Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти интизомӣ дар Кӯлоб мегӯянд, ки муттаҳамони ҳамла ба афсарони Кумитаи амнияти миллӣ ва вазорати умури дохилиро дастгир кардаанд. Як манбаи мӯътамад дар мақомоти интизомӣ рӯзи 21-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, дар робита ба ҳамлаи афсари Кумитаи амният се нафар ва як нафари дигар барои латукӯби афсари милисаи зан дар минтақаи Кӯлоб дастгир шуданд.

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, ин афрод, ки сокинони Кӯлоб ҳастанд, рӯзҳои 20 ва 21-уми май дастгир шуданд, вале то кунун расман ба онҳо айб эълон накардаанд. Ба гуфтаи ӯ, ангезаҳои ҳамла танҳо пас аз эълони айб гуфта мешавад, вале ҳоло дақиқ шудааст, ки ҳамла ба афсари амният ва милиса ҳеҷ пайванде ба ҳам надоранд.”

“Танҳо ҳаминро гуфта метавонем, ки ҳамла ба корманди милиса ва ба корманди амният ҳодисаҳои ҷудогона ҳаст ва ба ҳамдигар рабт надоранд” - гуфт ӯ.

Рӯзи 13-уми май афроди ношинос ба як афсари Кумитаи амнияти миллӣ дар маркази Кӯлоб ҳамла карда ва ӯро 24 корд задаанд. Додситонии шаҳри Кӯлоб бо моддаи “сӯиқасд ба куштор”, парванда боз кард. Ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ ин афсари маҷрӯҳро барои идомаи муолиҷа ба шаҳри Душанбе бурдаанд.

Ҳамла ба афсари милиса рӯзи 17-уми май ба вуқӯъ пайваст. Марям Шарифзода – лейтенанти 24-солаи милиса – шабона дар назди манзили зисташ, воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, мавриди ҳуҷум қарор гирифтааст.

Афроди ношинос ба сару рӯйи корманди милиса бо мушту лагад зада, бо огоҳ шудани сокинон, аз ҷойи ҳодиса фирор кардаанд. Ҳарду ҳодиса дар маркази шаҳр ба вуқӯъ пайваст ва нигаронии сокинони Кӯлобро барангехт.

Вазорати умури дохилӣ гуфт, ки таҳқиқи қазияи ҳамла ба афсари милиса идома дорад. Дар бораи ҳамла ба афсари Кумитаи амният мақомот то кунун изҳори назар накардаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG