Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бо модар дар кунҷи зиндони Норак. Сарнавишти 9 кӯдаки тоҷик.


Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода ҳангоми ошноӣ бо вазъи кӯдакони зиндонӣ
Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода ҳангоми ошноӣ бо вазъи кӯдакони зиндонӣ

Дар маҳбаси Норак, ки асосан дар он занон адои ҷазо мекунанд, 9 кӯдаки то 4-сола сола ҳамроҳи модарони худ нигаҳдорӣ мешаванд. Мақомот мегӯянд, онҳо дар озодӣ таваллуд шудаанд ва баъди ҷиноят кардани модаронашон ба зиндон афтодаанд.

Аз вазъи занону кӯдакон ин зиндон, бузургтарини маҳбаси занона ваколатдори ҳуқуқи кудак дидан кардааст. Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода, ки бо ҳадафи ошноӣ бо шароит ва вазъи кӯдакон ду ҳафта пеш ба Норак рафтааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, аз байни ин кӯдакон 5 нафарашон писар ва 4 нафарашон духтар ҳастанд.

Ба гуфтаи ӯ: “Барои кӯдакон дар ин муассиса шароити зарурии моддиву маишӣ муҳайё аст ва онҳо бо табиб ва равоншинос таъмин ҳастанд”.

Омбудсмени кӯдак мегӯяд, азбаски кӯдакон хурд ҳастанд ва ба ғамхории модар эҳтиёҷ доранд, онҳоро дар бинои алоҳида ҳамроҳ бо модаронашон нигаҳ медоранд.

Дар зиндони Норак тақрибан 300 зан нигаҳдорӣ мешаванд ва бо ҷурмҳои гуногун пушти панҷара рафтанд. Занони маҳбус дар сӯҳбат бо ваколатдори ҳуқуқи кӯдак гуфтаанд, ки мехоҳанд, кӯдаконашон дар озодӣ бузург шаванд.

Бар асоси банди аввали моддаи 78-уми Кодекси ҷиноӣ, додрасҳо дар Тоҷикистон ҳақ доранд, ба занони бордору модарони қонуншикан “раҳм” карда ва барои тарбияи дуруст гирифтани фарзанд, мӯҳлати адои ҷазои онҳоро 8 сол ба таъхир андозанд. Ин банди қонун ба заноне, ки одам куштаанд ва ё ҷинояти сангин содир кардаанд, раво дида намешавад. Аммо зоҳиран ҷурми модарони 9 тифле, ки дар зиндон ба воя мерасанд сангинтар аст ва онҳо бо атфоли хурдсол зиндонӣ шудаанд.

Ситораи 31-сола бар тибқи Қонуни афв се сол қабл аз маҳбас озод шуд. Ӯ бо ҷурми дуздӣ барои ду сол равонаи зиндон шуд, аммо баъди 8 моҳи адои ҷазо, берун омад.

Мисли даҳҳо зани дигари маҳкумшуда, Ситора дар маҳбаси занонаи шаҳри Норак нигаҳдорӣ мешуд. Ӯ мегуяд дар яке ошхонаҳои шаҳри Душанбе, ҳамчун ёрдамчии ошпаз фаъолият мекард, маоши зиёд ҳам надошт, вале ба қавли худаш, зиндагиашро пеш мебурд.

Ҳаваси зиндагии хуб ва маблағи калон, ӯро оқибат ба маҳбас бурд. Аммо бо ин ҳама ӯ нахост, писари 9-моҳа ҳамроҳаш дар зиндон бошад. Қабл аз эълони ҳукми додгоҳ, ӯ ягона писарашро ба интернат супорид, то дар муҳити озод бузург шавад.

Ситора гуфт, ҳарчанд барояш ҷудоӣ аз тифл осон набуд, аммо маҷбур шуд, ӯро аз худ ҷудо кунад. Вай афзуд: “Дар шабу рӯзе, ки мушкили ман сар шуд, шавҳарам маро талоқ дод, писарам 9-моҳа буд. Дигар нахостам, ки кӯдаки бегуноҳ бо айби ман дар зиндон бошад. Ба касе ҳам надодам ва бурда ба ятимхона супоридам.»

Ин зан мегӯяд, онҷо бо занону духтароне ошноӣ пайдо кард, ки ҳатто барои як телефон ба муддати 9 сол паси панҷара рафтанд. Занҳоеро дидааст, ки ба гуфтаи вай бо тӯҳмат маҳкум шудаанд ва баъзеи дигар барои куштор ба маҳбас афтодаанд.

Ситора афзуд: “Бархе ҳомиладор ва нафарони дигаре ҳам онҷо таваллуд карда буданд. Кӯдакон онҷо калон мешуданд. Заноне, ки кӯдакони хурдсол доштанд, бархе имтиёзҳо аз ҷумла имкони авф шудани онҳо бештар буд. Вале боз ҳам мушкил дар он аст, ки кӯдак дар муҳити зиндон ба воя мерасад”.

Омбудсмени кӯдак мегӯяд, барои дар ҳузури модарони худ тарбия ёфтани 9 кӯдак дар маҳбас шароити зарурӣ фароҳам аст. Аммо таҳлилгарон бовар доранд, солҳо дар пушти миллаҳои зиндон зиндагӣ кардани кӯдакон ба тарбия, рӯҳия ва ояндаи онҳо бетаъсир намемонад.

Ҳуқуқшиносон бештар аз эҳтимоли оянда дар ҷомеа ангуштнамо шудани кӯдакони бегуноҳ изҳори нигаронӣ мекунанд. Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони шинохта, ки борҳо бо вазъи занони зиндонӣ ошно шудааст, мегӯяд: “Шояд аз як тараф хуб аст, ки кӯдак ҳарруз модарашро мебинад, шири модар мехӯрад, чун вай дар хурдсолӣ чизеро эҳсос намекунад ки дар куҷо зиндагӣ дорад. Шароити нигаҳдории кӯдакон сар аз либос ва хӯрокаву бозичаҳо чандон бад нест, чун созмонҳои хайрия ба онҳо кумак мекунанд. Аммо дар оянда вақте бузург мешаванду мефаҳманд, ки дар маҳбас нигаҳдорӣ шудаанд, барояш зарбаи сахти равонӣ мешавад”.

Ойниҳол Бобоназарова афзуд, беҳтар аст, агар ин тифлон дар ҳолати ба маҳбас афтодани модаронашон бо падар ва дар озодӣ бимонанд. Ҳарчанд ба гуфтаи ин ҳуқуқшинос, таҷриба нишон додааст, ки мардон баъди ба маҳбас афтодани ҳамсар аз ӯ ҷудо мешаванд.

Ӯ мегӯяд, ҳатто бештари вақт хешутабор ҳам аз гирифтани кӯдаконе, ки модарашон дар зиндон аст, парҳез мекунанд ва намехоҳанд, ба қавли худашон “дарди сар” бигиранд.

Ойниҳол Бобоназарова афзуд: “Ман вақте дар ҳамон маҳбас яке аз хешовандони як зани зиндониро гуфтам, ки намешавад, кӯдаки ҳамин занро бо худ баред, берун аз зиндон тарбия бигирад, гуфт, мабодо касал мешавад, ё чизе рух медиҳад, баъд аз мо мебинанд, чӣ даркор дарди сар ба мо.”

Ваколатдори ҳуқуқи кудак дар ҳоле аз зиндагии 9 кӯдаки хурдсол дар маҳбаси занонаи Норак хабар медиҳад, ки як моҳ пештар 84 кӯдаки дигари тоҷик, ки ҳамроҳ бо модаронашон дар зиндонҳои Ироқ нигоҳдорӣ мешуданд, ба Тоҷикистон оварда шуданд.

Ҳарчанд шоҳидон нақл мекунанд, ки ҷудо кардани кудакон аз модаронашон сахту сангин буд, аммо ба он таъкид мекунанд, ки тарбияи онҳо дар муҳити орому бидуни ҷангу хушунат муҳимтар аст.

XS
SM
MD
LG