Пайвандҳои дастрасӣ

"Бархе кӯдаконе, ки аз Ироқ оварда шуданд, тоҷикиро намедонанд"


Кӯдакони аз Ироқ ба Тоҷикистон овардашуда ба зиндагӣ дар муҳити бидуни тарсу таҳдид ва хушунату зуроварӣ одат мекунанд.

Равоншиносон баъд аз як ҳафтаи кор бо кӯдакони аз майдонҳои ҷанг ба ватан баргардонидашуда ба ин хулоса омадаанд. Ҳоло чаҳор равоншинос барои табобатии равони кӯдакон ва ба зиндагии солим баргардонидани онҳо, талош доранд.

84 кӯдаки тоҷик, ки ҳоло дар осоишгоҳи Харангон нигоҳубин мешаванд, шаби 30-юми апрел аз зиндонҳои Ироқ ба Тоҷикистон оварда шуданд. Модарони бисёре аз онҳо барои ҳамзистӣ бо аъзои гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ", зиндонӣ гардидаанд.

"Бархе даҳшатро ҳатто дар хоб ҳам мебинанд"

Маҳмадулло Давлатов, равоншиноси тоҷик, ки бо ин гуруҳи кӯдакон кор мекунад, рӯзи 8-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аксари ин кӯдакон, ки дар муҳити пур аз даҳшату ҷанг зиндагӣ кардаанд, зарбаи равонӣ дидаанд ва намешавад дар як муддати кутоҳ онро аз ин ҳолат берун овард.

Маҳмадулло Давлатов, равоншиноси тоҷик.
Маҳмадулло Давлатов, равоншиноси тоҷик.

Натиҷаи суҳбати ӯ бо ин гуруҳи кӯдакон нишон додааст, ки ҳар яки онҳо шоҳиди куштору бомбафканиҳо шуда ва ин ҳама то ҳануз дар хотираи онҳо боқӣ мондааст. Бархе ҳам ба гуфтаи ӯ, ин ҳама даҳшатро ҳатто дар хоб ҳам мебинанд.

"Мо бештар бо кӯдакони аз 6-сола боло кор кардем, ки ҳудудан 50 нафар буданд. Ҳамаи онҳо зарбаи равонӣ дидаанд. Сухан дар бораи ин меравад, ки ҳамаи онҳо дар маҳбасҳо нигоҳ дошта мешуданд ва онҷо шиканҷаи равониву ҷисмонӣ дидаанд. Ин гуруҳи кӯдакон воқеан дар муҳите тарбия ёфтаанд, ки хеле фишоровар буд, вале мешавад онҳоро ба муҳити созгор фаро гирифт. Шуури онҳоро тағийр дод, то онҳо нафари барои ҷомеа зурурӣ бошанд",-афзуд Маҳмадулло Давлатов.

Дар робита ба ҳолати кӯдакон баъди дур шудан аз назди модаронашон равоншиноси тоҷик мегуяд, дар шароити феълӣ ин барои тарбияи кудакон беҳтар аст. Вай гуфт, агар онҷо мемонданд, зери таъсири тарбияи манфӣ қарор доштанд ва беҳтар аст инҷо бошанд ва ба муҳити наву арзишҳо нав одат кунанд.

Ин равоншинос бовар дорад, ки бо кумаки мутахассисон дар дарозмуддат ин кӯдакон ҳатман метавонанд даҳшати ҷангро фаромуш кунанд. Ба нақли равоншинос, бархе аз ин кӯдакон забони тоҷикиро намедонанд ва барои кор бо ин кудакон, тарҷумонҳои забони арабӣ ва узбек ҷалб шудаанд.

"Кӯдакон бо бошандагони осоишгоҳ унс гирифтаанд"

Шодихони Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон.
Шодихони Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон.

Дар зимн, ҳоло мақомот дар Харангон бештар ба масъалаи сиҳатӣ ва санадсозии ин кӯдакон машғул аст. Дар масъалаи баргардонидани онҳо ба хонаводаҳо масъулин мегуянд, қаблан бояд вазъи зиндагии онҳоро омузанд ва муайян кунанд, ки то кадом андоза пайвандон шароити қабул ва тарбияи ин кӯдаконро доранд.

Шодихони Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, рӯзи 8-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳануз ташхису табобати кӯдакон идома дорад. Ӯ афзуд, ҳоло аввалин ҳадафи мақомот, сиҳатии кӯдакон аст ва баъдан дар бораи барномаи ба оилаҳо баргардонидани онҳо тасмим мегиранд.

Шодихони Ҷамшед мегӯяд, ҳоло кӯдакон бо тамоми бошандагони ин осоишгоҳ унс гирифтаанд ва мисли кӯдакони маълумӣ механданду бозӣ мекунанд. "Ба хотири ин, ки кӯдакон худро нороҳат ва дур аз модар эҳсос накунанд, якҷо бо хоҳару додарони худашон дар як ҳуҷра нигаҳдорӣ мешаванд. Ҳоло бархе аз ин кӯдакон зери синни 18 ҳастанд ва аллакай худ мисли модар ба хоҳару додаронашон нигоҳубин мекунанд".

Муовини вазири тандурустӣ мегуяд, ҳоло барои тасдиқи шахсияти бархе кӯдакон ва санадсозии онҳо вазорати адлия ҷалб шудааст.

84 кӯдаки тоҷикро аз Ироқ ба Душанбе оварданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:46 0:00

Зоҳиран тамоми ниҳодҳои кишвар барои нигоҳубин ва назорати тарбияи ин гуруҳи кӯдакон масъул шудаанд. Дар фурудгоҳ ҳам барои пешвози онҳо раҳбарони тамоми ниҳодҳо сафарбар шуда буданд. Яке аз онҳо ҳам Идигул Қосимзода, раиси Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон буд, ки як акси пуртаъсираш, ки дар он яке аз ин кудаконро ба оғуш кашидааст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ то ҳануз чарх мезанад.

"Вақте ду кӯдак ба сӯям "очаҷон" гуфта, давиданд..."

Идигул Қосимзода, раиси Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон
Идигул Қосимзода, раиси Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон

Худи Қосимзода дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ӯ ҳеҷ гоҳ лаҳзаеро, ки ду кӯдак ба суяш "очаҷон" гуён давиданд, фаромуш намекунад. "Вақте аз зинапояи ҳавопаймо кӯдакон поён мешуданд, ду кӯдаки хурдсол ба суям давиданд ва очаҷон гуфтанд. Ман дигар надонистам чӣ кор кунам, оби дидаам шашқатор шуд, онҳоро ба оғуш кашидам ва ба дасти ҳамшираи шафқат супоридам. Бубинед, бархе кишварҳо ҳатто ин гуруҳи кӯдаконро ба ватанашон роҳ надоданд, аммо онҳо гуноҳ надоранд ва дар Тоҷикистон ҳама онҳоро интизор буд".

Раиси кумитаи занон мегуяд, умедвор аст, рузе модарони ин кӯдакон ҳам ба ватан оварда мешаванд ва онҳо бо ҳам зиндагии беҳтаре хоҳанд дошт. Мегӯяд, пайваста талош мекунад аз ҳолу сарнавишти ин кӯдакон бо хабар бошад. Қосимзода кӯдаконро барои бархе хонаводаҳо нишоне аз фарзандони бенишоншудаашон медонад.

Идигул Қосимзода гуфт, "ман дар фурудгоҳ саҳнаеро медидам, ки бибиву бобои кудакон барои дидори онҳо омада буданд, ашк мерехтанд, шодӣ мекарданд. Ман борҳо дидаам, ки президенти кишвар бесаброна натиҷаи кори комиссияеро, ки ба овардани кӯдакон машғул буд, интизорӣ мекашиданд. Ҳатто ҳамон шабе, ки ҳавопаймо фуруд омад, шоҳид будам ки бевосита худи президент ба ёрдамчии худ Абдуҷаббор Раҳмонзода дар тамос шуда, аз вазъи кӯдакон пурсиданд, ки дар чӣ ҳол ҳастанд, рангу руяшон чигуна аст".

Муроҷиатҳо барои ба фарзандӣ гирифтани кӯдакон

Раиси кумитаи занон ва оила мегуяд, ҳодисаи ба ватан оварда шудани кӯдакон онҳоеро, ки орзуи модар шуданро доштанд, бетараф нагузошт. Ӯ мегӯяд, дар як ҳафтаи охир муроҷиати занони бефарзанд бо нияти ба тарбия ва фарзандхонӣ гирифтани яке аз ин ятимон зиёд шудааст.

Модарони аксари ин кӯдакон, ки 43 нафар мебошанд, дар зиндонҳои Бағдод ба ҳукмҳои тӯлонӣ ва ҳабси абад маҳкум шудаанд. Мақомоти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегуянд, дар пайи имзои созишнома оид ба истирдоди маҳбусон, имкони ба Тоҷикистон овардани модарон ҳам даст медиҳад.

Харангон ҷойи нигаҳдори кӯдакони бозгашта аз Ироқ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:46 0:00

Шарҳҳоро бинед (7)

Вобаста

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG