Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расиши кӯтоҳ манзилеро дар марз бо Қирғизистон ба коми оташ бурд


Акси манзиле дар Чоркӯҳ аз бойгонӣ гирифта шудааст
Акси манзиле дар Чоркӯҳ аз бойгонӣ гирифта шудааст

Мақомоти тоҷику қирғиз мегӯянд, ҳодисаи сӯхтори як манзили шаҳрванди Тоҷикистон дар қитъаи баҳсии марз бо Қирғизистонро таҳқиқ мекунанд. Феълан ҳарду ҷониб – ҳам мақомоти ноҳияи Ботканди Қирғизистон ва ҳам Исфараи Тоҷикистон мегӯянд, арзёбиҳои пешакӣ ба мушкили фаннӣ ё бархӯрди ноқилҳо ва сар задани оташ дар манзили Зайниддин Раҳмонов, як сокини деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ ишора мекунад.

Ҳодисаи сӯхтори манзиле дар нуқтаи баҳсии марзи Тоҷикистону Қирғизистон чор рӯз баъди як моҷаро дар ҳамин маҳаллаи сарҳадӣ рух дод. Дар паи ҳодисаи шоми 22 январ ҷониби Тоҷикистон дар бораи се нафари маҷрӯҳ хабар дода масъулияти ин муноқишаро ба дӯши

Агар ҳоло мо гӯем, ки касе омада махсус ин хонаро алов зад, нодуруст мешавад. Дилшод Расулзода

сокинони Қирғизистон вогузор кард.

Рӯзи 26 январ дар шарҳи сӯхтори манзиле дар деҳаи Сомониён мақомоти шаҳри Исфара гуфтанд, ки воқеан ҳам як хонаи шаҳрванди Тоҷикистон ба коми оташ рафт. Ҳеҷ нафаре дар ин ҳодиса осеб надид, чун тахмин меравад, ки соҳибони манзил дар вақти ҳодиса дар хона набуданд. Аз рӯи арзёбиҳои шоҳидон, сӯхтор соати 1 шаби 26 январ рух додааст ва бо сабаби дар бемористон будани соҳибони хона, ҳеҷ нафаре осеб надид.

Дилшод Расулзода, раиси шаҳри Исфара дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, аз рӯи арзёбиҳои пешакӣ сӯхтор метавонист дар натиҷаи бархӯрди ноқилҳо рух диҳад ва як мушкили фаннӣ будааст, аз ин рӯ, эҳтимоли оташ задани ин манзил аз ҷониби шахс ё афроде тасдиқ намешавад. Вай гуфт:

“Агар ҳоло мо гӯем, ки касе омада махсус ин хонаро алов зад, нодуруст мешавад. Тафтишот ҷараён дорад. Додситону сардорони шӯъбаҳои умури дохилаи маҳаллӣ аз ҷониби Исфара ва Ботканд ҳамкорӣ мекунанд”. Расулзода таъкид кард, ки манзили сӯхта дар марз воқеъ аст ва дар хомӯш кардани оташ сокинони деҳаи Тоҷикистон саҳмгузор ҳастанд.

Акси Дилшод Расулзода аз сайти "Насими Исфара" аст
Акси Дилшод Расулзода аз сайти "Насими Исфара" аст

Сӯхтори манзиле дар марзи ду кишвар дар ҳоле рух медиҳад, ки баъди як муноқиша дар миёни сокинони рустоҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 22 январ вазъро дар деҳоти марзӣ сарҳадбонон ва ҳам ходимони полиси ҳарду кишвар назорат мекунанд.

Дар ин бора аз ҷумла муовини раиси ҳукумати ноҳияи Ботканди Қирғизистон Талайбек Иброҳимов ҳам ба бахши Қирғизии радиои Озодӣ хабар дод ва гуфт, сӯхтор шаби 25 ба 26 январ рух додааст. Ба гуфтаи ӯ, ин манзил марбут ба сокини рустои марзии ҷамоати Чоркӯҳи Тоҷикистон аст. Вай гуфт, ки “дар ин ҳодиса ҷониби Қирғизистон даст надорад”. Ба таъкиди ӯ, барои расидан ба ин қитъа аз марз гузаштан лозим аст, вале баъди ҳодисаи 22 январ дар хати марз полис ва марзбонҳо қарор доранд ва ба эътимоди ӯ, ҳеҷ кас имкон надошт, ки марзро убур карда хонаро оташ занад.

Овозаҳо дар мавриди кӯшиши оташ задани мактаби маҳаллии 64-и деҳаи Сомониён, ки дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгир аст, тасдиқ намешаванд. Қаблан бархе сокинони Сомониён гуфтанд, ки “гӯё гурӯҳи афроде аз Қирғизистон мехостанд амбори мактаби маҳаллиро бо канистри бензин оташ зананд”, вале посбони мактаб гӯё саривақт аз ин ҳодиса огоҳ шуда нагузоштааст фоҷеа рух диҳад. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ин овоза ҳам таҳқиқ мешавад, вале дурустии онро ҳоло тасдиқ намекунанд. Дилшод Расулзода гуфт, ки мактаб, ки дар марзи ду кишвар ҷойгир аст, ҳамингуна зери назорати ходимони ҳифзи ҳуқуқи ҳарду кишвар аст.

Ҳамсӯҳбатони радиои Озодӣ аз деҳаи марзӣ мегӯянд, ки бо вуҷуди зери назорати сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мақомот қарор доштани вазъ, рӯҳияи мардум дар ҳарду тарафи марз нороҳаткунанда аст. Осори моҷарои ахир ҳанӯз аз зеҳнҳо зудуда нашудааст.

Нахустин моҷарои марзӣ дар соли 2017

Тоҷикистон масъулияти муноқишаи марзӣ дар сарҳад бо Қирғизистонро рӯзи 22 январ ба дӯши сокинони кишвари ҳамсоя вогузор карда, вакили маҳаллаи деҳаи Кӯктоши Қирғизистонро "як иғвогар" номидааст. Нахустин муноқишаи марзӣ дар соли 2017 дубора доғ будани масъалаи адами аломатгузории марз дар манотиқи баҳсии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистонро аланӣ кард. Мақомоти тоҷик гуфтанд, ки баъди ҳамлаи гурӯҳи сокинони Қирғизистон ба се шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз бозии футбол бармегаштанд, сокинони ҳарду тарафи марз ба сӯи ҳамдигар сангандозӣ карда, аз ҷумла ходимони полису марз ҳам аз ҷониби Тоҷикистон осеб дидаанд.

Саитҷон Эратов
Саитҷон Эратов

Муовини аввали раиси хадамоти марзбонии Қирғизистон Саитҷон Эратов дар шарҳи ин қазия эътироф кард, ки ҳодисаи сангандозӣ дар миёни “тахминан 10-30 шаҳрванди Тоҷикистон” ва “50-60 шаҳрванди Қирғизистон” рух дод ва дар натиҷа, чор манзил ва чор мошин дар ҳудуди Тоҷикистон осеб дидааст. Ба гуфтаи ӯ, Розия Усарова, вакили маҳаллаи Кӯктош баъди осеб дидан дар ин ҳодиса ҳоло дар бемористон ба сар мебарад ва ӯ яке аз осебдидаҳо мебошад. Ба қавли мақомоти Ботканд, Усарова ҳанӯз ҳам дар бемористон ба сар мебарад.

Ҳарду кишвар ҳам гуфтанд, ки мардумро ба оромӣ даъват карда аз паи таҳқиқи ҳодиса шуданд.

504 километри баҳсӣ

Тоҷикистону Қирғизистон аз 976 километр марзи муштараки байни ду кишвар то имрӯз ҳамагӣ 504 километрро пурра таъин ва аломатгузорӣ кардаанд. Мушкили аслӣ дар мушаххас кардани хатти марз такяи ду кишвар ба харитаҳои мухталифи марзбандӣ дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ҳисоб меёбад. Ҷониби Тоҷикистон исрор мекунад, ки таъини хатти марз бо Қирғизистон бояд аз рӯйи харитаи соли 1924 сурат гирад. Дар ҳоле ки пойфишории ҷониби Қирғизистон ба харитаи соли 1989 аст.

Ин ихтилофи назарҳо боис гардид, ки ду кишвар аз соли 2006 ба ин тараф дар раванди аломатгузории марз дигар ягон километр пеш нарафтаанд. Мушаххас набудани хатти марз ва аломатгузорӣ нашудани он борҳо боис ба моҷароҳои сокинони манотиқи марзии Тоҷикистону Қирғизистон шудааст. Аз ҷумла, дар як даргирии моҳи январи соли 2014 дар марзи Исфараву Бодканд ду марзбони тоҷик ва 5 марзбону 1 милисаи қирғиз кушта шуданд. Ин моҷаро боиси сахттарин таниш дар равобити Душанбеву Бишкек шуд ва ҷониби Қирғизистон сафирашро аз Тоҷикистон фаро хонда, марзҳояш бо ин ҳамсояи худро барои 3 моҳ баст.

XS
SM
MD
LG