Пайвандҳои дастрасӣ

Додситонии Кӯлоб ҳамла ба афсари КДАМро таҳқиқ мекунад. САДО


Додситонии шаҳри Кӯлоб аз рӯи қазияи ҳамла ба як корманди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ин шаҳр парвандаи ҷиноӣ боз карда, ҷустҷӯи ҳамлагарон идома дорад.

Нашрияи "СССР" бо такя ба Раҳмоналӣ Имомзода, прокурори шаҳри Кӯлоб навишт, ки аз рӯи ҳодисаи ҳамла ба як ходими КДАМ, ки шаби 13-уми май рух додааст, парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ҷустҷӯи ҳамлагарон идома дорад. Додситони шаҳри Кӯлоб ба нашрия гуфтааст, ки дар ҳодисае, ки наздик ба соатҳои 22 он рӯз дар назди як бинои истиқоматӣ рух дод, ба бадани як афсари КДАМ 24 зарбаи корд зада аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.

Раҳмоналӣ Имомзода
Раҳмоналӣ Имомзода

Дар таҳқиқи ҳодиса муфаттишони додситонии шаҳр, полиси шуъбаи корҳои дохилӣ ва ҳам гурӯҳи оперативии Кумитаи амнияти миллӣ сафарбар шудаанд. Ба иттилои "СССР" субҳи якшанбе, 14 май муовини вазири ВКД Абдураҳмон Аламзода бо як гурӯҳи фаврӣ ба Кӯлоб рафта бо ҷараёни тафтишот ошно шудааст.

Афсари маҷрӯҳ дар шӯъбаи эҳёгарии Беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб бистарӣ аст.​

Навори видеоии фирори гумонбар

Мақомоти интизомӣ мегӯянд, ки навори видеоии фардеро дар ихтиёр доранд, ки дар эҳтимоли содир кардани ин ҳамла гумонбар дониста мешавад.

Як мақоми огоҳ аз қазия рӯзи 15-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ду камераи назоратии мағозаҳои хиёбони Исмоили Сомонии Кӯлоб фарде сабт шудааст, ки зоҳиран омили ҳамла аст. Ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, шаби 13-уми май аз афроди номаълум ба як афсар Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамла карданд ва ӯро чандин корд заданд.

Ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ, то ҳол маълум нест, ки ба афсар чанд нафар ҳамла кардаанд, вале пас аз ин ҳамла дар ду камераи назоратӣ фирори як нафар аз маҳалли ҳодиса сабт шудааст.

"Ҳодиса дар ягон камераи назоратӣ сабт нашудааст, вале 20-30 метр дуртар дар наздикии мағозаи маъруфи “Равшан” як дурбини назоратӣ гурехтани як ҷавонро сабт кардааст. Каме дуртар аз меҳмонхонаи “Хатлон” низ фирори ҳамон ҷавон мушоҳида шудааст, вале дигар он дар ҳеҷ ҷо сабт нашудааст” -гуфт, ӯ.

Ҳозир ба худ омада, кам-кам сӯҳбат мекунад, вале аз шӯъбаи эҳёгарӣ ҳанӯз берун нашудааст.

Ҳамсӯҳбати мо гуфт, дар ин ҳамла шояд нафари дигар ҳам нақш дошта бошад, вале ҳоло тафтишот танҳо бар асоси ҳамин навору шоҳидии чанд нафар, ки аз дур ҳодисаро дидаанд, қазияро таҳқиқ мекунад.

Ангезаҳои ҳамла, ба гуфтаи мақомот ҳанӯз маълум нест ва фарзияеро ҳам пешниҳод накардаанд. Онҳо мегӯянд, афсари захмӣ ба ҳуш омадааст, вале пизишкон ба далели вазъи вазнини бемор иҷозаи пурсуҷӯи ӯро надодаанд. Як пизишки шифохонаи вилоятӣ дар шаҳри Кӯлоб рӯзи 15-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, вазъи афсари захмишуда рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст.

“Ҳозир ба худ омада, кам-кам сӯҳбат мекунад, вале аз шӯъбаи эҳёгарӣ ҳанӯз берун нашудааст” - гуфт ӯ.

Дар Тоҷикистон ҳамла ба кормандони амниятӣ ва афсарони пулис бисёр кам иттифоқ меафтад ва агар сурат гирифта бошад ҳам ба гуфтаи мақомот дар заминаи маишӣ ва ё моҷароҳои хусусӣ будааст.

Азбаски Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандиро паси сар кардааст ва ҳоло аз таҳдидҳои амниятие ба мисли ифротгароии исломӣ нигарон аст, чунин ҳодисаҳо, мақомоти амниятӣ ва мардумро нигарон мекунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG