Пайвандҳои дастрасӣ

Талаби аз 17 то 18 сол зиндон барои шаш ҳамлавар ба корманди КДАМ


Додситонӣ аз додгоҳи шаҳри Кӯлоб хост, шаш нафареро, ки дар ҳамла ба як корманди амният дар ин шаҳр даст доранд, аз 17 то 18 сол равонаи зиндон кунад. Мурофиаи ин афрод ду моҳ боз дар додгоҳи Кӯлоб ҷараён дорад ва имрӯз додситонӣ талабашро ба додгоҳ баён дошт.

Шаби 13-уми майи соли ҷорӣ ба ҷони як корманди 25-солаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар маҳаллаи Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб сӯиқасд сурат гирифт ва ӯро бо 24 зарби корд маъюб карданд. Мақомот Ҷамолиддин Камолов, сокини шаҳри Кӯлобро нафаре медонанд, ки ин ҳамларо ташкил ва тарҳрезӣ кардааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар як гузориш гуфта буд, ки “Камолов дар Душанбе бо бародарон -Тоҳирҷон ва Комилҷон Тошмуродовҳо машварат карда, аз бозори "Корвон"-и шаҳри Душанбе се корд харидааст. Дар шаҳри Кӯлоб ба онҳо Азамати Собир ва Сайфиддин Юсупов барои ҳамла ба ин корманди амният ҳамроҳ мешаванд”.

Ин афрод дар додгоҳ гуфтаанд, ки онҳоро ин корманди амният пайваста таҳқиру азият медод, вале на ҳамаи онҳо дар ин ҷиноят даст доранд. Ҷамолиддин Камолов, нафаре, ки мақомот ташкилкунадаи ин ҷиноят медонад, гуфтааст, “ҳангоми пурсиш афсари амният мегуфт, ки агар даъват кардам наоӣ, занатро даъват мекунам.”

Мақомоти интизомӣ дар Кӯлоб қаблан гуфта буданд, ки муттаҳамон ба ҳамлаба афсари Кумитаи амнияти миллӣ, пайравони ҷараёни мамнӯи "Салафия"ҳастанд. Аммо дар парвандае, ки баррасӣ шуд, моддаи шомил будани ин ҷавон ба ҷараёни салафия вуҷуд надорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG