Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

13 саройи чӯпонҳои қирғизро кӣ оташ зад?


Оташ задани чанд саройи марбут ба чӯпонҳои қирғиз дар марзи Воруху Оқсой ин минтақаи бе он ҳам ҳассоси марзи Тоҷикистону Қирғизистонро дубора дар рӯбарӯи таниши наве қарор медиҳад.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ҳарчанд дар оташ задани чанд саройи чӯпонҳои қирғиз дар минтақаи баҳсии канори Ворухи Тоҷикистон ва Оқсойи Қирғизистон шаҳрвандони тоҷик даст надоранд, омодаанд дар муайян кардани омилони ин амали муноқишаангез бо қирғизҳо ҳамкорӣ кунанд.

Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд рӯзи 17-уми апрел дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ дар ин бора гуфт, ки ҳарчанд то кунун ҷониби Қирғизистон ба онҳо расма муроҷиат накарда бошад, аммо омодаанд барои мушаххас кардани шахсони гунаҳгор дар оташ задани чарогоҳҳои кишвари ҳамсоя кумак кунанд: “Тафтиши ин ҳодиса ва ёфтани гунаҳкор кори дохилии худи мақомоти Қирғизистон аст, чунки ин ҳодиса дар минтақаи ҳанӯз муайн ва аломатгузоринашуда, вале дар чарогоҳҳои мавриди истифодаи қирғизҳо рух додааст. Вале агар ба мо муроҷиат кунанд, албатта, барои муайян кардани касе, ки даст ба ин амал задааст, мусоидат хоҳем кард. Вале мо итминон дорем, ки ҷониби Қирғизистон то анҷоми тафтиши мақомоти марбута ва муайян кардани шахсияти каси сарой ё “кашар”–ҳои чӯпонҳои қирғизро оташзада аз гунаҳкор намудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин амал худдорӣ меварзанд.”

Ин хабар рӯзи 17-уми апрел дар ҷаласаи парлумони Қирғизистон эълон шуд. Ба навиштаи расонаҳо, Улуғбек Қӯчқоров, вакили Жогорку Кенеш – парлумони қирғиз гуфтааст, дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон ахиран 11 чарогоҳу 13 саройи чӯпонҳои қирғиз ба коми оташ рафтааст. Ҷаноби Қучқоров таъкид кардааст, агар давлаташ дар канори Ворухи Тоҷикистон дидбонгоҳҳои марзӣ нагузорад ва аз чунин амалҳо ҷилавгирӣ накунад, “мумкин аст ҳодисаҳои ҷиддие рух бидиҳад.” Ҳарчанд ҷаноби Қӯчқоров дар оташзании саройҳо мустақиман шаҳрвандони тоҷикро гунаҳкор эълон накардааст, вале аз ангушти ишораи ӯ ба суи Ворух маълум мешавад, аз онҳо гумонбар аст.
Ҳамин тавр, моҳи равон барои бори дуюм гурӯҳе аз вакилони парлумони қирғиз аз давлати худ гузоштани посгоҳҳои нав дар марз бо Тоҷикистонро дар миён мегузоранд. Ҳафтае пеш Раҳимберди Дуйшенбиев, раиси Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон дар ҳузури вакилони парлумон гуфт, кишвараш соли равон дар марзҳои худ 12 посгоҳи нав, аз ҷумла 4 посгоҳ бо Тоҷикистон хоҳад сохт. Дуи онҳо дар минтақаи марзии байни ноҳияҳои Бодканду Исфара ва дуи дигар миёни Лайлак – Ғафуров ҷойгир ва дар онҳо гурӯҳи афсарону сарбозон мустақар хоҳанд буд.

Ин тасмим сокинони марзии Суғдро нигарон кардааст. Онҳо умедворанд дидбонгоҳҳои қирғиз дар минтақаҳои баҳсноки марзӣ гузошта нахоҳад шуд. Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд мегӯяд:

“Ман дар бораи ҷойи ин постгоҳҳои нав иттилоъи дақиқ надорам. Вале гумон намекунам бародарони ҳамсояи қирғиз ин дидбонгоҳҳои навро дар ҳудуди минтақаҳои мувофиқанашуда ё баҳснок бунёд кунанд. Ҳоло ҳар ду ҷониб ҳам аз истифодаи чунин ҳудудҳо худдорӣ мекунанд, аз ин рӯ, мумкин дар заминҳои қонунан азони худашон бисозанд, ки ин ҳаққи онҳост.”

Тасмими Қирғизистон дар бораи бунёди дидбонҳои нави марзӣ дар ҳолест, ки хати марзи байни Суғду Бодканд ҳанӯз таъин ва нишонгузорӣ нашудааат ва ин номуайянӣ солҳои охир борҳо ба муноқишаву талошҳо байни сокинони марзӣ сари тақсими замину обу чарогоҳ мекашонад. Баҳсҳои марзӣ умдатан дар фасли баҳор авҷ мегирад. Ба гуфтаи сокинони марзӣ, дар бархе мавридҳо монеагузориҳои сарҳадбонҳо дар мавзеъҳои баҳснок ба сар задани муноқишаҳои марзӣ байни сокинон боис мегардад.

Сокинони ҷамоати Ворух мегӯянд, дар ҳоли ҳозир низ сарҳадбонҳои қирғиз Ворухро таҳти назорат гирифтаву намегузоранд сокинон аз канори маҳали зисти худ фаротар қадам гузоранд. Лоиқ Маҳкамов, раиси ҷамоати Ворух дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, хабари сӯхтори чанд бошишгоҳи саҳроиро шунидаанд, вале имкони ба он ҷо рафтан ва таҳқиқ кардан надоранд:

“Ҳар рӯз сарҳадбонҳои қирғиз барои мардуми мо як мушкил месозанд. Мо ҳам шунидем, гӯё чанд саройи сангини чӯпонҳои қирғизро дар мавзеъи баҳноки 15 – 20 километр дуртар аз Ворух оташ задаанд. Аммо сарҳадбонҳои қирғиз моро аз маҳали зистамон 500 метр фаротар, ба заминҳои худамон ободкарда рафтан намемонанд. Дар ин ҳолат чӣ хел мешудааст, ки сокинони мо 15 километр рафта, саройи чӯпонҳои онҳоро оташ зананд? Ин даъво асос надорад.”


Бо вуҷуди он ки ҳайатҳои ҳукуматии музокиракунандаи Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаҳои марзӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис додаву ин гурӯҳҳо мунтазам бо ҳам мулоқот ва гуфтушунид мекунанд, вале ба гуфтаи сокинони марзӣ, то кунун ҷонибҳои музокиракунанда дар муайян ва аломатгузории хати марзи байни Суғду Бодканд ба натиҷаи мушаххасе даст наёфтаанд. Он ҳам дар ҳоле ки равобити Душанбеву Бишкек баъди се моҳи танишҳои бесобиқа танҳо дар ин авохир як каме оддӣ шудааст.

Рӯзи 11 январ дар натиҷаи тирпарронӣ дар марзи байни рустоҳои Оқсой ва Хоҷаи Аъло 2 марзбони тоҷик ва 5 марзбону як милисаи қирғиз захмӣ шуданд. Ин қазия ба таниш байни ду кишвар оғоз гузошт. Қирғизистон баъди ин муноқиша сафирашро аз Тоҷикистон фаро хонда, марзҳояш бо ин кишварро баст. Сафири Қирғизистон Урмат Саралаев танҳо дар авоили моҳи март ба Душанбе баргашт ва марзи Қирғизистону Тоҷикистон низ танҳо дар оғози моҳи апрел, амалан баъди қариб се моҳ дубора боз шуд.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG