Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми Нафосат. Як зани қурбонии фаҳшо дугонаашро қурбон кард


Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Нафосат Носирова – як қочоқбари занон барои танфурӯшӣ дар Дубай ва Туркияро ба 5 соли зиндон маҳкум кард ва мурофиаи шарики ӯро оғоз намуд. Эраҷ Ализода – додраси Додгоҳи Хуҷанд ва масъули муҳокимаи ин парванда – рӯзи 22-юми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Носирова бо ҷурми “ҷалби одамон ба корҳои шаҳвонӣ” ҳабс шудааст ва ин муҳлатро дар зиндони низомаш умумӣ паси сар хоҳад кард.

Носирова дар хонаводаи модари танҳо, бе падар ва сахтӣ калон шудаааст. Модараш бемори барҷомонда аст.

Эраҷ Ализода гуфт, худи Нафосат Носирова соли 2014 ба доми як гурӯҳи қочоқбар афтода, барои танфурӯшӣ дар Дубай маҷбур шуда буд.

“Ӯ тавассути як гурӯҳ бо ваъдаи дарёфти кори пешхидматӣ ба Дубай меравад. Вале занони қочоқгари инсон аз Тоҷикистон шиносномаашро гирифта, Нафосатро ба танфурӯшӣ водор мекунанд. Онҳо шарт мегузоранд, ки Носирова бо роҳи танфурӯшӣ 4 ҳазор доллареро, ки барои гирифтани шиносномаи хориҷӣ ва то Дубай расондани ӯ масраф кардаанд, “кор” кунад. Сипас, Носироваро пулиси Дубай ба сабаби иқомати бе сабти ном депорт мекунад ва ӯ ба Туркия меравад”, - афзуд Ализода.

Бахтиёр Насруллоев
Бахтиёр Насруллоев

Додрас гуфт, баъдан Нафосат Носирова дар Туркия бо гурӯҳи қочоқбаре аз Тоҷикистон, ки занону духтаронро ба танфурӯшӣ ҷалб мекард, шинос шуда пас аз бозгашт ба ватан як дугонаашро барои 3 моҳ ба танфурӯшӣ ба Туркия фиристодааст. “Ӯро моҳи майи ҳамин сол кормандони пулис дар фурудгоҳи Душанбе зимни сафари навбатӣ ба Истанбул дастгир кардаанд”, - афзуд ӯ.

Бахтиёр Насруллоев, вакили дифои Нафосат Носирова мегӯяд, нафари таҳти ҳимояташ гуноҳро қисман бар дӯш гирифта, аз додгоҳ хостааст, ҷазои сабуктар таъин кунад. Ин вакили дифоъ афзуд, додгоҳ алайҳи чанд зани тоҷикистонӣ, ки зерҳимояашро се соли пеш бо роҳи фиреб барои танфурӯшӣ ба Дубай бурдаанд, ғоибона парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Ба гуфти ӯ, “Носирова дар хонаводаи модари танҳо, бе падар ва сахтӣ калон шудаааст. Модараш бемори барҷомонда аст. Маълумоти олӣ ё касбӣ надошта, қабл аз сафари Дубай дар шаҳри Истаравшан, сипас Бӯстон (Чкаловки собиқ) дар тарабхона ба ҳайси пешхидмат кор мекард.”

Аммо пули аз кор дар ватан ба дастовардааш ба пешбурди зиндагии худашу нигоҳубини модари бемораш намерасид ва ӯ ба нияти дарёфти ҷойи кори беҳтару пули калон дар хориҷ аз Тоҷикистон ба доми қочоқбарони инсон афтодааст.

Дар ҳоле ки ҳукми додгоҳ алайҳи Носирова нерӯи қонунӣ гирифт, додгоҳи Хуҷанд бозбинии парвандаи дигарро бо иттиҳоми ҷалби занон ба танфурӯшӣ дар хориҷ аз Тоҷикистон шурӯъ кард. Эраҷ Ализода, додраси додгоҳи Хуҷанд, ки бозбинии ин парвандаи навро низ бар дӯш дорад, гуфт, тафтишоти аввалия аз ҷониби пулис Г. У., зани 39-солаи сокини ноҳияи Истаравшанро барои хариду фурӯши одамон, бо мақсади водор кардани онҳо барои танфурӯшӣ дар хориҷ аз Тоҷикистон айбдор медонад.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, солҳои охир мавридҳои қочоқ шудани занони тоҷик афзоиш ёфтааст. Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, рӯзи 11-уми августи имсол дар як ҷаласаи Созмони Милали Муттаҳид гуфт, дар як соли ахир 191 парвандаи қочоқи инсонро таҳқиқ кардаанд, ки 133 ҳолати он дар хориҷи кишвар сурат гирифтааст.

Рӯзи 17-уми август як зани қурбонии фаҳшо баъди раҳо шудан аз як фоҳишахона аз Туркия ба Тоҷикистон истирдод шуд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG