Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду миллиард сомонии Тоҷикистон барои сохтмони Роғун. ВИДЕО


Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири нави молияи Тоҷикистон

Вазорати молияи Тоҷикистон барои идомаи сохтмони нирӯгоҳи барқи обии Роғун дар соли 2018 аз ҳисоби буҷети кишвар ду миллиард сомонӣ ҷудо кардааст.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири нави молияи Тоҷикистон, рӯзи 16-уми феврал дар як нишасти хабарӣ гуфт, ҳамзамон бо ин, бахше аз маблағи вомбаргҳо дар бунёди нирӯгоҳи Роғун харҷ шудааст. «Пули вомбаргҳо, дар маҷмуъ, 500 миллион доллар буд. Аз ин ҳисоб тақрибан 65 миллион доллараш истифода шудааст. Айни ҳол дар маблағгузорӣ ягон мушкилот нест», - шарҳ дод ӯ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

2 миллиард сомонии Тоҷикистон ба сохтмони Роғун
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:46 0:00

Вазири молияи Тоҷикистон дар мавриди азхудкунӣ ё истифодаи сармояҳои ихтисосшуда дар бунёди нирӯгоҳи барқи обии Роғун посуи дақиқ надод. Дар ҳоле ки қазияи боздошти раҳбарони ширкати “Умед-88” ба пули нирӯгоҳи барқи обии Роғун ва Вазорати молия рабт мегирад. Мақомоти Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод низ гуфтанд, дар ин қазия кормандони Вазорати молия бозпурсӣ хоҳанд шуд.

Маҳалли сохтмони нирӯгоҳи Роғун
Маҳалли сохтмони нирӯгоҳи Роғун

Аммо вазири нави молия аз тавзеҳи ин мавзуъ ва барканории теъдоде аз кормандон дар пайи қазияи қарздории “Умед-88” худдорӣ кард. Файзиддин Қаҳҳорзода гуфт, «дар мавриди ширкати “Умед-88”, фикр мекунам, Шумо ҳам бояд бо мо мувофиқ бошед. Айни замон аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ корҳои тафтишотӣ ҷараён дорад ва ман аз шарҳи ин масъала худдорӣ мекунам.»

Сохтмони дубораи ниругоҳи барқи обии Роғун баъди ба фурӯш гузоштани саҳмияҳои он дар соли 2009 аз сар гирифта шуд. Дар маъракаи пурсарусадои саҳмияфурӯшӣ беш аз 900 миллион сомонӣ саҳмияҳои нирӯгоҳи Роғун фурӯхта шуд.

Яке аз маъракаҳои “роуд-шоу” ё муаррифии вомбаргҳои Тоҷикистон барои сохтмони Роғун
Яке аз маъракаҳои “роуд-шоу” ё муаррифии вомбаргҳои Тоҷикистон барои сохтмони Роғун

Аз он замон то кунун ҷиҳати сохтмони нирӯгоҳи Роғун аз буҷети Тоҷикистон беш аз 12,5 миллиард сомонӣ ҷудо шудааст. Ҳукумати Тоҷикистон барои сармоягузории ин тарҳи муҳим соли гузашта тасмим гирифт, ки 1 миллиард доллар коғазҳои қиматнок ё вомбаргҳои давлатӣ низ нашр кунад. Дар даври нахустин 500 миллион доллари ин вомбаргҳо ба фурӯш гузошта шуд.

Мақомоти Бонки Миллӣ моҳи сентябри соли гузашта эълон карданд, ки 38 дарсади ин вомбаргҳоро сармоягузорони Амрико, 24 дарсад сармоядорони Бритониё ва 35 дарсади дигарро аз давлатҳои Иттиҳоди Аврупо харидаанд. Танҳо қисмати ками он – 3 дарсадро сармоягузорони кишварҳои Осиё гирифтаанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Пиетро Салини, раҳбари ширкати "Салини Импреҷило" (Salini Impregilo). Моҳи январи 2018. Акс аз вебсайти президенти Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Пиетро Салини, раҳбари ширкати "Салини Импреҷило" (Salini Impregilo). Моҳи январи 2018. Акс аз вебсайти президенти Тоҷикистон

Ширкати итолиёвии «Салини Импреҷило», масъули сохтмони сарбанди нирӯгоҳи Роғун ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон ваъда додааст, ки чарха ё агретагти аввали нирӯгоҳи "Роғун"-ро рӯзи 16-уми ноябри соли ҷорӣ, яъне дар рӯзи президент ба кор медароранд. Ин ширкат аз соли 2016 боз масъули сохтмони нирӯгоҳи “Роғун" аст.

Садди нирӯгоҳи Роғун бо баландии 335 метр баландтарин дар ҷаҳон мешавад. Нерӯгоҳи Роғун шаш турбинаи 600 мегаватӣ хоҳад дошт ва бо тавоноии 3600 мегават қудратмандтарин нерӯгоҳ дар Осиёи Марказӣ хоҳад шуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG