Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақсимот дар марз. Об – аз тоҷикҳо, мироб – аз қирғизҳо


Мақомоти Исфара ва Бодканд танзими истифодаи оби канали сарҳадии "Чилгазӣ"-ро ба дасти миробе додаанд, ки барои ин кор барояш маош пардохта мешавад.

Идораҳои оби Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон дар бораи тақсими оби канали "Чилгазӣ" миёни ин ду ноҳияи наздимарзӣ созишнома имзо кардаанд. Бар асоси ин созишнома, 80 дарсади оби ин каналро Тоҷикистон ва 20 дарсадашро Қирғизистон истифода хоҳад кард.

Ҳоло масъулияти обронӣ ва тақсими оби ин канал ба дӯши яке аз сокинони деҳаи Қаробоғи Қирғизистон гузошта шудааст.

Рустам Шомирсаидов, сардори идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии Исфара, рӯзи 12 апрел ба Озодӣ гуфт, дуним километр канали "Чилгазӣ" аз ҳудуди Қарабоғи Қирғизистон мегузарад ва солҳои қабл сокинони ин минтақа пеши роҳи ин обро мегирифтанд. Ба қавли ӯ, "дар музокира бо ҳузури намояндагони ҳукумати ҳар ду ҷониб як сокини деҳаи қирғизҳоро мироб таъин кардем. Вай гузаштани об ба ҳудуди ҷамоати Лаққони моро назорат ва таъмин мекунад."

Ӯ афзуд, ҳоло мироб ба кор шурӯъ карда, як шабонарӯз барои ҷамоати Лаққони Исфара обронӣ кардааст. Ба гуфтаи вай, барои мироб маоше ҳам таъин шудааст, ки онро идораҳои оби Исфараву Бодканд ним ба ним пардохт мекунанд.

Канали “Чилгазӣ” бо тӯли 22 километр аз рӯди Исфара ибтидо мегирад ва ҳудуди 400 гектар замини қирғизҳо ва беш аз 1000 гектар заминҳои Лаққон ва чор ҷамоати дигари Исфараро шодоб мекунад. Ин канал дар солҳои 50-уми асри гузашта бунёд гардида, солҳои охир ба азнавсозӣ ниёз дошт. Ин кор дар давоми як соли охир бо ҳимояти молии Бунёди Оғохон ва ҳашарҳои сокинон иҷро гардид. Ҳамакнун, ба гуфтаи сокинони Исфара, таъминоти наздики 80 ҳазор сокини Исфара ва 7 ҳазор сокини ноҳияи Бодканд бо об беҳтар шудааст.

Идораи ҷамоати Чоркӯҳ
Идораи ҷамоати Чоркӯҳ

Дар ноҳияҳои ҳамсояи Исфараву Бодканд, ки бархе деҳоти сарҳадии ин минтақаҳо канори ҳам, дар як мавзеъ зиндагӣ ва аз як манобеи обӣ баҳрабардорӣ мекунанд, масъалаи истифодаи якҷояи об солҳои охир дар фасли киштукору ва боғдорӣ борҳо талошу муноқишаҳо байни сокинонро ба ҳамроҳ дошт. Ҳоло мақомот бо машварати сокинони ин маҳалҳои марзӣ бо роҳи бастани созишҳову таъини миробҳо барои аз байни бурдани заминаҳои муноқиашаангез талош доранд. Таҷрибаи имзои санад барои истифодаи якҷояи об бори аввал моҳи августи соли гузашта байни масъулони ҷамоатҳои Чоркӯҳи Исфара ва Оқсойи Бодканд сурат гирифт. Ин ҷамоатҳо аз канали “Дӯстӣ”, ки аз обанбори Торткӯли Бодканд сарчашма мегирад, обёрӣ мешаванд.

Оғози кори мироб байни деҳаҳои марзии Қарабоғу Лаққон бозгӯи он аст, ки созиш сари тақсиму истифодаи якҷояи манобеи обии ин минтақаи марзӣ натиҷаҳои матлуб медиҳад.

Бо ин вуҷуд, дар айни ҳол умдатан сокинони деҳаҳои марзии Сомониёни Исфара ва Коктоши Бодканд, боз ҳам аз оби ошомиданву зироатӣ танқисӣ мекашанд. Сокинони ин маҳал мегӯянд, сарҳадбонҳои қирғиз назди канали “Дӯстӣ” посгоҳ гузошта, сокинони тоҷикро намегузоранд ба замини худ об банданд. Як сокини ин маҳал рӯзи 12 апрле дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ҳоло ки айни мавсими обёрии боғу зироат аст, боз ҳам ба танқисии шадиди об мувоҷеҳанд ва аз камобӣ ҳосили ояндаи дарахтони онҳо талаф меёбад.

Вале Рустам Шомирсаидов, сардори идораи беҳдошти замин ва обёрии Исфара мегӯяд, сари ҳалли ин мушкил низ байни раисони ноҳияҳои Исфараву Бодканд гуфтугӯ сурат гирифта, масъулони ҷамоатҳои ҳамсояи ин минтақаи марзӣ ба ҳалли зуди ин мушкил бо роҳи созиш уҳдадор шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон соли равон ба ҷараёни муайянсозии хатти марзи байни ду кишвар суръат бахшида, гурӯҳҳои кории ду ҷониб қитъаҳои баҳсноки марзиро мушаххас мекунанд. Дар ҳоли ҳозир аз 970 километр тӯли умумии хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 519 километраш муайян ва аломатгузорӣ шуда, ҳудуди 450 километри он, аз ҷумла байни вилоятҳои Суғду Бодканд ҳанӯз таъиннашуда боқӣ мондааст.

XS
SM
MD
LG