Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомот: Ҳамлагарони афсари амният "салафиҳо" будаанд


Мақомоти интизомӣ дар Кӯлоб мегӯянд, ки муттаҳамон ба ҳамла ба афсари Кумитаи амнияти миллӣ дар Кӯлоб пайравони ҷараёни мамнӯъи Салафия ҳастанд. Дар маҷмӯъ дар робита ба ин ҳамла 6 нафарро дастгир карданд.

Як манбаъ дар мақомоти интизомӣ рӯзи 22-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, дар робита ба ҳамла ба афсари Кумитаи амният 6 нафар дастгир шуданд. Ба қавли ӯ, ҳамла ба афсари Кумитаи амнияти миллиро ин афрод аз пеш тарҳрезӣ кардаанд. Номи афроди боздоштшударо нагуфтанд.

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, чаҳор нафар рӯзҳои 20 ва 21-уми май дастгир шуданд ва ду нафари дигарро шаби 22-уми май боздошт карданд. Ба гуфтаи манбаъ, мумкин аст ин афродро ба ифротгароӣ ва сӯиқасд ба ҷони корманди мақомоти ҳукуматӣ муттаҳам кунанд.

Рӯзи 13-уми май афроди ношинос ба як афсари Кумитаи амнияти миллӣ дар маркази Кӯлоб ҳамла карда ва ӯро 24 корд задаанд. Афсари маҷрӯҳро барои идомаи муолиҷа ба шаҳри Душанбе бурдаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG