Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Атфоли бозгашта аз Ироқро ба хешовандон медиҳанд. ВИДЕО


Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ба Тоҷикистон тавсия додааст, барои ҳарчи зудтар мутобиқ шудани кӯдакон ба муҳити осоишта, бояд онҳо ба наздиконашон баргардонида шаванд. Ҷудо кардани кӯдакони бозгардонишудаи як оиларо аз ҳамдигар онҳо тавсия намедиҳад.

Мақомоти тоҷик тасмим доранд аз ҳафтаи ҷорӣ интиқоли кӯдакони аз Ироқ овардашударо ба муассисаҳои дигар ва хонаводаҳо шурӯъ кунад. Аммо феълан танҳо кӯдакони хурдсол ба наздиконашон дода мешаванд. Атфоли синну соли мактабӣ ба муассисаҳои дигари таълимӣ интиқол мешаванд.

Бо гузашти қариб ду моҳ аз баргардонида шудани 84 кӯдаки тоҷик аз зиндонҳои Ироқ, хешу наздикони ин атфол ҳанӯз имкони дидору мулоқот бо онҳоро пайдо накардаанд. Мақомот бибиву бобоҳои чашминтизорро бо шароити нигоҳубини кӯдакон дар Харангон ошно кардаанд, аммо ба онҳо фаҳмондаанд, ки бояд барои дидори онҳо каме сабр кунанд.

Сабзагул Камолова.
Сабзагул Камолова.

Мақомоти тоҷик шаби 30-юми апрели соли ҷорӣ 84 фарзанди ҷангиёни узви гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ"-ро, аз Бағдод ба Душанбе овард. Модарони бисёре аз онҳо барои ҳамзистӣ бо аъзои гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" зиндонӣ гардидаанд.

Панҷ набераи Сабзагул Камолова ҳам ҳоло дар "Осоишгоҳи собиқадорони ҷангу меҳнати “Харангон” таҳти назари табибону мутахассисон ва мақомот нигоҳубин мешаванд. Набераи бузурги ӯ 10 ва хурдӣ яксолаву семоҳа аст. Зуҳро Хоҷаева, духтари Сабзагул дар яке аз зиндонии Бағдод қарор дорад.

Сабзагул мегӯяд, тамоми омодагиҳоро барои қабули фарзандони духтараш дидааст ва ба мақомот ҳам гуфтааст, шароити нигоҳубини кӯдаконро дорад. Набераҳояшро ӯ ҳанӯз аз наздик надидааст ва мегӯяд, ҳар лаҳза гуш ба хабари хуше аз мақомот аст. Ҳоло ӯ ягон лаҳза телефони мобилашро хомӯш ё аз худ дур намекунад ва пайваста интизори занги мақомот аст, ки барояш бигӯянд, кӯдаконро бо худ барад.

Кӯдакони бозгашта аз Ироқ ҳанӯз ҳам бо оилаҳояшон напайвастаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:29 0:00

Ин модар, ки хеле вақт дар орзуи аз ваҳшати ҷанг халос шудани духтару набераҳояш буд, ҳоло шукр мекунад, ки онҳо дар муҳити ором ҳастанд ва ба ӯ наздиканд, аммо хеле мехоҳад зудтар ба дидорашон бирасад ва онҳоро ба оғӯш бигирад. Аз ҳоло барои аз нигоҳи равонӣ мутобиқ кардани кӯдакон ба шароити хонаи худ омодагӣ мегирад. Ӯ дар маҳалли наздик ба фурудгоҳ зиндагӣ дорад ва орзу дорад, ки кӯдакони аз ҷанг баргашта аз садои ҳавопаймо натарсанд.

"Он ҷо маълум, ки тайёраҳо буданд, ҷангу ҷанҷол буд. Аз тиру ҳавопаймо метарсиданд. Ман аз ҳоло худро омода дорам, то ба онҳо хуб фаҳмонам, ки мо дар назди фурудгоҳ зиндагӣ мекунем ва инҷо шабу рӯз ин тайёраҳо парвоз мекунанд. Онҳоро бурда тайёраҳоро барояшон нишон медиҳам ва мегӯям, ки ин ҷо оромӣ аст, бояд кӯшиш кунам, дили онҳоро ёбаму фаҳмонам то натарсанд".

Ҳоло наздикони даҳҳо кӯдаки аз Ироқ овардашуда дар Тоҷикистон ҳолати Сабзагулро доранд, дар ҳаяҷонанд ва омодагӣ мегиранд.

Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон.
Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, марҳилаи аввали ташхису табобат ва барқароршавии кӯдакони аз минтақаҳои ҷанг овардашудаи тоҷик ба анҷом расидааст ва қарор аст рӯзҳои наздик интиқоли ин кӯдакон ба муассисаҳои дигар ва хонаҳои хешу табор шурӯъ шавад. Аммо мақомот ба он таъкид мекунанд, ки ин наврасон ба ҳар ҳол дар муҳити пур аз даҳшати ҷанг зиндагӣ кардаанд ва барои пок кардани ин хотираҳо аз зеҳнашон мӯҳлати бештар лозим аст.

Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, рӯзҳои наздик бояд кӯдакон мавзеи Харангонро тарк кунанд, вале феълан танҳо атфоли хурдсол, ба эҳтимоли зиёд то 3-солаҳо бо санадҳои зарурӣ ба хешовандони наздик дода мешаванд. Кӯдакони синни мактабӣ барои як муддат дар муассисаҳои таълимӣ ва ятимхонаҳо ба тарбия фаро гирифта мешаванд. Ин гурӯҳи кӯдакон, ки зарбаи равонӣ дидаанд, ба гуфтаи мақомот, бояд барои барқарор шудан ба барномаҳои махсус фаро гирифта шаванд.

Аммо Бунёди атфоли СММ ё UNICEF ва Кумитаи байналмилалии Салиби сурх дар Тоҷикистон мегӯянд, беш аз шаст дар сади кӯдакони аз Бағдод овардашуда аз 5-сола поин ҳастанд ва ба осонӣ ба муҳит мутобиқ мешаванд.

Равоншиносони Кумитаи Салиби Сурх машварат медиҳад, ки барои ҳарчи зудтар мутобиқ шудани кӯдакон ба муҳити ором бояд онҳо ба наздиконашон баргардонида шаванд. Аз ҷомеа ва ҳамин тавр аз якдигар дур нигоҳ доштани атфол ба тавсияи равоншиносон ҷараёни мутобиқ шудани кӯдаконро ба муҳити нав мушкил мекунад.

Шерзод Мусрифшоев, равоншиноси Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх.
Шерзод Мусрифшоев, равоншиноси Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх.

Шерзод Мусрифшоев, равоншинос дар Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, бо такя ба илми равоншиносӣ мегӯяд, "ин кӯдакон дар навбати аввал аз назди модарони худ ба як кишваре мераванд, ки барои бархе он як кишвари нав аст. Муҳимтар аз ҳама, барои ин кӯдакон ин аст, ки онҳо бояд бо хешу табор ва бародару хоҳарони худ якҷо бошанд. Як равоншиноси маъруф мегӯяд, кӯдак вақте бо модар аст, ӯ эҳсос мекунад, ки пуштибон дорад ва амн аст, вақте модар нест, ӯ дар чеҳраи бародараш ҳомиро мебинад ва бо ин эҳсос барқароршавии ӯ ва рушди зеҳнии кӯдак дар як ҷамъияти дигар ба осонӣ даст медиҳад".

Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар ин маврид ба мақомоти Тоҷикистон тавсияҳои худро аллакай ироа кардааст. Шерзод Мусрифшоев меафзояд "мо аллакай ба мақомоти ҳукумат тавсияҳо дар мавриди вазъияти кӯдакон, махсусан дар бораи он, ки кӯдакон бояд аз ҳам ҷудо карда нашаванд ва дар оилаҳои наздикон парасторӣ шаванд, пешниҳод кардаем. Ҳамчунин барои кӯдакон муҳим будани дастгирӣ аз сӯи наздиконашон ва дар идома бо онҳо кор карданро таъкид кардем".

Кумитаи Салиби Сурх қабл аз овардани кӯдакон бо хонаводаҳои онҳо сӯҳбату омӯзишҳо гузаронида, дар бораи қабули кӯдакон ва ҳолати рӯҳии онҳо машваратҳо додаанд. Масъулини ин созмон мегӯянд, дар оянда ҳам баъди супурда шудани кӯдакон ба хонаводаҳо онҳо бо парасторони ин атфол кӯмак хоҳанд кард.

Тибқи иттилои як манбаи Радиои Озодӣ, қаблан қарор буд, кӯдакони ба Тоҷикистон овардашуда 20 рӯз дар истироҳатгоҳи Харангон нигаҳдорӣ ва табобат шаванд. Аммо ин марҳила қариб 2 моҳ тӯл кашид.

Дар зимн Департаменти давлатии ИМА ҳам дар гузриши нави худ, ки рӯзи 20-уми июн нашр шуд, бозгардони атфоли тоҷик аз Ироқу Сурияро ба Тоҷикистон ситоиш карда гуфтааст, ки агар онҳо ба ватан баргардонида намешуданд, дар зери назари ҷангиёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" ба "сарбози ҷанг" табдил мешуданд. Ҳоло ба таъкиди ин ниҳод, кӯдакони баргашта аз Ироқу Сурия бояд аз нишонаҳои "сарбози ҷанг" пок карда шуда, аз ҷараёни барқарорсозиву ҳамоишёбӣ бо ҷомеа гузаранд.

Таҷрибаи кор бо кӯдакони аз минтақаҳои ҷанг баргардонидашуда дар ҳар кишвар мухталиф будааст. Дар Фаронса барои мисол, ин гурӯҳи кӯдаконро баъди баргардонидан ба ватан ба оилаҳо ба фарзандхонӣ додаанд. Таҷрибаи нахустини Тоҷикистон ҳам дар баргардонидани кӯдакон дигар буд. Чор кӯдаке, ки аз сӯйи мақомоти Тоҷикистон аз Ироқ ба ватан оварда шуданд, якбора ба оилаҳо супурда шуданд ва ҳоло бархе дар мактабҳои миёна таҳсили илм доранд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аз соли 2014 тақрибан 1900 шаҳрванди кишвар, аз ҷумла занону кӯдакон ба қаламравҳои Сурияву Ироқ рафтаанд. То ҳол хабари марги беш аз 300 нафари онҳо расидааст. Баъди кушта шудани аксар ҷанҷгӯён, оилаҳои онҳо бесарпаноҳ монда, бо тасмими мақомоти Сурияву Ироқ дар урдугоҳҳои махсус ҷой дода шуданд.

Додгоҳи вижаи Бағдод ҳамсарону наздикони ҷангиёни узви ДИИШ-ро ба хотири "убури ғайриқонунии марз" ва "ҳамзистӣ ва кӯмак ба террорист" ба ҳукмҳои сангин маҳкум кардаанд. Аз ҷумла, 43 зани тоҷик, ки дар зиндонҳои Ироқ мебошанд, ба мӯҳлатҳои аз 15 соли зиндон то ҳабси абад маҳкум шудаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG