуди зоҳирӣ ба як ходими амният ҳамла кунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG