Пайвандҳои дастрасӣ

Варзишгоҳи наздимарзӣ -- аз майдони бозиҳо то саҳнаи танишҳо


Дар як деҳаи наздимарзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мақомоти маҳаллии тоҷику қирғиз сари cоҳибӣ ба варзишгоҳе вориди баҳс шудаанд. Дар ин варзишгоҳ то имсол ҳар баҳор тоҷикону қирғизҳо бозиву мусобиқаҳо мекарданд, вале имсол ба маншаи баҳсу талошҳо табдил ёфт. Ин қитъа бахше аз 450 км қаламравҳои баҳсии марзи миёни Қирғизистону Тоҷикистон аст, ки баъди суқути шӯравӣ то ҳол ҳалли худро наёфтааст.

Ба иддаои сокинони деҳаи Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Ғафуров, баҳс сари баҳрабардорӣ аз варзишгоҳи рустоӣ аз он сар зад, ки сарҳадбонҳои қирғиз дар арафаи Наврӯз ҷавонони тоҷикро аз ворид шудан ба варзишгоҳи наздимарзӣ манъ карданд. Ба қавли сокинони ин маҳал, сарҳадбонҳои қирғиз рӯзи 6 март ҳудуди 10 дастаи футболи деҳаи Қалъачаи ҷамоати мазкур ва даҳҳо сокинони барои тамошои рӯзи дуюми мусобиқаи дастаҳои маҳалллиро ба майдон раҳ надоданд.

Дар ин варзишгоҳ то имсол ҳар баҳор тоҷикону қирғизҳо бозиву мусобиқаҳо мекарданд, вале имсол ба маншаи баҳсу талошҳо табдил ёфт.

Эргаш Ҷӯраев, раиси ҷамоати Овчӣ Қалъача рӯзи 27 уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Сарҳадбонҳои қирғиз гуфтанд, ки дигар дар майдони варзишӣ бозӣ намекунед. Онҳо мегӯянд, ки ин варзишгоҳ дар қаламрави онҳо ҷойгир аст ва барои бозӣ кардан дар он, аз онҳо иҷозат бигирем.”

Ба гуфтаи мусоҳибам, се ҳафта мешавад, ки бо мақомоти маҳаллии қирғиз барои истифода аз майдони варзишӣ гуфтугӯ доранд, вале натиҷае ба даст наомадааст. Ба иддаои ӯ, ин варзишгоҳи бозро мардуми ҷамоати Овчӣ Қалъача ҳудуди 20 сол пеш барои хонандагони мактаби миёнаи рақами 8-и ин маҳал бунёд карда буданд ва то соли гузашта сарҳадбонҳои қирғиз монеъ намешуданд.

Қирғизистон рад кард

Мақомоти қирғиз ин иддаоро рад мекунанд ва мегӯянд, варзишгоҳ мансуб ба қаламрави Қирғизистон аст. Қирғизистон чанд сол пеш дар канори дигари варзишгоҳ -- деҳаи Мақсади ноҳияи Лайлак дидбонгоҳи баланд бунёд кард ва ин маҳали марзиро зери назорати шадид гирифт.

Худойберган Тоҷибоев, раиси ҷамоати Қулундииноҳияи Лайлаки Қирғизистон рӯзи 28 уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки раиси ҷамоати Овчӣ Қалъачаи Тоҷикистон аз онҳо тавассути номаи расмӣ дархост карда буд, то барои барпо кардани мусобиқа дар варзишгоҳи воқеъ дар минтақаи баҳснок иҷоза бидиҳанд, вале онҳо рад карданд. Тоҷибоев иддао дорад, ки нома аз назари мансубияти варзишгоҳ нодуруст тартиб дода шуд:

Ӯ афзуд: “Ман ба раиси ҷамоат ва ҳамроҳонаш гуфтам, ки дархостро дуруст нависанд, нависанд, ки дар варзишгоҳи ҷойгир дар қаламрави кишвари мо мусобиқа баргузор карданиаанд, он вақт албатта, иҷозат медиҳем. Вале онҳо ҷои варзишгоҳро “баҳснок” номидаанд, ки аз рӯи тартиби марзбонҳо истифода аз ҳама иншооти воқеъ дар замини баҳснок, то таъини хати сарҳад мумкин нест.”

Майдон аз кист?

Вале мақомоти ҷамоати Овчӣ Қалъача мегӯянд, аз чунин дархост худдорӣ мекунанд ва намехоҳанд ба дасти худ варзишгоҳи дар қитъа замини ҳоло мансубияташ номуайян сохтаи худро “воқеъ дар қаламрави кишвари дигар” нависанд. Раиси ҷамоати Қулундии Қирғизистон низ ба навбати худ иддао дорад, варзишгоҳи канори деҳаи Овчӣ Қалъачаи Тоҷикистон дар хоки Қирғизистон бунёд шудааст. “Он замини мо аст, фақат онро ҳамвор карданд, халос” – гуфт ӯ.

То соли гузашта ин варзишгоҳи наздимарзӣ сокинони ду ҷонибро барои мусобиқаҳову тамошои он канори ҳам меовард ва боиси гармии муносибатҳо мешуд. Моҳи апрели соли гузашта дар ин варзишгоҳи наздимарзӣ байни дастаҳои деҳаҳои Овчӣ Қалъачаву Қулундӣ мусобиқаи футбол доир гардид ва садҳо тан тамошобини тоҷику қирғизро гирд овард. Аммо имсол варзишгоҳ баста гардида, ба маншаи баҳсу талош табдил ёфт.

Муродҷон Бобоев, ки дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ худро раҳбари федератсияи футболбозони деҳаи Қалъача муаррифӣ кард, гуфт, сарҳадбонони Қирғизистон ҷавонони ин деҳаи наздимарзии Тоҷикистонро аз бозиву мусобиқа дар ягона варзишгоҳи макони зисташон маҳрум карданд.

“Мо 20 сол боз футболбозӣ мекардем, касе монеъ намешуд. Ҳар сол дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз 15 дастаи ҷамоати мо байни ҳам мусобиқа мекард. Аммо имсол баъди шурӯи мусобиқа сарҳадбонҳои қирғиз ҳозир шуда, гуфтанд, ки танҳо ҳамин як бозӣ ва дигар ба майдон ворид шудан намемонанд. Мо ҳанӯз ҳам умедворем, ки ин мушкили мо дар сатҳи болотар ҳаллу фасл мегардад”, афзуд Муродҷон Бобоев.

Овчи Қалъа -- нуқтаи гарми баҳсҳои марзӣ

Деҳаи Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Ғафурови Тоҷикистон, ҳаммарз бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон дар канори ҷамоатҳои Ворух ва Чоркӯҳи Исфара аз минтақаҳои аҳолинишини наздимарзӣ дар шимоли Тоҷикистон аст, ки сокинони ҳар ду ҷониб сари ба кадом ҷониб таааллуқ доштани чанд қитъаи замин, манобеи обӣ, чарогоҳ ва роҳҳои наздимарзӣ, бо ҳам ихтилофи назарҳо доранд.

Дар баҳсҳои соли 2014 дар канори Овчӣ Қалъача баҳсҳои рустоҳои наздимарзӣ ба тирандозии байни сарҳадбонҳо ҳам печида 4 нафар кушта шуд. Вале бо ин вуҷуд, мақомоти ҳарду кишвар, бахусус дар вилоятҳои Суғду Ботканд талош мекунанд пеш аз вуқӯи моҷаро пеши роҳи баҳсу даъвоҳои калонро бигиранд ва ба музокира шитобанд.

Дар ду соли охир вазъ дар манотиқи наздимарзии байни Суғду Бодканд нисбатан ба эътидол омадааст, вале боз ҳам баҳсҳои байни сокинони наздимарзӣ сари соҳибӣ ба қитъаи замин ҳалношуда боқӣ мондааст. Тоҷикистон ва Қирғизистн 971 километр хати марзи муштарак доранд, ки то ҳоли ҳозир бар пояи манобеъи расмӣ, ҳудуди 520 километри он муайян шудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG