Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маматалиев: Пешниҳоди табодули замин байни Тоҷикистону Қирғизистон ҳаст


Абдураҳмон Маматалиев
Абдураҳмон Маматалиев

Муовини сарвазир ва раҳбари нави ҳайати Қирғизистон дар музокироти марзӣ бо Тоҷикистон ҳалли масоили марзӣ бо кишварҳои ҳамсояро вазифаи аввалиндараҷаи Бишкек номидааст.

Абдураҳмон Маматалиев, ки дар авоили моҳи апрел ба ҷои Тоқон Мамитов муовини сарвазири Қирғизистон дар масоили амният ва марз таъин шуд, дар сӯҳбат бо хабаргузории қирғизии «Туштук» бори аввал эътироф кард, ки пешниҳоди табодули заминҳо байни Тоҷикистону Қирғизистон ба хотири ҳалли баҳсҳои марзӣ байни ин ду кишвар вуҷуд дорад.

Дар посух ба ин суол ки оё байни Тоҷикистону Қирғизистон масъалаи табодули заминҳо дар қитъаҳои баҳсӣ матраҳ ҳаст?, Маматалиев бори аввал вуҷуди пешниҳодҳо дар ин бораи эътироф карда, посух додааст, ки «аввал аз ҳама, ин масъала бояд бо назардошти фикри аҳолии маҳаллӣ ҳал шавад. Сониян, бо назардошти фикри раҳбарият вав порлумони кишвар. Ин мавзӯъест, ки ҳанӯз то охир ҳаллуфасл нашудааст. Ман мехоҳам шахсан ба чашм бубинем, ки кадом қитъаҳоро дар куҷо ва чӣ қадар мехоҳанд иваз кунанд. Пеш аз ҳама, бояд бо аҳолии маҳаллӣ вохӯрем ва назари онҳоро фаҳмем.»

Маматалиев ҳамчунин гуфтааст, «ба хотири ҳаддалимкон коҳиш додани низоъҳо, дар навбати аввал, бояд ба пешрафт дар масъалаи таъин ва аломатгузории марзҳо даст ёфт.»

Ӯ ҳамин тавр, масоили зербиноӣ, чун сохтани роҳҳо ва муайян кардани марзи чарогоҳҳоро низ аввалиндараҷа хондааст. Ба гуфтаи ӯ, «тоҷикҳову қирғизҳо ва узбакҳо дар тӯли ҳазорсолаҳо якҷо зиндагӣ мекарданд ва касе ҷое кӯчидан намехоҳад: на мо ва на онҳо. Аз ин рӯ, бояд ба ҳамсояҳо ҳунси эҳтирому ҳунси ҳамҷаворӣ ва ҳусни дӯстӣ нишон бидиҳем.»

Маматалиев гуфтааст, даври навбатии музокироти кумиссиюни марзии Тоҷикистону Қирғизистон танҳо баъди ба қароре расидани гурӯҳҳои корӣ доир хоҳад шуд. Аммо Абдураҳмон Маматалиев гуфтааст, ки Бишкеку Душанбе мехоҳанд раванди таъйин ва аломатгузории марзи ду кишварро, ки аз соли 2006 ба ин тараф ягон километр пеш нарафтааст, суръат бахшад: «Баъзе суолҳо роҷеъ ба қитъаҳое боқӣ мондааст, ки марзи маъмуриаш дар замонҳои мухталиф фарқ мекард. То суқути Иттиҳоди Шӯравӣ байни ҷумҳуриҳо танҳо марзи маъмурӣ вуҷуд дошт. Ҳама якҷо ба сар мебурданд. Ббарои мисол, қирғизҳо дар заминҳое зиндагӣ мекарданд, ки тоҷикҳо он заминҳоро моли худ мешумурданд. Ва баракс. Ҳоло дақиқ кардани ин марзҳо кори сахтест. Мо мехоҳем ҳаддалимкон музокиротро дар он қитъаҳое, ки рӯяшон баҳси умдае вуҷуд надорад, битезонем.»
Тоқон Мамитов
Тоқон Мамитов
Абдураҳмон Маматалиев ба намояндагӣ аз ҳизби Ор-Номус дар ҳукумати нави Қирғизистон ҷойгузини ҳамҳизбаш Тоқон Мамитов шуд. Мамитов бо мавқеи нисбатан тундтараш дар баҳсҳои марзӣ фарқ мекард. Ҳоло дар Бишкек ва ҳам дар Душанбе умедворанд, ки Маматалиеви нисбатан нармтар бо шинохте, ки ҳамчун зодаи вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Бодканд аз вазъи воқеъӣ дар ин марз дорад, шояд битавонад аробаи чанд сол боз беҳаракати музокироти марзии Тоҷикистону Қирғизистонро аз ҷояш биҷунбонад. Маматалиеви 57-сола ба фарқ аз генерал Мамитов як мансабдори мулкист ва дар оғози солҳои 2000-ум як муддат раиси ноҳияи бо Исфара ҳаммарзи Бодканд ҳам будааст.

Дар ҳоли ҳозир марзи Исфараву Бодканд, бахусус дар байни рустоҳои Хоҷаи Аълову Оқсой ва дар атрофи ҷамоати Ворух, ки аз 4 тараф дар дохили Қирғизистон мондааст, доғтарин нуқтаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба шумор меравад. Таниши ахир, ки ҷиддитарин таниш байни Тоҷикистону Қирғизистон аз замони фурӯпошии СССР шумурда мешавад, низ рӯзи 11 январ дар пайи як тирпаронӣ дар байни рустоҳои Хоҷаи Аълои Исфара ва Оқосойи Бодканд рух дод. Баъди он муноқиша Бишкек марзҳояш бо Тоҷикистонро баст ва сафирашро ҳам аз Душанбе фаро хонд. Урмат Саралиев танҳо дар моҳи март ба Душанбе баргашт ва марзҳои Тоҷикистону Қирғизистон ҳам дар аввали моҳи апрел, яъне қариб 3 моҳ баъд, дигарбора боз шуданд.

Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки то имрӯз танҳо 504 километраш пурра таъин ва аломатгузорӣ шудааст. Аз соли 2006 ба ин сӯ ин раванд ба далели такяи ин ду кишвар ба харитаҳои мухталифи замони Шӯравӣ дигар ягон километр пеш нарафтааст.
XS
SM
MD
LG