Пайвандҳои дастрасӣ

А.Маматалиев: Тақсими марз бояд зудтар анҷом шавад


Абдураҳмон Маматалиев

Абдураҳмон Маматалиев, муовини нахуствазири Қирғизистон баъди ширкат дар ҷаласаи комиссияи аломатгузории марз дар Душанбе ба Бишкек баргашт ва ба саволҳои радиои Озодӣ посух дод.

Абдураҳмон Маматалиев, раҳбари ҳайати Қирғизистон дар музокирот бо Тоҷикистон ва муовини нахуствазири ин кишвар музокироти рӯзҳои 12-13 май дар шаҳри Душанберо самарабахш арзёбӣ кард. Вай бори аввал ба унвони раҳбари ҳайати Қирғизистон дар музокироти ҷонибҳо ширкат дошт. Ҳайатҳо ихтилофоти марзӣ ва муноқишаи 7 май дар минтақаи марзии ҳар ду кишвар дар ноҳияи Исфараро баррасӣ ва роҷеъ ба роҳҳои ҳали баъзе масъалаҳо ба тавофуқ расидаанд.

Абдураҳмон Маматалиев дар як тамоси телефонӣ ба саволҳои радиои Озодӣ посух дод

Озодӣ: Аз назари худи шумо, оё муҳимтарин дастовардҳои музокироти дурӯза дар Тоҷикистон чӣ будааст?

Маматалиев: Дастоварди асосӣ ин мувофиқати тарафҳо сари сохтмони роҳ дар қитъаи роҳи Кӯктош-Оқсой-Тамдиқ ва Кишимиш аст. Ҳамин роҳ сабаби муноқиша шуд. Мардум наметавонистанд озодона рафту омад кунанд. Мо дар ин ҷо тасмим гирифтем, ки барои сохтмони роҳ як гурӯҳи корӣ ташкил диҳем. Чунин протокол бори аввал дар давоми ним соли гузашта ба имзо расид. Ғайр аз ин мо муноқишаи 7 май дар марзи миёни ду кишвар дар Исфараро низ баррасӣ кардем. Тасмим гирифтем, ки ба ин ҳодиса расидагии озод ва бетараф сурат бигирад, шӯрандозонро ҳар чӣ зудтар пайдо кунанд ва ба муҷозот кашанд. Ҳамзамон хисороте, ки шаҳрвандони ҷониби Қирғизистон дидаанд, бояд ҷуброн карда шавад.

Озодӣ:
Мо шунидем, ки масъалаи сохтмони роҳи Исфара-Ворух низ матраҳ шудааст?

Маматалиев: Роҷеъ ба ин масъала сӯҳбат дар бораи сохтмони як пул дар яке аз қисматҳои ин роҳ меравад. Мо дар бораи ҷои сохмони ин пул ба тавофуқ расидем ва ба вазоратҳои нақлиёт супориш додем, ки ҷои онро дақиқ кунанд. Роҳи Исфара-Ворух дар қисмати болоӣ ба роҳи нав ҳамроҳ мешавад. Мо дар ин маврид пешниҳоди чаҳоруми ҷониби Тоҷикистонро қабул кардем. Мо тарҳи сохтмони ин роҳҳоро бо мардуми маҳаллии ноҳияи Бодканд низ ҳамоҳанг кардем. Баъзе аз қисматҳои ин роҳро аҳолии ҳар ду кишвар истифода мекунанд.

Озодӣ: Баҳси аслӣ ин буд, ки ҷониби Қирғизистон сохтмонро дар қитъаи баҳсбарангези марз ба роҳ мондааст.

Маматалиев: Ин маҳалест, ки роҳ аз ҳамон ҷо мегузарад. Сохтмони роҳ дар он ҷо боздошта шуд. Бар асоси ҳамаи ҳуҷҷатҳо ин қаламрави мост. Ҳоло баҳсҳо тамом шуданд. Мо бо иттифоқи оро тасмим гирифтем, ки сохтмони роҳ тибқи тарҳи ибтидоӣ идома ёбад.

Озодӣ
: Оё зуд ҳал шудани ин масъала ба мулоқоти раҳбарони ҳар ду кишвар дар Маскав дар ҳузури Владимир Путин иртибот мегирад? Шояд президенти Русия ҳам ба раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон машварат дод, ки ба зудтарин фурсат баҳсҳои мавҷударо ҳаллу фасл кунанд?

Маматалиев:
Бале, дуруст аст, ки раисони ҷумҳури ҳар ду кишвар дар Маскав мулоқот карданд ва эълон шуд, ки ҳалли ин масъаларо ба ҳукуматҳо вогузор мекунанд. Ғайр аз ин мо ду рӯз бо ҳам музокира кардем. Дар оғоз ихтилофи назарҳо вуҷуд дошт. Пеш аз ҳама мо дар ҳали масъала амнияти сокинони наздимарӣ, коҳиши ташаннуҷи вазъи иҷтимоии ин маҳалро дар назар гирифтем. Агар ин масъалаҳо ҳал нашавад, муноқиша давом мекунад.

Озодӣ:
Аз ҷониби Тоҷикистон сӯҳбатҳое ба гӯш мерасид, ки мегуфтанд, ин ду кишвари ҳамсоя барои бартараф шудани ихтилофҳо ба доду гирифти баъзе қаламравоҳ иқдом мекунанд. Дар ин бора чӣ мегӯед?

Маматалиев:
Ин масъала пеш аз ҳама бояд бо назардошти ақидаи сокинони маҳаллӣ ҳал шавад. Ғайр аз ин мо низоми парлумонӣ дорем, раҳбарони кишвар ҳастанд. Фақат ҳайати ҳукуматӣ наметавонад дар ин бора бо ихтиёри худ тасмим бигирад. Мо бо Алимардон сӯҳбат кардем. Ман бо нахуствазири Тоҷикистон мулоқот доштам. Мо ба хулосае расидем, ки масъалаҳои аломатгузорӣ ва тақсими марз бояд зудтар анҷом бигирад. Масъалаҳое низ ҳаст, ки роҷеъ ба онҳо мешавад ба таври усулӣ барои манфиати мардумони ҳар ду ҷониб ба созиш расид, вале агар ҳар дафъа ҳар ду ҷониб ҳуҷҷаткашӣ кунанд, ҳали ин масъала ҳазорсолаҳои дигар давом мекунад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG