Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаш писару чаҳор духтари навраси тоҷикро "фурӯхтаанд"


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ки танҳо дар соли 2017 даҳҳо нафар, аз ҷумла кӯдакон мавриди қочоқ ва ё истисмор қарор гирифтаанд. Бино ба омори такондиҳандае, ки як идораи мубориза бо ҷинояткории Созмони Миллали Муттаҳид нашр кард, дар он сол 86 шаҳрванди Тоҷикистон ба дасти қочоқбарон афтодаанд, ё дар кишваре мисли ғулом истифода шудаанд.

Дар миёни онҳое, ки дар соли 2017 қочоқ шудаанд, 64 зан, 12 мард ва 6 писару 4 духтари наврас будаанд.

Оморро намояндагони Идораи мубориза бо маводи мухаддир ва ҷиноят дар Созмони Миллали Муттаҳид рӯзи 6-уми феврал дар як нишаст дар шаҳри Душанбе эълон карданд. Дар ин нишаст гуфта шуд, 60 шаҳрванди Тоҷикистон соли 2017 аз ҳар роҳе ба кишварҳои арабӣ, Туркия ва Қазоқистону Русия рафта ва мавриди истисмори ҷинсӣ қарор гирифтаанд.

Кун Маркверинг, намояндаи созмон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, гуфт, "омори нафарони қочоқшударо мақомоти Тоҷикистон дар ихтиёри мо гузошт. Бар тибқи он, аз соли 2014 то соли 2016 коҳиши мавридҳои қочоқи инсон аз Тоҷикистон мушоҳида шудааст. Аммо дар соли 2017 ин рақам якбора боло рафт.“

Ӯ мисол овард, ки агар дар Тоҷикистон дар соли 2014 ҳамагӣ 18 нафар ба дасти қочоқбарони инсон, ё дигар ҷинояткорон афтода бошанд, пас, дар соли 2017 теъдоди онҳо аз 80 нафар ҳам гузаштааст. Ба қавли Кун Маркверинг, дар миёни қочоқшудагон 64 зан, 12 мард ва 6 писару 4 духтари наврас будаанд.

Қочоқи инсон баёнгари мушкилоти бузургтар

Анна Тсисина, намояндаи дигари Идораи мубориза бо маводи мухаддир ва ҷиноят дар Созмони Миллали Муттаҳид аз шаҳри Венаи Австрия гуфт, афзоиши теъдоди афроди қочоқшуда метавонад, баёнгари зиёд шудани мушкили иқтисодӣ дар Тоҷикистон бошад. "Зеро сокинон дар ҷустуҷӯи кор ва музди хуб фирефтаи ваъдаҳои афсонавӣ мешаванд", - шарҳ дод ӯ.

Айни замон, ба гуфтаи Тсисина, бисёре аз онҳое, ки фиреб хӯрда ва ҷабри истисмору сӯистифодаро кашидаанд, аз муроҷиат ба мақомоти интизомӣ худдорӣ мекунанд. Вай афзуд, "шумораи ҷабрдидаҳои қочоқи инсон, ки худашон ба пулис муроҷиат мекунанд, бисёр ночиз аст. Онҳо худ дар асорати шаҳвонӣ қарор доштанд ва алоқаманд нестанд, ки сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ дар бораи онҳо огаҳӣ дошта бошанд. Додгоҳҳо метавонанд танҳо бар асоси шаҳодати чунин афрод касеро ҷазо бидиҳанд."

Дар орзуи зиндагии афсонавӣ фиреб мехӯранд

Як духтари 24-солаи тоҷик соли 2016 бо кумаки хешовандон ва Cозмони Байналмилалии Муҳоҷират аз Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон оварда шуд. Ӯро як ширкат барои кор ба Саудӣ бурд, вале дар шаҳри Риёз ба ҷойи кор ӯро ба ғуломи ҷинсӣ табдил доданд.

Дилбар Бобокалонова, намояндаи созмони ғайриҳукуматии “Зан ва ҷомеа” дар шаҳри Хуҷанд, рӯзи 6-уми феврал ба Радиои Озодӣ, гуфт, дар чанд соли соли охир созмони онҳо бо мусоидати вазорати корҳои дохилӣ ва хориҷӣ чанд зани тоҷикро аз кишварҳои арабӣ баргардонданд. Ба қавли ӯ яке аз сабабҳои аслии дигари фиреб хӯрдани бонувони тоҷик камдонишӣ ва бехабарӣ будааст.

"Дар гузашта ду хоҳарро аз асорати шаҳвонӣ дар Дубай наҷот дода, ба Хуҷанд оварданд. Яке аз ин бонувон фақат то синфи се хондааст. Намоиши филмҳои зиндагии афсонавӣ сокинони кишварро ба доми қочоқчиён мебарад. Онҳо бо орзуи чунин зиндагии афсонавӣ фиреб мехӯранд”, – гуфт ӯ.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, мубориза бо қочоқи инсонро ҷиддӣ мегиранд ва барои ҳамин ба чандин санадҳои байналмилалӣ дар бораи пешгирӣ аз “ғуломии муосир” пайвастаанд. Соли 2016 Барномаи миллии мубориза бо фурӯши инсон барои солҳои 2016-2018 қабул шуд, ки иҷрояш соли гузашта ба поён расид.

Талош барои маҳви қочоқи инсон, вале талоши нокофӣ

Охири соли гузашта порлумони Тоҷикистон бо ислоҳи чанд санаду қонун ҷазо барои қочоқи инсонро сахттар кард. Дар кишвар барои ин ҷиноят то 15 соли зиндон ҷазо таъйин шудааст. Дар ҷаласаи порлумон Икром Умарзода, муовини вазири умури дохилӣ гуфт, саххтар кардани ҷазо барои пешгирӣ аз ин зуҳурот зарур аст.

Ӯ гуфт, дар тӯли 10 моҳи соли гузашта 49 нафар барои даст доштан дар қочоқи инсон дастгир шудаанд. Ва дар ин сол 46 нафар, аз ҷумла 36 зану 10 кӯдак ё истисмор ва қочоқ шудаанд.

Вазорати умури хориҷии Амрико дар гузашта гуфтааст, ки талошҳои Тоҷикистон барои аз байн бурдани қочоқи инсон кофӣ нест. Дар гузориши солонаи ин вазорат барои соли 2017 омадааст, “талошҳои Тоҷикистон барои маҳви қочоқи инсон ба меъёрҳои ҳадди аққали мубориза бо ин зуҳурот ҷавобгӯ нест”.

Дар ин гузориш омадааст, “фасоди густурда ба интиқоли қочоқшудагон аз марзҳо мусоидат кардааст ва ҳукумат ҳам дар бораи мақомоти расмие, ки қочоқи инсон даст доштаанд, ҳеҷ гузориш надодааст.”

Дар гузориш омадааст, ки Тоҷикистон ҳамчунон манбаи қочоқи инсон ба кишварҳои арабӣ ва хориҷи наздик боқӣ мемонад. Мардони тоҷик дар сохтмонҳои Русия истисмор мешаванд ва занону кӯдаконро низ дар кишварҳои арабӣ, Русия, Қазоқистон ва Афғонистон ва дар дохили худи кишвар ба танфурӯшӣ маҷбур мекунанд.

XS
SM
MD
LG