Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон мехоҳад, 34 зани тоҷикро аз Сурия баргардонад


Аз ду паноҳгоҳи Созмони Милал дар Сурия 34 зани тоҷик, ки аз як то панҷ фарзанд доранд, барои ба ватан баргаштан ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон муроҷиат кардаанд. Шаби 30 апрел Тоҷикистон 84 кӯдакро аз Ироқ баргардонд, вале то ҳанӯз ҳеҷ нафареро дар як соли ахир аз Сурия наовардаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, бо эҳтимоли зиёд шумораи занону кӯдакони тоҷик, ки ҳамроҳ бо шавҳаронашон ба созмони тундрави "Давлати исломӣ" пайваста буданд, дар вилояти Ал-Ҳасака, минтақаи таҳти назорати Нерӯҳои демократии Сурия, аз ин бештар бошад.

Якуним сол боз дар интизори бозгашт ба ватан

Занҳое, ки ҳоло ба воситаи пайвандон ва аз тариқи паёмрасонҳои интернетӣ ба мақомот муроҷиат кардаанд, давоми ду соли ахир, дар пайи озодсозии ҳудудҳои ишғолии ДИИШ ба дасти курдҳо асир афтодаанд. Шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки моҳи март ва апрели имсол аз минтақаи Бағузи Сурия, охирин пойгоҳи ДИИШ озод шуданд, ҳанӯз ҳисоб нашудааст.

Рӯзи 3 май дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, барои баргардонидани занону кӯдакони тоҷик аз Сурия низ супориш шудааст ва бо эҳтимоли зиёд то охири моҳи май дипломатҳои тоҷик ба ин кишвар сафар кунанд. Вале гуфта намешавад, барои ин мақомот оё бо ҳукумати Сурия музокира доранд ё ниҳодҳои курдӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ ё миёнаравон.

Шаҳодат, шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон дар паноҳгоҳи Ал-Ҳоли Сурия, ки зери назари Созмони Милали Муттаҳид қарор дорад, якуним сол боз ҳамроҳ бо ду кӯдаки хурдсол мунтазири бозгашт ба ватан аст.

Шаҳодат соле пеш ҳангоми озодсозии як деҳа аз ДИИШ ба дасти нерӯҳои курд асир афтод. Пас аз се моҳи зиндон ӯро ба паноҳгоҳи вижа барои занону кӯдакони ҷангҷӯёни ДИИШ интиқол доданд.

"Ваъда доданд"

Ӯ рӯзи 3 май ба Радиои Озодӣ гуфт, шавҳари тоҷикаш соли 2016 кушта шуд ва бо як тунисӣ дубора шавҳар кард. Шавҳари тунисиаш ҳоло дар боздошт қарор дорад.

“Наздиконамон ба мақомот муроҷиат карданд. Онҳо ба мо рақами Вотсапп доданд ва тамоми маълумотро ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон фиристодем. Ваъда доданд, ки мебарем, лекин аз муроҷиати охирини мо 6 моҳ гузашт, ҳеҷ хабар нест,” -- гуфт ӯ.

Мушкили Шаҳодат ин аст, ки ҳоло худаш ҳеҷ санади расмӣ надорад ва ҳар ду тифлаш ҳам дар қаламрави таҳти назорати ДИИШ таваллуд шудаанд. Аммо баръакси Ироқ, ӯ дар Сурия ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида нашудааст.

"Курдҳо он қадар моро нағз намебинанд"

Дар Ироқ 43 зани тоҷик дар зиндон қарор доранд ва барои убури ғайриқонунии марзу ҳамзистӣ бо ҷангҷӯёни ДИИШ аз 20 то 30 сол ҳукми зиндон гирифтаанд. Ҳукумат фарзандони онҳоро баргардонд ва истирдоди занҳо низ баррасӣ мешавад.

Салоҳ Кемин, як масъули Нерӯҳои демократии Сурия рӯзи 3 май дар сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, занҳое, ки дар паноҳгоҳҳо қарор доранд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида намешаванд.

Ӯ гуфт, ба ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Миёна нома навиштаанд, то ҳарчи зуд шаҳрвандонашонро баргардонанд.

Сурайё, зани дигари тоҷик, ки аз паноҳгоҳҳе дар Сурия ба Радиои Озодӣ тамос гирифт, гуфт, вазъашон дар паноҳгоҳ чандон хуб нест. "Курдҳо он қадар моро нағз намебинанд. Шавҳарони шумо хешу табори моро кушт гуфта, доим таҳқир мекунанд. Ҳаво гарм шудааст, кӯдаконамон беморанд, худамон беморем. Бисёр хоҳиш дорем, ки моро зудтар ба ватан баргардонанд," -- гуфт ӯ.

Мушкили баргардондани занони тоҷик аз Сурия

Дар минтақаи таҳти назорати курдҳо дар Сурия на танҳо занону кӯдакон, балки даҳҳо ҷангҷӯи тоҷики гурӯҳи тундрави ДИИШ дар зиндон қарор доранд.

Аз кишварҳои Осиёи Миёна танҳо Қазоқистон наздики 50 зану кӯдак ва чанд марди дигарро баргардонд.

Як мақоми дипломатӣ бидуни зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, мушкили баргардонидан аз Сурия дар он аст, ки Тоҷикистон бо нерӯҳои демократии Сурия ҳеҷ робитаи дипломатӣ надорад. Нерӯҳои демократии Сурия аз мухолифони ҳукумати Башор Асад ҳастанд.

“Ҳоло намояндаҳои мо ба Димишқ мераванд. Бояд аввал ба ҳукумати қонунӣ сӯҳбат кунем. Он гоҳ бо гурӯҳҳои курдҳо ва дигар гурӯҳҳо, ки дар сатҳи байналмилал эътироф шудаанд, музокирот мекунем. Ҳарчанд, занҳо ин ҷо дар зиндон нестанд, вале бинобар дар дасти неруҳои гуногун қарор доштани Сурия баргардонидани шаҳрвандон каме мушкил аст”, -- гуфт ин мақоми дипломатӣ.

Соли 2014 гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" пас аз ишғоли минтақаҳое дар ҳудуди Сурия ва Ироқ хилофати худхондаи худро эълон кард. Бар асоси омори расмӣ ба ҳудуди ин хилофати худхонда наздики 2 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон бо қасди пайвастан ба гурӯҳҳои тундрав сафар кардаанд.

XS
SM
MD
LG