Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия: Ангури шуморо мехарем, агар ба Иттиҳоди АвруОсиё ворид шавед. ВИДЕО


Ҳамоиши байнипарлумони Тоҷикистону Русия дар ҳоле баргузор мешавад, мизони вуруди сармояи Русия ба иқтисоди Тоҷикистон коҳиш ёфта ва дар соли 2015 дар муқоиса ба соли қаблӣ ҳаҷми ин сармояҳо тахминан 24 дарсад кам шудааст.

Дар ҳамоиши панҷуми байнипарлумонии “Тоҷикистону Русия: неруи ҳамкориҳои байниминтақавӣ” дар шаҳри Душанбе, ки рӯзи 13 октябр баргузор шуд, мавзӯи зарурати тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Русия ва Тоҷикистон матраҳ гардид.

Мулоқоти Раҳмон ва Матвиенко
Мулоқоти Раҳмон ва Матвиенко

Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия гуфт, бо вуҷуди бӯҳрон, зарурат ба густариши ҳамкориҳои иқтисодии миёни ду кишвар ва ҳалли мушкилоти муҳоҷират вуҷуд дорад. Вай бо изҳори таассуф гуфт, ки гардиши моли миёни Тоҷикистон ва Русия коҳиш меёбад ва ҳоло вазифаи Комиссияи байнидавлатии ин ду кишвар ин аст, ки роҳҳои зинда кардани ин ҳамкориҳоро то соли 2018 пайдо кунад.

“Сабзаҷоти Тоҷикистон то расидан ба Русия осеб мебинад”

Матвиенко гуфт, ки Тоҷикистон омодагии худро барои фурӯши меваю сабзавот дар бозори Русия иброз кардааст ва Русия низ манфиатдор аст, ки шароити содироти маҳсулоти кишоварзиро аз Тоҷикистон ба Русия “бидуни миёнарав” ба роҳ монад.

Ба навбаи худ, Сергей Лисовский, муовини раиси кумитаи агарарии Шӯрои Федератсияи Русия гуфт, меваю сабзавоти Тоҷикистон бо ин ки сифатан хуб аст, вале ҷавобгӯи талаботи технологии содироти моли кишоварзӣ аз рӯи меъёрҳои транзити мол нест. Гулрӯ Ҷабборзода, муовини вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон таъкид кард, ки то расидан ба ҳудуди Русия, меваю сабзавоти Тоҷикистон тариқи қатору мошинҳои боркаш аз ҳудуди Ӯзбакистон, Қирғизистон ва Қазоқистон мегузарад, дар марзи ҳар кишвар ин борҳо фароварда санҷида мешаванд ва аз ҳамин сабаб ҳам бидуни осеб то манзил расидани онҳо душвор аст.

Лисовский: "Соҳибкорони Русия ба ҳамкорӣ ва кӯмак ба Тоҷикистон ҳозиранд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:59 0:00

Сергей Лисовский дар сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ гуфт, ки аз рӯи стандартҳои байналмилалӣ, "меваю сабзаҷот бояд умри 20-22-рӯза дошта бошад, то ки тавонад аз замони истеҳсол то расиданаш ба кишвари фурӯш, масалан, Русия, сифату шаклу намуди бозории худро аз даст надиҳад. Маҳсулоти Тоҷикистон ҳадди аксар 12 рӯз умр мебинаду халос, дар ҳоле, ки бояд бидуни каму кост ва убури чанд марз аз Тоҷикистон то Русия бирасад". Вай гуфт, барои дуруст ба роҳ мондани ин технология, ҳам ҳукумати Тоҷикистон ва ҳам Русия бояд иродаи қавӣ ба намоиш гузоранд, дар ин ҳолат, "мисли Туркия, мешавад дар панҷ сол системаи хуби транзити меваю сабзавот тоҷикро ба Русия ба роҳ монд".

Иттиҳоди АвруОсиё – “калиди” шукуфоии иқтисод?

Баҳси вуруди Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:57 0:00

Сергей Лисовский гуфт, дар сурати пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё барои содироти молҳои Тоҷикистон даҳлезе созмон дода шуда ва масъалаи тафтиши молҳои ин кишвар дар кишварҳои дигар аз миён хоҳад рафт.

Меваю сабзаҷот бояд умри 20-22-рӯза дошта бошад, то ки тавонад аз замони истеҳсол то расиданаш ба кишвари фурӯш, масалан, Русия, сифату шаклу намуди бозории худро аз даст надиҳад. Маҳсулоти Тоҷикистон ҳадди аксар 12 рӯз умр мебинаду халос, дар ҳоле, ки бояд бидуни каму кост ва убури чанд марз аз Тоҷикистон то Русия бирасад

Коршиносони тоҷик баргузории ҳамоиши байнипарлумониро як нишасти таоруфӣ арзёбӣ карданд, ки дар ҳамкориҳои иқтисодии Русияву Тоҷикистон ҳеҷ натиҷае ба бор намеорад.

Дар пайи бӯҳрони шадиди иқтисодӣ ва таҳримҳои Ғарбу Амрико иқтисоди Русия шароити душвореро паси сар мекунад.

Аз сӯи дигар, Русия бо мушкилоти иқтисодиаш дар дохил ва бо барномаҳои пуриддаои геополитикие, чун масоили Украинаву Сурия саргарм аст ва барои расидагӣ ба ниёзҳои моливу иқтисодии шарикони суннатиаш дар Осиёи Марказӣ имкони кофӣ надорад.


“Ҳузури Русия бештар рамзӣ аст?”

Нуралӣ Давлат, коршиноси тоҷик мегӯяд, Русия аз ибтидо майли сармоягузорӣ дар Тоҷикистон надошт ва дар соли 2000 Эмомалӣ Раҳмон борҳо тавассути расонаҳои Русия аз мақомоти ин кишвар даъват карда буд, ки таваҷҷӯҳашон ба густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Тоҷикистон ва ворид кардани сармоя ба иқтисоди ин кишвар мутамаркиз шавад. Аммо ин даъват бидуни посух монд.

Нуралӣ Давлат
Нуралӣ Давлат

Ба эътиқоди ҷаноби Давлат, тарҳи бузурги сармоягузории Русия -неругоҳи “Сангтӯда-1” ҷанбаи сиёсӣ дошта ва Русия танҳо ба хотири коҳиши нуфузи Эрон дар Тоҷикистон ин тарҳро рӯи даст гирифта буд. Аз соли 2007, пас аз худдории ширкати “Русал” аз бунёди неругоҳи Роғун Чин вориди бозори иқтисодии Тоҷикистон шуд ва ҷойи Русияро дар заминаи сармоягузорӣ дар иқтисоди Тоҷикистон гирифт.

Чин нақши - сармоягузори аслии иқтисоди Тоҷикистон мемонад

Чин дар ҳоли ҳозир аз сармоягузорони аслӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ба шумор меравад. Қарзи Душанбе аз Пекин аз марзи 1 миллиард доллар гузаштааст, ки ин тақрибан нисфи тамоми қарзҳои хориҷии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Ин қарзҳо асосан барои такмили сохторҳои зербиноӣ, аз ҷумла сохтмони шоҳроҳҳо ва нақбҳо гирифта шудаанд. Бар илова, Пекин ба Душанбе то соли 2018 ваъдаи боз 6 миллиард доллар сармояи дигарро додааст, ки нисфаш барои сохтани 400 километр бахши тоҷикистонии хатти чоруми лӯлаи гази Осиёи Марказӣ-Чин ихтисос равона хоҳад шуд.

Фурӯшгоҳи чинӣ дар Душанбе
Фурӯшгоҳи чинӣ дар Душанбе

Бино ба ҳисобҳо, то 90 дарсади маҳсулоти саноатӣ дар бозорҳои Тоҷикистонро маҳз молҳои Чин таъмин мекунанд ва моли кишварҳои дигар, аз ҷумла Русия, дар ин бозорҳо торафт камчин мешавад. Ба ин тартиб, ба эътиқоди коршиносон, Чин батадриҷ нақши "бародари калонӣ"-и кишварҳои Тоҷикистонро аз дасти Русия мегирад ва Маскав зоҳиран дар муқобил чорае ҷуз тан додан ба тақдир надорад.

Русия: Афзоиши ҳузури Чин мушкиле нест

Зимнан, Валентина Матвиенко рӯзи 13 октябр пас аз дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, афзоиши нуфузи Чин дар минтақа барои Русия мушкиле эҷод намекунад. Ба гуфтаи ӯ, ин вазъият барои коҳиши нуфузи Русия дар Тоҷикистон таҳдиде ҳисоб намеёбад, зеро имкони Русия барои тавсеаи ҳамкориҳо бо Тоҷикистон бузург буда ва ҳеч кишваре наметавонад дар ин замина монеъ шавад.

Ҷониби Русия зимни таъкид ба зарурати ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин кишвар мегӯянд, ҳаҷми умумии сармояи Русияро дар иқтисоди Тоҷикистон 1,2 миллиард доллар арёзбӣ шуда, ин сармояҳо бахшҳои энергетика, кашфу истихроҷи нафту газ ва дигарро дар бар мегиранд. Вале коршиносон дар Тоҷикистон мегӯянд, Русия дар ин кишвар бештар дунболи манфиатҳои геостратегӣ мегардад, то иқтисодӣ. Ҳузури пойгоҳи низомиаш бо 7 ҳазор сарбоз то соли 2042 дар ҳудуди Тоҷикистон, ки ин кишварро ба марзи Афғонистон наздик мекунад, амалан назорати амнияти кишварҳои Осиёи Марказиро фароҳам меорад. Дар сӯҳбати бидуни микрофон як масъули вазорати дифои Тоҷикистон гуфт, дар маҳфилҳои ҳукуматии ин кишвар аз он нороҳатанд, ки бо ваъдаи ироаи кӯмакҳои низомӣ Русия ба Тоҷикистон муҳимот ва техникаи “кӯҳнаву фарсударо” ироа мекунад.

XS
SM
MD
LG