Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё дар Қирғизистон пойгоҳи дувуми Русия боз мешавад?


Дар ҷомеаи Қирғизистон оташи баҳсҳо дар мавриди боз шудани пойгоҳи дувуми Русия дар ин кишвар ҳанӯз хомӯш нашудааст. Маскав барои баррасии ин масъала изҳори омодагӣ мекунад, вале Бишкек ишора дорад, ки зарурате барои ин намебинад.

  • Ангезаи вокунишҳои оммавӣ дар Қирғизистон мусоҳибаи сафири ин кишвар дар Русия Аликбек Ҷекшенқулов ба хабаргузории русии ТАСС гардид. Дар ин мусоҳиба Ҷекшенқулов хотирнишон мекунад, ки "масъалаи зарурати боз кардани пойгоҳи дувуми низомӣ дар ҷануби Қирғизистон дар ихтиёри роҳбарияти олии ду кишвар қарор дорад ва эҳтимол дар мулоқоти моҳи март баррасӣ шавад".
Масъалаи соддае нест, ки биравед ва як хода халонеду гӯед, ин пойгоҳ аст. Агар дар Афғонистон нооромиҳо шиддат гиранд, пас, зарур мешавад, ба эҷоди чунин иншоот ё дар Ҷалолобод ва ё дар Ӯш ҷиддан машғул шуд. Ё шояд дар Бодканд.

Изҳороти сафир дар Қирғизистон вокунишҳои густарда ба бор овард. Гуфтугузорҳо ба вуҷуд омад, ки Русия бо ин роҳ мехоҳад мавқеи худро дар Қирғизистон қавитар кунад. Худи Ҷекшенқулов рӯзи 4-уми феврал ин баҳсҳоро шарҳ дод ва гуфт, мазмуни изҳороташро таҳриф мекунанд ва аз тарафҳои вориди баҳс дархост кард, ки “матни мусоҳибаро бихонед”.

"Он ҷо гуфта шудааст, ки эҳтимол президентҳо ин масъаларо баррасӣ кунанд. Танҳо ҳамин. Шумо медонед, ки дар Афғонистон вазъ шиддат мегирад. Минтақаҳои ҷанубии мо дар наздикӣ бо Афғонистон қарор доранд ва эҳтимол баррасиҳо рӯйи таъмини амният дар минтақа сурат бигиранд. Шояд баррасиҳо ҳам сурат нагирад. Танҳо ҳамин. Чизи мушаххасе нест", - гуфт Ҷекшенққулов.

Русия омода аст, Қирғизистон не?

Сооронбой Ҷээнбеков, раиси ҷумҳури Қирғизистон бо Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия
Сооронбой Ҷээнбеков, раиси ҷумҳури Қирғизистон бо Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар оғози ҳафтаи равон дар Бишкек буд ва мавзӯи пойгоҳи дувуми низомии ин кишвар дар Қирғизистонро шарҳ дод. "Ин ташаббуси мо нест. Мо бори аввал аст, ки дар ин бора мешунавем. Омода ҳастем, ки бо дӯстони қирғиз он идеяҳоеро баррасӣ кунем, ки дар инҷо шакл гирифтаанд", -изҳор дошт Лавров.

Раҳбари ниҳоди сиёсати берунии Қирғизистон Чингиз Айдарбеков дар навбати худ ин масъаларо шарҳ дода, ба он розӣ шуд, ки раиси ҷумҳур Сооронбой Ҷеээнбеков дар ин маврид изҳороти рӯшане ироа кард. Ҷээнбеков моҳи декабри соли 2018, дар нишасти матбуотӣ гуфт, барои Қирғизистон як пойгоҳи низомии Русия кофист.

Дар поёни нишаст ҳар ду вазир ҳам тасдиқ карданд, ки ин масъала дар дастури кори баррасиҳои равобити дуҷониба қарор надошт.

Мавзуъ бори аввал нест, ки матраҳ мешавад

Чингиз Айдарбеков
Чингиз Айдарбеков

Масъалаи боз кардани пойгоҳи низоми дувуми Русия дар Қирғизистон аз соли 2006 ба ин сӯ матраҳ мешавад. Он замон расонаҳо навишта буданд, ки ҷониби Қирғизистон барои пойгоҳ дар вилояти Бодканд қитъаи замин ҷудо кардааст, аммо Русия хостори тамрингоҳи куҳнаи вилояти Ӯш шуд.

Пештар, моҳи июни соли 2017, раиси ҷумҳури собиқ Алмосбек Отамбоев гуфта буд, ки ба Владимир Путин пешниҳод кардааст, дар ҷануби кишвар пойгоҳи низомӣ боз кунанд. "Ман ба Владимр Владимирович гуфтам, ки агар воқеан мехоҳед дар мавриди амнияти умумӣ фикр кунед, пас, манфиатдорем, барвақттар ба сохтмони кадом як майдончаи омодагӣ дар ҷануби кишвар оғоз кунем. Фикр мекунам, ин гузинаи хубе хоҳад буд", - гуфт он.

"Русия тибқи шароит амал хоҳад кард"

Андрей Грозин, мудири шуъбаи Осиёи Марказӣ дар Пажӯҳишгоҳи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, Маскав вазъиятро пайгирӣ хоҳад кард ва бархоста аз ин иқдомоти баъдияшро маълум мекунад.

Андрей Грозин
Андрей Грозин

Ӯ гуфт, "суҳбатҳо дар мавриди боз кардани пойгоҳи дувуми низомӣ аз хеле пеш вуҷуд доранд. Агар дар ёд дошта бошед, дар ин бора ҳанӯз дар замони ҳукумати Қурмонбек Боқиев мегуфтанд. Аммо бозсозии ҳама гуна системаҳои низомӣ танзимоти қобили таваҷҷуҳи фанновариву маъмуриро металабад. Ин як масъалаи соддае нест, ки бираведу як хода бихалонед ва эълон кунед, ки ин пойгоҳ аст. Рӯшан аст, ки феълан Русия рӯйи имконпазир будани чунин як иқдом меандешад. Агар дар Афғонистон нооромиҳо шиддат гиранд, пас, зарур мешавад, ба эҷоди чунин иншоот ё дар Ҷалолобод ва ё дар Ӯш ҷиддан машғул шуд. Ё шояд дар Бодканд.”

Соли гузашта вазири дифои Русия Сергей Шойгу иттилоъ дод буд, ки Русия пойгоҳҳои низомии кишварашро дар Қирғизистону Тоҷикистон тақвия хоҳад кард.

“Худи пойгоҳҳо он қадар муҳим нестанд, ки...”

Аммо дар доираҳои коршиносии Қирғизистон дидгоҳи қотеъ дар мавриди зарурати боз кардани пойгоҳи дувуми низомӣ дар ҷануби кишвар вуҷуд надорад. Сиёсатшинос Медет Тюлегенов бар ин назар аст, ки аз нуқтаи назари амалӣ, бо фарқ аз солҳои 90-ум ва 2000-ум ҳоло зарурати рӯшане барои ин нест. Ба гуфтаи вай, агар бахши низомии ин масъаларо канор гузорем, пас, он бештар бо заруратҳои сиёсӣ таҳмил шудааст.

Аликбек Ҷекшунқулов
Аликбек Ҷекшунқулов

“Шояд худи пойгоҳҳо он қадар муҳим набошанд, ки зарурати гуфтугузорҳо дар мавриди онҳо муҳим аст. Фикр мекунам, таъкид рӯйи таърихи эҷоди пойгоҳ дар ҷануб ба он хотир сурат мегирад, ки ҳангоми дидори мавриди назари президентҳо ин ё он мавзӯи марбут ба амният баррасӣ шавад”, - мегӯяд Тюлгенов.

Дар мавриди он ки оё баъди изҳороти Сооронбой Ҷээнбеков дар масъалаи боз кардани пойгоҳ дар Қирғизистон нуқта гузошта шуд, Тюлгенов мегӯяд, ин марбут ба он мешавад, ки то чӣ андоза раиси ҷумҳур рӯйи амалҳо ва изҳороти худ қотеъ хоҳад буд.

То соли 2014 дар қаламрави Қирғизистон ба ҷуз иншооти низомии Русия ҳамчунин пойгоҳи ҳавоии Амрико дар фурудгоҳи “Манас” вуҷуд дошт, ки ба нерӯҳои НАТО дар Афғонистон хидмат мекард.

Дар давоми 12,5 сол Амрико ба Қирғизистон барои иҷораи пойгоҳ ҳамасола дар оғоз 27 миллион доллар ва баъдтар 60 миллион доллар пардохт мекард. Аммо дар соли 2013 порлумони Қирғизистон бо ташаббуси раиси ҷумҳури собиқ Алмосбек Отамбоев созишномаро қатъ кард ва баъди як сол амрикоиҳо Бишкекро расман тарк намуданд.

Ин андешаро Отамбоев ҳанӯз дар замони корзори интихоботиаш дар соли 2011 изҳор карда буд, вале он замон хеле кам ин изҳоротро ҷиддӣ гирифта буданд.

"Пойгоҳҳои низомӣ ба фоидаи манофеи миллӣ нестанд"

Сиёсатшиноси қирғиз Эмил Ҷӯраев бар ин назар аст, ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ ҷалби таркибҳои низомии хориҷӣ ҳамчун таҳдид ба соҳибихтиёрии давлат дониста мешавад. "Ин таҳдид ба соҳибихтиёрӣ ва тавонмандии ҳаллу фасли масоили худи давлат, хусусан дар бахши амният ва равобит бо кишварҳои сеюм мебошад", - мегӯяд коршинос.

Ба қавли ӯ, мустақар шудани пойгоҳи Русия дар шаҳри Канд дар соли 2001 тавассути манфиатҳои геополитикии Қирғизистон дикта шуд, ки талош дошт тавозун миёни Русия ва Ғарбро ҳифз кунад. Дар марҳилаи ҳозир, коршинос бар ин назар, дар сурате ҷумҳурӣ мехоҳад чунин як иқдом бигирад, бояд фоида ва зарарҳои паёмади чунин тасмимҳо ҳаматарафа омӯхта шавад.

Русия яке аз шарикони асосии стратегии Қирғизистон дониста мешавад. Дар ин кишвар ҳудуди як миллион муҳоҷири қирғиз кор мекунанд. Як қатор таҳлилгарон таъкид мекунанд, ки Бишкек дар ҳоли ҳозир, умдатан сиёсати хориҷии якҷонибаро бо умеди чашминтизориҳои Маскав дунбол мекунад.

Дар Қирғизистон як қатор иншооти низомии Русия вуҷуд доранд. Бузургтарин онҳо – пойгоҳи ҳавоӣ дар Канд аст. Соли 2012 ҳамаи иншоот зери иттиҳодияи пойгоҳи ҳарбӣ-ҳавоӣ муттаҳид шуданд. Аэродроми Канд, пойгоҳи низомӣ-баҳрии Исиқ-Кӯл, нуқтаи сейсмологии шаҳри Майлуу-Суу ва нуқтаи тамос дар Чалдовар шомили ин иттиҳодия мебошанд.

Шарҳҳоро бинед (1)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG