Пайвандҳои дастрасӣ

Парвандаи ҳамла ба корманди КДАМ ба додгоҳ рафт


Тафтиши парвандаи ҷиноӣ дар нисбати панҷ сокини Кӯлоб, ки барои ҳамла ба як корманди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ айбдор мешуданд, анҷом ёфта, ба додгоҳи минтақаи Кӯлоб ирсол шудааст. Тафтишотро додситонии шаҳри Кӯлоб анҷом додааст.

Як манбаъ аз мақомоти интизомӣ дар шаҳри Кӯлоб рӯзи душанбеи 4-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тафтиши ин парванда ҳафтаи гузашта ба итмом расида, ба додгоҳ ирсол карда шуд. Манбаъ афзуд, ки бодоштшудаҳо дар ҳоли ҳозир дар Душанбе қарор доранд ва баъди интиқоли онҳо ба боздоштгоҳи шаҳри Кӯлоб, қарор аст мурофиаи додгоҳӣ оғоз шавад.

Мақомоти интизомӣ қаблан гуфта буданд, ки муттаҳамони ҳамла ба афсари Кумитаи амнияти миллӣ дар Кӯлоб, пайравони ҷараёни мамнӯъи "Салафия" ҳастанд.

Ирсоли парвандаи ҷиноӣ алайҳи панҷ сокини Кӯлоб ба додгоҳ дар ҳолест, ки вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон қаблан ҳамла ба ин корманди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар минтақаи Кӯлобро ба фаъолияти ӯ рабт дода буд. Ин вазоратхона дар аввалҳои моҳи июн бо пахши гузориши расмӣ гуфт, ин ҳамларо Ҷамолиддин Камолов, сокини шаҳри Кӯлоб, ташкил ва тарҳрезӣ кардааст.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Камолов “барои қассос гирифтан” нақшаи ҳамла ба корманди КДАМ-ро кашида, рафиқони дигарашро барои амалӣ кардан ба он, ҷалб намудааст. “Камолов дар Душанбе бо бародарон -- Тоҳирҷон ва Комилҷон Тошмуродовҳо машварат карда, аз бозори "Корвон"-и шаҳри Душанбе се корд харидааст. Дар шаҳри Кӯлоб ба онҳо Азамати Собир ва Сайфиддин Юсупов ҳамроҳ мешаванд”, - омада буд дар гузориши ВКД.

Мақомот қаблан гуфта буданд, ки бо гумони ҳамла ба корманди Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон 6 нафар боздошт шудааст, аммо ҳоло манобеъ мегӯянд, ки дар нисбати панҷ нафар айб эълон шудааст. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳарчанд ин ҳамларо “қассос гирифтан” ва ба фаъолияти хидматии афсари амният марбут донист, вале ҷузъиёти онро шарҳ надода буд.

Аммо як манбаъ аз мақомоти интизомӣ дар Кӯлоб гуфта буд, авоили соли равон афсари амният Ҷамолиддин Камоловро, ки дар мавридаш шубҳа пайдо шуда буд, ба утоқи кориаш даъват ва бозпурсӣ кардааст. Пас аз боздошт, дар бозпурсиҳо Камолов гуфтааст, ки афсари амният худ ва ҳамсари ӯро таҳқир кард.

“Худи ин нафар мегӯяд, ки ҳангоми пурсиш афсари амният гуфтааст, агар даъват кардам наоӣ, занатро даъват мекунам. Мумкин дурӯғ гӯяд. Ҳоло тафтиш сабабашро пурра маълум мекунад”,-гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Шаби 13-уми май ба ҷони як корманди 25-солаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар маҳаллаи Исмоили Сомонӣ сӯиқасд сурат гирифта буд. Ба тани ин афсари амният 24 корд задаанд. Ҳувияти ин афсари амниятро мақомот ошкор накарданд.

Мақомоти интизомӣ дар Кӯлоб қаблан гуфта буданд, ки муттаҳамон ба ҳамла ба афсари Кумитаи амнияти миллӣ, пайравони ҷараёни мамнӯи "Салафия" ҳастанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG