Пайвандҳои дастрасӣ

ВКД: Ҳамла ба корманди КДАМ дар Кӯлоб “қассосгирӣ буд”


Бинои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон

Масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳамла ба корманди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар минтақаи Кӯлобро ба фаъолияти ӯ рабт доданд. Онҳо бо пахши гузориши расмӣ гуфтанд, ин ҳамларо Ҷамолиддин Камолов, сокини шаҳри Кӯлоб, ташкил ва тарҳрезӣ кардааст.

Ба иттилои манбаъ, Камолов “барои қассос гирифтан” нақшаи ҳамла ба корманди КДАМ-ро кашида, рафиқони дигарашро барои амалӣ кардан ба он ҷалб намудааст. “Камолов дар Душанбе бо бародарон – Тоҳирҷон ва Комилҷон Тошмуродовҳо машварат карда, аз бозори Корвони шаҳри Душанбе се корд харидааст. Дар шаҳри Кӯлоб ба онҳо Азамати Собир ва Сайфиддин Юсупов ҳамроҳ мешаванд”, - омадааст дар гузориши ВКД.

Қаблан мақомот гуфта буданд, ки бо гумони ҳамла ба корманди КДАМ 6 нафар боздошт шудааст, аммо ба гузориши ВКД нисбат ба панҷ нафар айб эълон шудааст.

Ҳарчанд Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ин ҳамларо “қассос гирифтан” ва ба фаъолияти хидматии афсари амният марбут донист, вале ҷузъиёти онро шарҳ надод. Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз мақомоти интизомӣ дар Кӯлоб гуфт, аввали соли равон афсари амният Ҷамолиддин Камоловро, ки дар мавридаш шубҳа пайдо шуда буд, ба утоқи кориаш даъват ва бозпурсӣ кардааст. Пас аз боздошт, дар бозпурсиҳо Камолов гуфтааст, ки афсари амният худ ва ҳамсари ӯро таҳқир кард.

“Худи ин нафар мегӯяд, ки ҳангоми пурсиш афсари амният гуфтааст, агар даъват кардам наоӣ, занатро даъват мекунам. Мумкин дурӯғ гӯяд. Ҳоло тафтиш сабабашро пурра маълум мекунад”,-гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Шаби 13-уми май ба ҷони як корманди 25-солаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон сӯиқасд сурат гирифта буд. Ба тани ин афсари амният 24 корд задаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG