Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ва Қирғизистон сарчашмаи муноқишаи марзиро ҷустҷӯ карданд. ВИДЕО, САДО


Рустои Кӯктоши вилояти Ботканди Қирғизистон
Рустои Кӯктоши вилояти Ботканди Қирғизистон

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон ду рӯз баъди муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон масъулияти ин ҳодисаро ба дӯши ҷониби сокинони кишвари ҳамсоя вогузор карда, вакили маҳаллаи деҳаи Кӯктоши Қирғизистон Розия Усароваро “иғвогари асосии деҳа” номидааст.

Мақомоти Тоҷикистон масъулияти муноқишаи марзӣ дар сарҳад бо Қирғизистонро ба дӯши сокинони кишвари ҳамсоя вогузор карда, вакили маҳаллаи деҳаи Кӯктоши Қирғизистонро "як иғвогар" номидааст. Нахустин муноқишаи марзӣ дар соли 2017 дубора доғ будани масъалаи адами аломатгузории марз дар манотиқи баҳсии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистонро аланӣ кард.

Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон чӣ гузашт?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:35 0:00
Линки мустақим

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон ду рӯз баъди муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон масъулияти ин ҳодисаро ба дӯши ҷониби сокинони кишвари ҳамсоя вогузор карда, вакили маҳаллаи деҳаи Кӯктоши Қирғизистон Розия Усароваро “иғвогари асосии деҳа” номидааст.

Тоҷикистон масъулияти муноқишаи марзиро бар дӯши Қирғизистон гузошт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:10 0:00

Қирғизистон: Марз таҳти назорат аст

Рӯзе аз ин пеш мақомоти марзбонии Қирғизистон вуҷуди муноқиша дар марз бо Тоҷикистонро шоми 22 январ тасдиқ карда, вале тафсилоти онро каме дигаргуна шарҳ додааст. Аз ҷумла, Саитҷон Эратов, муовини аввалини раиси Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон

Розия Усарова бо истифода аз мавқеи дар ҷомеа ишғол намудааш пайваста дар минтақаҳои наздисарҳадии миёни шаҳрвандони ҳарду ҷониб муноқишаҳо ташкил мекунад

дар сӯҳбат бо бахши қирғизии радиои Озодӣ гуфтааст, ки моҷаро баъди “латукӯб шудани як шаҳрванди Тоҷикистон” рух дод. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳодисаи сангандозии “тахминан 10-30 шаҳрванди Тоҷикистон” дар муқобили “50-60 шаҳрванди Қирғизистон” чанд нафар маҷрӯҳ шуданд.

Эратов гуфтааст, ки баъди ба ҷои ҳодиса омадани ришсафедону мақомоти маҳаллӣ, вазъ зери назорат даромад ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинон идома дорад. Аз рӯи иттилои Эратов, аз ҷониби Тоҷикистон, чор манзил ва чор мошин дар ҳудуди Тоҷикистон осеб дидааст. Ба гуфтаи ӯ, Розия Усарова баъди осеб дидан дар ин ҳодиса ҳоло дар бемористон ба сар мебарад ва ӯ яке аз осебдидаҳо мебошад.

Саитҷон Эратов
Саитҷон Эратов

Мақомоти тоҷик: Ҳамлаи аввал ба бозигарони футбол буд

Матни изҳороти нирӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки субҳи 24 январ ба дасти радиои Озодӣ расид, дар тафсилоти ҳодиса мегӯяд, ки се шаҳрванди ҷавони Тоҷикистон шоми 22 январ дар минтақаи наздисарҳадии маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чорқӯҳи шаҳри Исфара аз ҷониби 15 сокини деҳаи қирғизӣ мавриди латукӯб қарор гирифтаанд. Инҳо – Ёсинҷон Амаков, соли таваллудаш 1985, Хайруллохони Ализода, соли таваллудаш 2000 ва Муслиҳиддин Шарипов, соли таваллудаш 2001 - сокинони маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара мебошанд.

Розия Усарова
Розия Усарова

Марзбонони тоҷик мегӯянд, ки ин се нафар баъди ширкат дар як бозии футбол ва дар роҳ ба манзилҳои худ аз деҳаи Кӯктоши Қирғизистон убур мекарданд, вале аз тарафи як гурӯҳи 15-нафараи шаҳрвандони Қирғизистон бидуни асос лату шуданд. Барои ворид шудан ба маҳаллаи Сомониён шаҳрвандони Тоҷикистон бояд аз тариқи деҳаи Кӯктоши ҷамоати деҳоти Оқсойи ноҳияи Ботканди Қирғизистон убур кунанд.

Полис ва сарҳадбони тоҷик осеб дид

Дар паи ин латукӯб, ба қавли марзбонони тоҷик, шаҳрвандони Қирғизистон инчунин ходимони полиси Шӯъбаи ВКД-2 дар шаҳри Исфараро, ки сари вақт ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд, низ сангсор намуда шишаҳои 3 мошини полиси тоҷикро шикастанд. Дар идомаи изҳорот гуфта мешавад, ки талоши масъулини дидбонгоҳи сарҳадии Тоҷикистон (ДС “Душанбе”) барои ба ҷои ҳодиса даъват шудани ҳамтои қирғизаш аз дидбонгоҳи сарҳадии “Кӯктоши” Қирғизистон ҳам вазъро осон накард ва сардори сардори дидбонгоҳи сарҳдии Тоҷикистон низ аз зарби санг ба дасти росташ ҷароҳати сабук бардошт.

Як мошини сабукрави тамғаи “Матиз”-и марбут ба шаҳрванди Тоҷикистон ҳам дар вақти ҳаракат аз тарафи Чоркӯҳ ба самти деҳаи Кӯктош зери сангбор қарор гирифта шуд ва дар натиҷа ҳамаи шишаҳои автомашина шикаст. Дар сангсори шоми 22 январ ҳамчунин бому тирезаҳои манзили истиқоматкунандаи сокини маҳаллӣ Нозим Холиқбердиев хароб шудааст.

Марзбонони тоҷик: Усарова иғвогар аст

Дар изҳороти нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон таъкид шудааст, ки дар ин ҳодиса вакили деҳаи Кӯктоши Қирғизистон Розия Усарова ва сокини ҳамин деҳа Зайниддин Хуррамов – ташаббускори ин муноқиша буданд. Ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, ки Хуррамову ду фарзандаш “дар ҳолати мастӣ” ба се шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз футбол бармегаштанд, ҳамла карданд.

Тоҷикистону Қирғизистон аз 976 километр марзи муштараки байни ду кишвар то имрӯз ҳамагӣ 504 километрро пурра таъин ва аломатгузорӣ кардаанд

Дар бораи Усарова ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, ки бо даъвати ин вакили маҳалла иловатан ба ҷойи ҳодиса ҷавонони деҳаи Ақ-Татири ҷамоати деҳоти Равоти Қирғизистон даъват шудаанд. Вазъ танҳо баъди ба ҷои ҳодиса расидани раиси ноҳияи Ботканд Кениш Салихов, сардори отряди сарҳадии “Ботканд” подполковник Эргеш Ниязбеков ва сардори ШВКД ноҳияи Боткон таҳти назорат даромад.

Мақомоти марзбонӣ мегӯянд, ки “Розия Усарова бо истифода аз мавқеи дар ҷомеъа ишғол намудааш пайваста дар минтақаҳои наздисарҳадии миёни шаҳрвандони ҳарду ҷониб муноқишаҳо ташкил мекунад” ва ҳадафи ин “иғвои ӯ”, ба таъкиди ҷониби Тоҷикистон, “куч бастани сокинони маҳаллаи Сомониёни Тоҷикистон аз ин маҳал ва ё аз ҷониби онҳо қабул намудани шаҳрвандии Қирғизистон мебошад”.

Мавзеи баҳсии миёни ду сарҳад

Муовини аввали сардори Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон гуфтааст, ки маҳалли муноқишаи охир як қитъаи баҳсбарангези марзӣ аст ва манзили сокинони Тоҷикистон ва Қирғизистон "мисли чорхонаи шоҳмот" ҷойгир буда, боиси сар задани ихтилофҳо мешавад.

Солҳои охир мақомоти тоҷику қирғиз талош доранд, ки сокинони минтақаҳои наздимарзиро ба якдигар наздик намоянд
Солҳои охир мақомоти тоҷику қирғиз талош доранд, ки сокинони минтақаҳои наздимарзиро ба якдигар наздик намоянд

Тоҷикистону Қирғизистон аз 976 километр марзи муштараки байни ду кишвар то имрӯз ҳамагӣ 504 километрро пурра таъин ва аломатгузорӣ кардаанд. Мушкили аслӣ дар мушаххас кардани хатти марз такяи ду кишвар ба харитаҳои мухталифи марзбандӣ дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ҳисоб меёбад. Ҷониби Тоҷикистон исрор мекунад, ки таъини хатти марз бо Қирғизистон бояд аз рӯйи харитаи соли 1924 сурат гирад. Дар ҳоле ки пойфишории ҷониби Қирғизистон ба харитаи соли 1989 аст.

Ин ихтилофи назарҳо боис гардид, ки ду кишвар аз соли 2006 ба ин тараф дар раванди аломатгузории марз дигар ягон километр пеш нарафтаанд. Мушаххас набудани хатти марз ва аломатгузорӣ нашудани он борҳо боис ба моҷароҳои сокинони манотиқи марзии Тоҷикистону Қирғизистон шудааст. Аз ҷумла, дар як даргирии моҳи январи соли 2014 дар марзи Исфараву Бодканд ду марзбони тоҷик ва 5 марзбону 1 милисаи қирғиз кушта шуданд. Ин моҷаро боиси сахттарин таниш дар равобити Душанбеву Бишкек шуд ва ҷониби Қирғизистон сафирашро аз Тоҷикистон фаро хонда, марзҳояш бо ин ҳамсояи худро барои 3 моҳ баст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG