Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Отамбоев хостори истиқрори нерӯҳои русӣ дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон шуд


Раиси ҷумҳури Қирғизистон пешниҳод кардааст, ки пойгоҳи низомии Русия дар фурудгоҳи "Кант"-и ин кишвар тақвият нашуда, ба ивази он нерӯҳои низомии Русия дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон мустақар шаванд. Отамбоев тоза бо як сафари панҷрӯза аз Русия дидан кард. Дар маҳфилҳои коршиносони тоҷик ба даъватҳои Отамбоев вокуниши мухталиф нишон доданд.

"На низомӣ, аслиҳаи нав мехоҳем"

Алмосбек Отамбоев рӯзи 24 июн дар сӯҳбат бо хабаргузории русии "Интерфакс" дар шаҳри Қазон гуфтааст, ки "ба Владимир Владимирович (манзур Путин -РО) гуфтам, ки на теъдоди низомиён, балки аслиҳа дар пойгоҳи низомии Кант навсозӣ шавад". Отамбоев гуфтааст,

Президенти Қирғизистон гуфтааст, ки агар Тоҷикистон вазъиятро таҳти назорат гирифта натавонад, нерӯҳои террористӣ аз Афғонистон ба марзҳои кишвараш мерасанд.

"агар мо воқеан дар бораи оянда андеша мекунем, бояд фикри мо ба мушкилоти бузург дар Афғонистон, ки Толибону гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" дар онҷо таҳким меёбанд, мутамаркиз шавад".

Алмосбек Отамбоев гуфтааст, “агар Тоҷикистон вазъиятро таҳти назорат гирифта натавонад, ин нерӯҳои террористӣ ба марзҳои кишвари Қирғизистон мерасанд”. Алмосбек Отамбоев ба ҳодисаҳои соли 1999 ишора кард, ки он замон афроди гурӯҳи "Ҳаракати исломии Узбакистон" аз тариқи Тоҷикистон ба қаламрави Қирғизистон ворид шуда буданд. Дмитрий Песков, сухангӯи раиси ҷумҳури Русия, дар сӯҳбат бо хабаргузории ТАСС гуфтааст, ки ин пешниҳоди Алмосбек Отамбоевро ташреҳ нахоҳад кард.

"Тоҷикистон изҳороти Отамбоевро меомӯзад"

Дар Тоҷикистон ба изҳороти президенти кишвари ҳамсоя дар сатҳи давлат ҳеҷ вокунише накардаанд. Бархе мегӯянд, ҳар кишвари соҳибистиқлол ҳақ дорад, ки бо роҳҳои барои худ муносиб амнияти марзҳояшро таъмин кунад. Аз сӯи дигар, бо назардошти адами низоми раводид миёни Тоҷикистону Қирғизистон бархе ба ин назаранд, ки дар сурати истиқрори нирӯ дар марз бо Тоҷикистон, рафту омади шаҳрвандони ду кишвари ҳамсоя ба қаламрави ҳамдигар мушкил шавад.

Тоҷикистону Қирғизистон 976 км марзи муштарак доранд ва дар аксар нуқот, аз ҷумла марзи ноҳияи Исфараву вилояти Ботканд рустоҳои серҷамъияте ба сар мебаранд, ки ба хотири анҷоми корҳои маишиву иҷтимоии худ пайваста аз қаламрави ҳамдигар убур мекунанд. Мушкили аслии Тоҷикисону Қирғизистон дар марз марбут ба аломатгузорӣ нашудани бархе қитъаҳои марзӣ дар ҳамвориҳову теппаҳо аст, ки пайваста мояи танишу нофаҳмиҳо мешавад. Мақомоти ҳарду тараф мегӯянд, ки ҳамеша талош мекунанд, ба хотири роҳ надодан ба тавсеаи низоъҳо аз роҳи гуфтушунид ин мушкилотро ҳал кунанд.

Рӯзи 27 июн дар мақомоти марзбонии Тоҷикистон ба изҳори назарҳои президенти кишвари ҳамсоя вокуниши сареъ нишон надоданд. ​Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз пешниҳоди раиси ҷумҳури Қирғизистон дар бораи ҷойгир кардани нерӯҳои низомии Русия дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон аз тариқи расонаҳо огоҳ шудааст. Вай гуфт, ҳоло ин маълумот ба раҳбари Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ирсол шуда ва вокуниши мақомот дар ин замина пас аз ошноӣ бо маълумоти мазкур, пахш хоҳад шуд.

Генерал Назаров: "Пешниҳоди Отамбоев ҳарфи наве нест"

Нуралишоҳ Назаров.
Нуралишоҳ Назаров.

Вале собиқадорони амнияти марзӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, ки дар ҳарфҳои президенти кишвари ҳамсоя чизи тааҷҷубовар ваё ҳарфи нав садо надод. Аз ҷумла, генерал Нуралишо Назаров, собиқ муовини фармондеҳи Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки пешниҳоди раиси ҷумҳури Қирғизистон дар асл нав нест.

Вай гуфт: "Нерӯҳои марзбонии Русия пас аз хориҷ шудан аз сарҳадҳои Тоҷикистон бо Афғонистон дар соли 2005 дар сарҳади ин кишвар бо Қазоқистон ҷойгир шуда буданд. Он замон ҳам далели ин амр, ҷилавгирӣ аз вуруди эҳтимолии гурӯҳҳои террористӣ ва қочоқбарони маводи мухаддир, аз тариқи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия буд. Агар нерӯҳои Русия дар сарҳади Қирғизистон бо Тоҷикистон ҷойгир шаванд ҳам, амнияти Қирғизистон ва Русияро ҳимоят хоҳанд кард."

Ҳамзамон, генерал Назаров гуфт, ба хотири пешгирии комил аз вуруди гурӯҳҳои террористӣ аз Афғонистон ба Қирғизистон, марзи ин кишвар бо Узбакистон низ тавассути нерӯҳои низомии Русия бояд таҳким шавад. Зеро хатари эҳтимолии аз тариқи хоки Узбакистон ворид шудани афроди Толибон ва “Давлати исломӣ” ба Қирғизистон низ вуҷуд дорад.

Ӯзбакистон - кишвари дигари воқеъ дар водии Фарғона, ки бо Тоҷикистону Қирғизистон ҳамсарҳад аст, бо Афғонистон 137 км марзи муштарак дорад. Мақомот дар Тошканд ҳам хатарҳои Толибон, гурӯҳи "Давлати исломӣ" ва Ҳаракати исломии Ӯзбакистонро барои худ таҳдиди ҷиддӣ арзёбӣ мекунанд.

Қосими Бекмуҳаммад: Ин пешниҳод "ғайримантиқӣ" аст

Қосими Бекмуҳамад.
Қосими Бекмуҳамад.

Бархе таҳлилгарони минтақавӣ мегӯянд, дар суханронии Отамбоев бояд мавқеи Қирғизистон ва пойбанди шарномаву созишҳои минтақавии хосе будани ин кишвар бо Русия ба эътибор гирифта шавад. Аз ҷумла, баъди се соли пеш аб узвияти Иттиҳоди Авруосиё шудани Қирғизистон, марзи ин кишвар - марзи кишварҳои узви ин иттиҳоди иқтисодиву тиҷоратӣ эълон шуд. Аз ин хотир, шароити санҷишу ворид шудани молу коло ба ин қаламрав ҳам тағйир ёфт.

Вале аз назари сиёсӣ мавқеияти ин кишвар бо Тоҷикистон ва бархе дигар ҳамсояҳо дар чашми Русия тақрибан ҳамсон аст: ин ду кишвар уҳви СПАД ва СҲШ ҳастанд, дар қаламрави онҳо пойгоҳҳои низомии Русия мустақар ҳастанд ва аз назари сиёсӣ ҳам равобити ду кишвар бо Кремлин бар пояи манофеи стратегӣ ба роҳ монда шудааст.

Шояд аз ҳамин лиҳоз аст, ки таҳлилгар Қосими Бекмуҳаммад пешниҳоди Алмосбек Отамбоев дар мавриди ҷойгир кардани нерӯҳои низомии Русия дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистонро "ғайримантиқӣ" хонд ва гуфт, Қирғизистон бо Афғонистон ҳаммарз нест ва гурӯҳҳои террористие чун “Давлати исломӣ” наметавонанд мустақиман ба ин кишвар таҳдид эҷод кунанд. Аз сӯи дигар, дар Тоҷикистону Қирғизистон пойгоҳҳои низомии Русия воқеъ буда ва дар сурати таҳдиди хатаре, ба кӯмаки ин кишварҳо хоҳанд омад.

Ба бовари Қосими Бекмуҳаммад, "пойгоҳҳои низомии Русия дар Осиёи Марказӣ ба хотири пуштибонӣ аз суботу амният дар минтақа аст. Чун Осиёи Марказиро Русия фазои масъулияти худ, бахусус, дар чорчӯби Паймони созмони амнияти дастҷамъӣ медонад. Размоишҳои зиёди муштараки солҳои ахир бо истифода аз силоҳҳои муосир бо ширкати низомиёни Русия ва нерӯҳои марзбонию артиши Тоҷикистон далели рӯшан аст, ки онҳо барои муқобила бо ҳама гуна таҳдидҳои амниятию низомӣ дар қиболи Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, кофӣ мебошанд".

Пойгоҳҳои низомии Русия дар Қирғизистон ва Тоҷикистон

Созишнома дар мавриди таъсиси пойгоҳи низомии Русия дар Қирғизистон дар соли 2012 аз ҷониби Владимир Путин ва Алмосбек Отамбоев, президентҳои ҷумҳурии Русия ва Қирғизистон имзо шуда ва дар моҳи январи соли ҷорӣ ба ҳукми қонун даромадааст. Тибқи ин санад, муддати ҳузури низомиёни рус дар Қирғизистон 15 сол пешбинӣ шуда ва мумкин аст, баъдан ба муддати 5 соли дигар тамдид шавад.

Пойгоҳи низомии Русия дар ҳудуди Тоҷикистон низ ҷойгир буда ва бар асоси созишномаи миёни ин ду кишвар то соли 2042 фаъолият хоҳад кард. Пойгоҳи 201-и Русия бузургтарин воҳиди хушкигарди низомии Русия дар хориҷ аз он мебошад, ки ҳудуди 7 ҳазор низомиро дар бар мегирад. Дар ҳоли ҳозир ин пойгоҳ дар шаҳрҳои Душанбе ва Қӯрғонтеппа мустақар мебошад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG